Эмомалӣ Раҳмон раисони 11 шаҳру навоҳии кишварро иваз кард

Як муҳоҷири дигари тоҷик бо талаби Қирғизистон боздошт шуд

Комилҷон Юлдошев, як сокини шаҳри Исфара бо дархости Қирғизистон дар шаҳри Маскав боздошт шудааст. Дар ин бора пайвандонаш ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Осимҷон Юлдошев, яке аз хешовандони Комилҷон гуфт, ин сокини 29-солаи шаҳри Исфара рӯзи 16-уми ноябр ба шаҳри Маскав парвоз кард, вале дар фурудгоҳи Домодедово ӯро дастгир карданд. “Ба Комилҷон гуфтаанд, ки бо дархости ҷумҳурии Қирғизистон дар кофтукоб аст ва бояд дастгир шавад. Ҳоло Комилҷонро дар фурудгоҳи Домодедово нигоҳ медоранд. Бояд имрӯз додситон биояд ва масъалаи чораи пешгирӣ нисбати ӯ муайян шавад,”–афзуд Осимҷон Юлдошев.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияро пайгирӣ доранд. Ба гуфтаи масъулини Сафорат, бегоҳи 16-уми ноябр баъди муроҷиати наздикони Комилҷон Юлдошев “фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Фурудгоҳи Домодедово ҷиҳати мушаххас кардани масъала дархост фиристоданд.”

Аз ин пеш, Русия бо талаби Қирғизистон Диловар Ҷӯраев ва Фурқат Абдуфаттоевро боздошт намуда, баъдан озод карда буданд.

Як додраси Додгоҳи олӣ бозхонд ва 11 раиси шаҳру ноҳия иваз шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 11 раиси шаҳру навоҳиро иваз кард ва ба бозхонди як додраси додгоҳи олии кишвар фармон дод.

Эмомалӣ Раҳмон фармони тағйиротҳои ахирро рӯзи 17-уми ноябр имзо кардааст.

Раисони пешини ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи ВМКБ, шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрави вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аз вазифаҳо барканор ва ба ҷойи онҳо раҳбарони нав таъин шудаанд.

Ҳамчунин президент, Ширинзода Эраҷ, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистонро бозхонд кардааст. Далели бозхонди ӯ маълум нест.

Дар радабандии донистани забони англисӣ Тоҷикистон зинаи 103-юмро касб кард

Дар радабандии ҷаҳонии донистани забони англисӣ Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти Индекси донистани забони англисӣ (EF English Proficiency Index) миёни 112 кишвари фарогир дар рейтинг Тоҷикистон мақоми 103-юмро ишғол намудааст. Қобили зикр аст, ки соли 2020 Тоҷикистон дар мақоми 100-ум ҷойгир буд.

Дар рейтинг ҷумҳурӣ ба сафи кишварҳое шомил аст, ки дар онҳо сатҳи донистани забони анлисӣ “хеле паст” арзёбӣ мешавад. Ба ин гурӯҳ Ӯзбекистон – зинаи 88-ум, Қазоқистон – 96-ум ва Қирғизистон – 101-ум низ шомиланд.

Шикояти вакилони тоҷик: вазирону мансабдорон ба мо беэҳтиромӣ мекунанд

Дар ҷаласаи охири палатаи поёнии парлумон, ки имрӯз, 17 ноябр баргузор гардид, ду вакили парлумон аз хунукназарии мансабдорони тоҷик ҳангоми муроҷиат ва дархости вакилӣ шикоят намуданд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки мақомодорони тоҷик онҳоро қабул намекунанд ва ё ба дархости вакилии онҳо дер посух медиҳанд.

Ду вакили тоҷик – Ғайрат Азиззода, раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон аз он шикоят карданд, ки якумӣ натавонист барои баррасии масъалае ба назди вазири саноат ва технолоияҳои нав Шералӣ Кабир дарояд.

Ба дархости вакилии  Усмонзода Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди 52 рӯз посух дода ва дар посух аз ӯ талаб карданд, ки ба ниҳоди поёнӣ муроиҷат кунад. Дар ҳоле ба гуфтаи Усмонзода агар роҳбарияти Додгоҳи олӣ аз масъулини зинаи поёнии додгоҳ дархост мекард масъала тезтар ҳал мешуд.

Ғайрат Азиззода дар ҳузури вазири саноат дар порлумон гуфт, ки мехост, ки масъалаи танҳо ба як соҳибкор додани 200 гектар замин барои истихроҷи ангишт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва далелҳои ба соҳибкорони дигар  надодани имкони истихроҷи ангиштро баррасӣ кунад, вале натавонистааст назди вазир дарояд.

Деҳқоне бар ҷои сафар ба ҳаҷ дармонгоҳ сохт

Зикриё Мадумаров, кишоварзи соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон” дар яке аз деҳаҳои дурдаст – деҳаи Адири ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода маркази саломатӣ сохтаааст, иттилоъ дод дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Турсунзода.

Тибқи иттилои манбаъ, Зикриё Мадумаров яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ният намуд, ки бар ивази сафар ба ҳаҷ барои мардум хидмат кунад.

“Бо ин нияти нек оғози соли равон дар яке аз деҳаҳои дурдаст ба бунёди маркази саломатии деҳот шуруъ намуд”, – таъкид кардааст манбаъ.

Зикр шудааст, ки маркази саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, барои беш аз 700 нафар сокини деҳа пешбинӣ шудааст.

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ефт

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба хадамоти гумруки кишвар.

Ҳамин тариқ аз 1 январи соли 2021 кишвар дар ҳаҷми 5,19 миллиард доллар додугирифт кардааст. Яъне гардиши мол дар даҳ моҳи соли равон беш аз 1,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 3,99 миллиард доллар буд.

Дар ҳамин ҳол содироти Тоҷикистон манфӣ боқӣ монда, хуруҷи бебозгашти асъори хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.

Содироти мол дар соли равон 1,67 миллиард долларро ташкил дод, аммо ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи 3,35 миллиард доллар мол ворид кардааст.

Skip to toolbar