Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон хабари фавти Акбар Аҳмадовро дар боздоштгоҳ рад кард

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 5-уми сентябр бо ирсоли як раддия ба Радиои «Озодӣ» хабари фавти Акбар Аҳмадов, яке аз гумонбарони рабудан ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк»-ро дар боздоштгоҳ рад кардааст.

Рӯзи 3-юми сентябр Радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои се манбаи худ хабар дод, ки Акбар Аҳмадов (Ахмедов) дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез фавтидааст.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, дар раддияаш ба Радиои «Озодӣ» навиштааст, ки Акбар Аҳмадов (Ахмедов) бар асоси парвандаи ҷиноятӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.

“Иттилои Радиои «Озодӣ» саҳеҳ ва бо далелҳои боэътимод асоснок нашуда, маълумоти нодуруст дар хусуси фавти ӯ… дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба табъ расидааст”,- омадааст дар матни раддия.

Ба гуфтаи ӯ, бо нашри ин хабар “манфиати давлат, ҳуқуқи озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандон вайрон гардид”.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои Радиои «Озодӣ» пойфишорӣ кардаанд, ки иттилои онҳо дар бораи марги Акбар Аҳмадов (Ахмедов) дуруст аст. Гузашта аз ин, Аҳмадов то ҳанӯз тавассути шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ баромад карда, ба гуноҳаш иқрор нашудааст, ки ин яке аз тасдиқҳои марги ӯ шуда метавонад, мегӯяд манбаъ.

Радиои «Озодӣ» мегӯяд, ин мавзӯъро пайгирӣ карда, далелҳои бештар меҷӯяд ва хабарро такмил медиҳад.

Акбар Аҳмадов узви гурӯҳе дониста мешавад, ки рӯзи 23-юми июни имсол Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб ба қатл расонидаанд. Ба иттилои мақомот, Исматуллоев дар натиҷаи шиканҷаи аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро баъдан ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки қариб баъди ду моҳи ҷустуҷӯҳо пайдо гардид.

Акбар Аҳмадов дар кофтуков қарор дошт ва ба иттилои Радиои «Озодӣ» аввали моҳи август, баъди боздошти модараш, маҷбур шуд “аз Москва ба Душанбе баргашта” ба мақомот дар Тоҷикистон таслим шавад.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар раддияаш ба Радиои «Озодӣ», инчунин, хабари боздошти модари Акбар Аҳмадовро низ рад кардааст.

Skip to toolbar