fbpx

Қимати сӯзишворӣ дар Душанбе бори нахуст дар ним соли охир поён рафт

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Амрико аз нав ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии динӣ интиқод кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дигарбора ҳукумати Тоҷикистонро ба маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид кард.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, рӯзи 17-уми ноябр дар изҳороте гуфт, Тоҷикистон дар қатори Бирма, Чину Эрон, Покистон, Русия ва Саудӣ дар феҳрасти “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой дорад. Ин ҳукуматҳо, ба гуфтаи ӯ, дар “вайронкуниҳои давомдор ва дағалонаи озодиҳои динӣ” даст доранд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба изҳороти нави мансабдори баландпояи Амрико вокуниш накардаанд, вале дар гузашта арзёбиҳои ҳамсонро “ноодилона” хонда буданд

Сӯзишворӣ дар Душанбе бори нахуст дар ним соли охир арзон шуд

Қимати сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон бори нахуст пас аз мунтазам болоравӣ шурӯъ аз моҳи июни соли ҷорӣ, поин рафт.

Аз оғози ҳамин ҳафта нархи чаканаи бензин (АИ-92) дар Душанбе ба андозаи 2,7%, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 2,6% ва гази моеъ – 4% паст шуд.

Айни замон дар нуқтаҳои фурӯш бензин 11 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,20 сомонӣ ва гази моеъ – 7,20 сомонӣ нарх доранд.

Як ҳафта пеш нархҳои бензин дар лавҳаҳои назди нуқтаҳо 11,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,50 сомонӣ ва гази моеъ – 7,50 сомонӣ зикр шуда буданд.

Аввали моҳи равон дар Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ изҳор дошта буданд, ки дар нимаи моҳи ноябр нархи маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол омада, ҳатто ба андозаи муайян поинравии арзиши онҳо аз эҳтимол дур нест.

Муҳоҷири тоҷикро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, раҳо карданд

Мақомоти интизомии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, озод кардаанд.

Комилҷон Юлдошев, сокини шаҳри Исфара рӯзи 16-уми ноябр дар фурудгоҳи Домодедово дар Маскав дастгир шуд ва ба ӯ гуфтаанд, ки “аз тарафи мақомоти Қирғизистон ҷустӯҷу мешавад ва дархости дастгир ва истирдод кардани ӯро доранд.”

Яке аз хешовандони Комилҷон Юлдошев рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ субҳи имрӯз озод шудааст. Худаш ҳам дар суҳбати кутоҳе гуфтааст, ки аз боздоштгоҳ берун омадааст. Комилҷон Юлдошев, сокини деҳаи Сурхи Исфара ва дар марз бо Қирғизистон аст.

Хешовандонаш мегӯянд, ки мақомоти Қирғизистон Юлдошевро ба ширкат дар муноқишаҳои хунин дар марз дар моҳи апрели имсол муттаҳам мекунанд, ки ба қавли онҳо иддаои беасос аст. Ба қавли онҳо Комилҷон дар ягон ҷанҷолу муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур надоштааст.

“Аз 72 ба 48 соат”: акнун мақомот гумонбарро танҳо ду шабонарӯз боздошт мекунанд

Тибқи тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон замони бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт аз 72 соати қаблан пешбинишуда ба 48 соат кам карда мешавад. Дар ин бора муовини Додситони кулли Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.

Номбурда, ки лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистонро дар ҷаласаи дирӯзаи парлумон муаррифӣ мекард гуфт, ҳоло кодекси мазкур муқарар кардааст, ки шахсро аз лаҳзаи боздошт бояд дар давоми на бештар аз 72 бозпурсӣ кунанд.

– Дар лоиҳаи пешбинишуда шахси гумонбаршуда набояд аз 48 соат зиёд бозпурсӣ карда шавад, – гуфт Рофизода.

Рофизода Мирзоамон ҳамчунин, гуфт, муҳлати бозпурсии ноболиғон аз лаҳзаи боздошт аз 24 соати муқараршуда ба 12 соат кам карда шуд.

Интизор меравад, Додгоҳи олӣ парвандаи Иззат Амонро дигарбора баррасӣ кунад

Наздикони Иззат Аммон мегӯянд, ки эҳтимол меравад, дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома аз ВКД ба Додгоҳи олӣ, ин ниҳод парвандаро дигарбора баррасӣ кунад.

Рӯзи душанбеи 16-уми ноябр Додгоҳи олии Тоҷикистон, ҳангоми баррасии шикоят, аз наздикони ҳомии маҳкумшудаи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон хоста буд, ки аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон маълумотнома биёранд, ки нисбати ӯ парвандаи дигаре кушода шудааст ё не. Дар ин бора наздикон Иззат Амон бо такя ба хулосаи Додгоҳи олӣ хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, ҳафтаи равон додраси Додгоҳи олӣ бе ҳузури Иззат Амон шикояти вакили дифоъ ва наздиконашро баррасӣ кард ва ҳукми додгоҳи ибтидоиро бетағйир гузошт.

– Аз Додгоҳи олӣ гуфтанд, аз ВКД маълумотнома биёред, ки алайҳи Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не, гуфт –Муҳаммадюсуф Холов писари Иззат Амон.

Дар ҳамин ҳол, онҳо мегӯянд, маълум нест, бо кадом далел чунин як маълумотнома пурсида шудааст.

Иштироки даҳ паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи “Гранд Слам”-и Аморати Муттаҳидаи Араб

Бино бар иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз 26 то 28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи “Гранд Слам”-и гӯштини дзюдо баргузор мегардад, ки дар он даҳ варзишкори беҳтарини Тоҷикистон Шаҳбоз Сайдаброров, Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Суфиев, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Ҳақназар Назаров, Хушвахт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов иштирок хоҳанд кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend