Як шаҳрванди Қирғизистонро бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт карданд

Шаҳрдории Душанбе то бозори “Кӯшониён” хатсайрҳои нав боз кард

Аз 1 март бо мақсади мусоидат ба осон шудани равуои мусофирон то маркази савдои “Кӯшониён” ба нақшаи аксари хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе тағйирот ворид шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, аз ҷумла ба хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ – бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” тағйирот ворид карда шудааст.

Ҳамчунин ба хатсайри микроавтобус (маршрутка)-и №19 (маҳаллаи Пахтакор – боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” низ тағйирот сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад,  ҳамзамон ҳамарӯза аз маркази савдои “Кӯшониён” нақлиёти ҷамъиятии зерин ба мусофирон хидматрасонӣ мекунад:

– хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор – бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурӯдгоҳи кӯҳна – бозори Кӯшониён);

– хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли “Чорбоғ”- МТМУ №61), №21(кӯчаи Гагарин -(ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ – бозори “Кӯшониён”;

– хатсайри микроавтобуси №53 (кӯли “Чорбоғ”- НФС “Газпром”).

Як шаҳрванди Қирғизистонро бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт карданд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 1-уми март хабар дод, як шаҳрванди ин кишвар бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт шудааст. Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Русия, Достматов, соли таваллудаш 1981 ҳанӯз рӯзи 23 феврал боздошт шудааст.

“Бино ба иттилои мавҷуд, шаҳрванди Қирғизистон ҳангоми ҳодисаҳое, ки дар дархости Тоҷикистон зикр шудааст, дар ҳудуди Русия қарор дошт. Ҳоло интизори асоснок кардани ин далел ҳастем, ки бо санаду ҳуҷҷат беасос будани парванда нисбати Достматов исбот карда шавад”, – хабар доданд дар сафорати Қирғизистон.

Қаблан бо дархости ҷониби Қирғизистон якчанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буданд.

Тоҷикистон ният дорад барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 190 миллион доллар масраф кунад

Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар охири соли гузашта беш аз 3,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Қарор аст, дар соли равон 192,8 миллион доллар барои пардохти қарзи хориҷӣ масраф шавад, ки ҳудуди 105 миллион доллари он барои пардохти қарзи асосӣ ва 87,8 миллион доллар барои пардохти фоизҳо равона хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Эксимбонки Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки руди Исломӣ мебошанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 702,5 миллион доллар қарзу грантҳо аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ҷалб мекунад.

Ғолибони мусобиқаи гуштингирӣ “Наврӯз-2022” байни мардон бо мошин мукофотонида мешаванд  

Аз 17 то 22 март дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз–2022 мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш ва сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин чорабиниҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 2 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегарданд.

Ғолибон миёни мардҳо дар ҳар як вазн бо шоҳҷоиза – автомобил қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни занон бо ҷоизаи молӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Дар сабқати мардон барандагони медали нуқра 38646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ, дар сабқати занон барандагони медали тилло 38646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ мегиранд.

Акмалиддин, Темур ва Миҷгона беҳтарин варзишкорони соли 2021 эълон шуданд

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов аз рӯи намудҳои олимпии варзиш дар Тоҷикистон беҳтарин варзишгари соли 2021 дониста шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Темур Раҳимов соли 2021 дар Гран Слами Боку (5-7.11.2021) медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Даби (26-28.11.2021) ва Қаҳрамонии Осиё/Уқёнус (6-9.04.2021) медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои Ҷоми Президенти Тоҷикистон (1-5.10.2021) медали тилло ба даст овард.

Ҳамчунин, Раҳимов дар маросими кушодашавии 32-юм Бозиҳои Олимпиада дар Токиои Ҷопон (24.07.2021) парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон буд.

Ҷоизаи Беҳтарин варзишгари соли 2021 аз рӯи намудҳои ғайриолимпии варзиш насиби Акмалиддин Каримов шуд.

Акмалиддин дар Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо ба гирифтани унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия медали нуқра, дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Инчунин, Миҷгона Самадова, ки соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳон ба гирифтани медали тилло ва дар Чемпионати Осиё ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид, ҷоизаи Беҳтарин варзишгарбонуи солро сазовор шуд.

Skip to toolbar