fbpx

“Гирифторшавӣ ба сил мушкили натанҳо як оила, балки ҷомеа аст”. Чаро дастгирии занон ҳангоми бемории сил муҳим аст?

Муҳим аст, ки падарон, шавҳарҳо, хусурҳо, бародарон дастгирӣ намоянд ва ба саломатии занҳои оилаашон масъул бошанд.


0

Занон ва сил. Чаро дар онҳо ин беморӣ мушкилтар мегузарад ва ин мушкилиҳоро чӣ тавр бартараф бояд кард? Дастгирии пайвандон дар ин ҳолат чӣ нақш мебозад? Ба ин ва дигар саволҳо дар арафаи Рӯзи модарон дар нашри навбатии силсилаи нави подкастҳои – “Аз сил ҳарфе бигӯ!” посух дарёфтем.

Абдулло Маҳмадов, муовини якуми директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Шаҳноза Аъзамова, муовин ва мутахассис оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил ин мавзӯъро ба шарҳ доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки бемории сил ирсӣ нест ва аз шахси бемор ба таври қатрагӣ ва ҳавоӣ мегузарад. Дар Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил пурра ройгон ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи омори соли 2023 Дар Тоҷикистон мардон 55% ва занон 45% ба бемории сил сироят ёфтаанд. Сабаби инро Абдулло Маҳмадов дар иҷрои корҳо вазнини рӯзгор аз ҷониби мардон, муҳоҷират ва шароитҳои вазнин шарҳ дод.

Тибқи тавсияи Вазорати тандурустӣ ҳар нафар дар як сол як маротиба бояд аз муоинаи бемории сил гузарад, аммо шахсоне, ки дар гурӯҳи хавф ё алоқаманди бемории сил ҳастанд, тибқи ҳуҷҷатҳои меъёри ҳуқуқӣ бояд ҳатман соле ду маротиба аз муоинаи бемории сил гузаранд, қайд намуд Шаҳноза Аъзамова.

“Гирифтор шудан ба бемории сил ин мушкили натанҳо як оила, балки мушкили ҷомеа низ мебошад. Муносибати неки аъзоёни оила, сар карда аз шавҳар то хусуру хушдоман ба шахси бемор таъсири хуб расонида метавонад. Агар шахс бо бемории сил танҳо монд, табобати вай ниҳоят мушкил мешавад”, – афзуд Маҳмадов.

Шаҳноза Аъзамова илова кард, ки дар ҷомеаи мо баъди ташхис ва муайян шудани беморӣ дар занҳо барои онҳо муҳим аст, ки мардҳои хонаводаашон ба ин чӣ назар доранд.

“Барои ҳамин дастгирии равонии мардҳо дар ин ҳолат ниҳоят зарур аст. Бояд ин гуна заноҳоро ба табобат ва ғалаба бар беморӣ дилгарм кард. Муҳим аст, ки падарон, шавҳарҳо, хусурҳо, бародарон дастгирӣ намоянд ва ба саломатии занҳои оилаашон масъул бошанд”, – гуфт мутахассис.

Мутаассифона зан дар давраи ҳомиладорӣ низ метавонад ба бемории сил гирифтор шавад. Вақте ин ҳолат ба миён омад ҳатман бояд аз ҷониби силшинос муоина карда шавад.

“Аломатҳои беморӣ дар зани ҳомиладор низ муқаррарӣ аст. Дар ин ҳолат ҳатман бояд ба табиби занона ва баъдан ба силшинос муроҷиат кард. Хушбахтона беморӣ ба кӯдаки батни зан таъсир намерасонад”, – шарҳ дод Абдулло Маҳмадов.

Шаҳноза Аъзамова шарҳ дод, духтароне, ки то замони оиладоршавӣ гирифтори сил шуда, табобат гирифтаанд, набояд аз чизе биҳаросанд ё шарм кунанд, зеро баъди табобат аз бемории сил шахс комилан солим ҳисобида мешавад.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.

Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ “Аломат” буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend