Ёдгор Файзор аз мардуми Бадахшон барои норасоии қувваи барқ узр пурсид

Қирғизистону Тоҷикистон табодули шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рӯзи 22-юми феврал вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ, додситонӣ, пулис ва марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон барои табодули шаҳрвандони боздоштшудаи ду кишварро баргузор шуд.

Феълан дар Қирғизистон 15 тоҷик ва дар Тоҷикистон 9 шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт қарор доранд.

“Гуфтугӯҳо баргузор шуданд. Мо натиҷаҳоро мунтазир ҳастем. Ин масъалае нест, ки зуд ҳал шавад. Барои ҳалли баъзе аз масоил дар марз бояд аз дипломатҳо низ истифода шавад”, – гуфтааст ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев.

Вохӯрӣ бо дархости ҷониби Қирғизистон баргузор шудааст.

Дар назди бинои ҳукумати Бодканд 22-юми феврал як гуруҳи сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуда, гуфтаанд, ки аз ҷониби марзбонони тоҷик беш аз 20 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 22-юми феврал иттилоъ дод, хабари гаравгонгирии як шаҳрванди он кишвар, гӯё аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, дурӯғ ё фейк аст.

Ба иттилои КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 16 феврал 5 шаҳрванди Қирғизистон барои вайрон кардани марзи давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шуданд. Ин шаҳрвандон ҳангоми интиқоли 900 кг металл, 2 сар гов ва 3 сар моли майда боздошт шуданд.

Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, зимни нишасти матбуотӣ аз сокинони вилоят барои норасоии барқ узр пурсид.

“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, – изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 – 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.

Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.

Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.

Ширкати суғуртаи Чин дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”-ро ба муҳлати 5 сол дароз кард.

ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз соли 2015 дар бозори суғуртаи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Муассиси он “Корпоратсияи Чин” мебошад, қайд мешавад дар сомонаи расмии ширкат, лекин маълум нест, ки маҳз дар бораи кадом корпоратсияи Чин сухан меравад.

Бонки миллӣ дар сомонаи худ ҶДММ “Чунзин Хайзин”-ро молиики бастаи пурраи саҳмияҳои ин ташкилот номбар мекунад. Ҳаҷми сармояи оинномавии “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар бозори суғуртаи Тоҷикистон феълан ҳамагӣ 18 ширкати суғурта фаъолият доранд, ки 2-тоаш давлатӣ  ва 16-тоаш ғайридавлатӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва вазири Эрон ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ кардаанд

Президенти Тоҷикистон бо вазири умури дохилаи Эрон ҳамкории амниятии ду кишварро баррасӣ карданд. Вебсайти президенти Тоҷикистон бо пахши ин хабар рӯзи 23-уми феврал гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши амниятро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор зарурати татбиқи санади амниятӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидааст аз ҷониби президенти кишвар таъкид шудааст. То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 160 санад аз ҷумла дар бахши амният ба имзо расидааст.

Вазири умури дохилии Эрон, рӯзи душанбеи 22- юми феврал бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода, ба Тоҷикистон омад. Тибқи иттилои расонаҳои расмии Эрон, сафари дурӯзаи ҷаноби Фазлӣ ба Тоҷикистон ба ҳадафи рушди муносибатҳои ду кишвар анҷом мешавад.

Дар зӯрозмоии Тошканд 13 паҳлавони тоҷик, аз ҷумла як зан ширкат мекунанд

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалии “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7 март дар шаҳри Тошканд дар назар аст, 13 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

Тибқи иттилои  Федератсияи ҷудо дар зӯрозмоии Тошканд аз Тоҷикистон 13 паҳлавони ҷудокор, аз ҷумла як зан намояндагӣ хоҳад кард.

Манбаъ афзуд, барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳол иштироки 547 варзишгар, аз ҷумла 317 мард ва 230 зан аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Ғолибони ин зӯрозмоӣ баробари холҳои олимпӣ инчунин 5 ҳазор доллар барои ҷои дуюм 3 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ хоҳанд гирифт.

Филми Дилшод Авазов ба ҷоизаи махсуси кинофестивали байналмилалӣ соҳиб шуд

Филми кӯтоҳи “Парвонаҳо” (Мотыльки) -и коргардони тоҷик Дилшод Авазов дар ҷамъбасти Ҷашнвораи байналмилалии «Зилант» соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид.

Кинофестивали байналмиллалии «Зилант» рӯзҳои 20-21 феврал дар шаҳри Қазони Федератция Русия баргузор гардид.

Дар филми Парвонаҳо актёрҳо аз ҳар давлати хориҷӣ ширкат карданд ва сабаби бо забони русӣ наворбардории филм ҳам дар ҳамин мебошад. Мазмуни ин филм дар бораи духтаре, ки дигарон барои ӯ чӣ тавр зиндагӣ карданро интихоб мекарданд, қисса мекунад. Онҳо фикр мекарданд ки ба ӯ хубӣ мекунанд, вале мутаассифона, ҳаёти духтарро барбод доданд.

Ба гуфтаи Дилшод, дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон “Зиланд” ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Skip to toolbar