Артиши Тоҷикистон - заифтарин дар Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳориро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дирӯз, 5-уми март фармони даъвати баҳориро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, ҷавонмардони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат дар сафҳои Нерӯҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд.

Вазоратҳои мудофиа, тандурустӣ ва раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки раванди даъвати ҷавонон барои адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Неруҳои мусаллаҳро бо дарки масъулият ба роҳ монанд.

Дар Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Тибқи тағйирот ба қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 54 ҳазор сомонӣ ва гузаштани тамрини якмоҳа дар қисмҳои ҳарбӣ метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Skip to toolbar