Эълони кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Литва

Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо эълоне шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор дар Литва даъват мекунад.

Барои корфармоён ронандаи нақлиётҳои боркашон, кафшергар (сварщик), барқчӣ (электрик) сантехник лозим аст.

Барои кор дар нақлиёти боркашон на кам аз як сол таҷрибаи корӣ, ҳуҷҷати ронандагии дараҷаҳои С, D, E талаб карда мешавад. Маош бошад аз 1900 евро боло аст.

Инчунин, барои кафшергар (сварщик), барқчӣ (электрик) сантехник на кам аз як сол таҷрибаи корӣ, надоштани доғи судӣ, донистани забони русӣ ва доштани диплом ё сертификат талаб карда мешавад.

Барои дар ин самтҳо кор кардан Иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) барои ду сол ва манзили зист дода мешавад. Маош аз 1500 евро боло гуфта мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд бо ин рақамҳо зерин 225-05-75 ва 225 02 21 тамос гиранд.

Skip to toolbar