Эҳтимол пас аз 15 феврал фаъолияти симкортҳое, ки азнавбақайдгириро нагузаштаанд, қатъ мекунанд

То муҳлати охири азнавбақайдгирии симкортҳо ҳамагӣ 15 рӯз боқӣ монд. Эҳтимол меравад, ки пас аз 15-уми феврали соли ҷорӣ фаъолияти симкортҳое, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, қатъ карда мешаванд. Масъулони Хадамоти алоқа ба рӯзноманигорон оиди тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ҷавоби мушаххас надоданд.

Илҳомҷон Атоев муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, имрӯз, 31 январ зимни нишасти матбуотӣ, таъкид кард, ки онҳое, ки симкортҳояшонро аз нав ба қайд нагирифтаанд, то 15-уми феврал ин амалиётро гузаранд. Дар сурати нагузаштан, эҳтимол фаъолияти симкортҳояшон қатъ карда мешавад.

Атоев ба суолҳои пайвастаи хабарнигорон оиди тамдид шудан ё нашудани муҳлати бақайдгирӣ ҷавоби дақиқ надод. Ӯ танҳо қайд кард, ки то муҳлати ниҳоӣ вақт ҳаст ва бояд мардум ин корро анҷом диҳанд.

“То 15-уми феврал мо муҳлат дорем. Дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 500 нуқтаҳои хизматрасонии ҳозиразамон фаъолият доранд, ки азнавбақайдгириро ройгон амалӣ карда истодаанд”, – гуфт Атоев.

Тибқи иттилои масъулони Хадамоти алоқаи кишвар, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 миллиону 416 ҳазору 345 симкорт аз нав бо шиносномаҳои намуди ID сабти ном шадаанд. Аммо, 2 миллиону 412 ҳазору 465 симкорти дигар аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, ки 1,8 миллиони онҳо фаъол мебошанд.

Ба гуфтаи Атоев, ин амалиёт  бо мақсади иҷрои Қарори ҳукумати кишвар аз 30-юми апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” бақайдгирии симкортҳои мобилии шаҳрвандон бо шиносномаҳои пластикӣ ID, ҷорӣ карда шудааст.

Мутобиқи банди 3-и қарори  мазкур ба номи як шахс дар асоси шиносномаи  ID  танҳо доштани 2 SIM-корт аз тамоми ширкатҳои мобилӣ иҷозат дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қарори ивази шиносномаҳо моҳи феврали соли 2019 роҳандозӣ шуд ва барои ин кор ба сохторҳои дахлдор, то моҳи августи соли 2019 муҳлат доданд. Аммо дар ин муддат аксарият шиносномаҳояшонро иваз накарданд ва Ҳукумати кишвар муҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда буд.

Вале дар ин муҳлат ҳам мардум натавонистанд шиносномаҳои худро иваз карда, симкортҳои худро дубора ба қайд гиранд. Аз ҳамин лиҳоз ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои ивази шиноснома то 15-уми феврали соли 2022 муҳлат дода шуд.

​Тавре мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳое, ки телефони мобилӣ ва симкорт надоранд, вазифадор нестанд, ки шиносномаи куҳна ваё коғазии соли 1996-ро бо шиносномаи пластикӣ иваз кунанд. Тибқи қарори ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои пластикӣ ё ID дубора сабтином намоянд.

Барои гирифтани шиносномаи пластикӣ кадом намуди ҳуҷҷатҳо лозиманд ?

Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

Шиносномаи намунаи соли 1996.

Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).

Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).

Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.

Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Қарори ҳукумати кишвар гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 ба таври ройгон мебошад.

Skip to toolbar