Эмомалӣ Раҳмон ва Путин масъалаи зиёд кардани парвозҳоро баррасӣ карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз хадамоти матбуотии Кремл

Парванда алайҳи зане, ки дар қатли кӯдаки 7-сола гумонбар аст

Прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт нисбат ба зане, ки ба куштори кӯдаки 7-сола гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Зан ба ҳабс гирифта шудааст.

Чанде пеш дар шабакаи телевизиони “Сафина” гузориши видеоӣ дар бораи ин ҳодисаи фоҷеабор намоиш дода шуда, дар он зикр гардид, ки гумонбар Муборак Абдураҳмонова ба содир кардани ҷиноят иқрор шудааст. Дар навор зан нишон медиҳад, ки чӣ гуна занро лату кӯб ва куштааст. “Хунро дида, дасту поям ба ларза даромад ва шиносномаву борхалтаро гирифта, гурехтам”, – мегӯяд ин зан. Ӯ ҳамчунин изҳор мекунад, ки ба ин кор бо сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари бародараш даст задааст.

Ин ҳодисаи куштор рӯзи 5 март дар хонае воқеъ дар кӯчаи ба номи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Дар ин хона ҷасади писарчаи 7-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Путин масъалаи зиёд кардани парвозҳоро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин президентҳои Тоҷикистону Русия имрӯз, 23 апрел, дар суҳбати телефонӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Ҷонибҳо ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Россия ва масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон ва масъалаҳои дигарро баррасӣ намуданд.

Дар Душанбе маҳаллаи нави “Баҳор” сохта мешавад

Маҳаллаи нави “Баҳор” дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур бунёд гардида, аз мавзеи калисои православӣ то  корхонаои истеҳсоли оби ҷав (Пивзавод)-ро фаро мегирад.

Дар ҷойи мавзеи миёни мардум маъруф ба “Нагорная” коттеҷҳо ва дар шафати роҳ биноҳои баландошёна қомат меафрозанд. То соли 2025 дар ин ҷо ҳудуди 40 биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти соҳаи маориф, таъиноти иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ сохта мешаванд, хабар доданд аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт. Дар маҳаллаи нав ба ҷуз хонаҳои баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ, қариб ҳамаи иншооти кӯҳнаву дар ҳолати садамавӣ қарордошта тахриб (кӯчонида) шуда, ба ҷойи онҳо хонаҳои нави навъи коттеҷ сохта мешаванд.

20 дарсади муҳоҷирони сокини Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русияро ҳисоб кардааст. Бино ба маълумоти бахши кор бо муҳоҷирати раёсати умури дохилии Маскав, феълан дар ин шаҳр 800 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияташон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Баъди қирғизҳову узбекҳо, дар пойтахти Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебурдаанд, ки аз шумораи умумӣ 20 фоизро ташкил медиҳанд. Дар зимн, Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри як муроҷиатнома рӯзи 22-юми апрел бори дигар аз муҳоҷирони ғайрирасмӣ хост, ки ба зудтарин фурсат буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, то марзҳои ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ ба рӯяшон баста нашавад.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебаранд, тақозо шудааст, ки то поёни июни имсол мақоми худро қонунӣ кунанд.

Билетфурӯшиҳо: нархи билети парвозҳои чартерӣ арзон шудааст

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон нархи билетҳои парвози чартерии ширкати “Уралские авиалинии” поийн омадааст. Дар билефурӯшиҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, агар то ду рӯзи пеш парвоз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия тариқи ин ширакат аз 12 то 15 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло бар ивази 8 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дирӯз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз чаҳор ширкати русӣ, бо шумули “Уралские авиалинии” тақозо кард, ки нархи билетҳои парвозҳои чартериро арзон кунанд. Раиси оҷонсӣ Икром Субҳонзода гуфт, тибқи мушоҳидаҳо ширкатҳои ҳавоии русӣ дар пайи зиёд шудани талабгорони сафар ба Русия “нархи билетҳояшонро беҳад боло бурданд”.

Икромзода афзуд, “ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ба ҷойи баланд кардани нархи билет теъдоди парвози ҳавопаймоҳоро зиёд кунанд. Ин дар ҳолест, ки қимати аз ҳад зиёд баланди билетҳо на танҳо хоси ширкатҳои русӣ, балки ватанӣ ҳам ҳаст ва мардуми ташнаи парвоз ба Русия бо нархҳои ҳангуфти билет рӯбарӯ шуданд.

Тоҷикистон гуфт ба “ҷосуси рус” шиносномаи хориҷӣ надодааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як маълумотнома гуфт, ки Тоҷикистон ба Руслан Табаров, нафаре, ки таркиши анбори силоҳ дар ҷумҳурии Чех муттаҳам мешавад, шиносномаи хориҷӣ надодааст.

Вазорат гуфтааст, ки “аз рӯи ахбори расонаӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст”.

Ҳамчунин ВКД гуфтааст, ки аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус дархост ворид нагардидааст.