“Я ваша Сайрам”. Қиссаҳои ҷолиб аз зиндагии маликаи театру синамо Сайрам Исоева

Гурдофариди саҳнаи тоҷик Сайрам Исоева, ду сол пеш, вақте дар ҷашнвораи синамобазми байналмилалӣ ҷоизаи 20 ҳазор доллариро бурд кард, дар суҳбат бо муаллифи Your.tj аз бурду бохт ва мушкилиҳои театру синамо гуфта буд. Ҳамчунин, ӯ дар ин суҳбат баъзе аз тафсилоти пасипардагии филми “Рустаму Суҳроб”-ро нақл кардааст.

Мо тасмим гирифтем, ки ин қиссаро имрӯз, дар ҷашни 81-солагии Сайрам Исоева бознашр намоем.

Ҳунарманди овозадори тоҷик Сайрам Исоева дар қатори ҳунармандони машҳур Раҷ Капур, Никита Михалков, Нури Билге Ҷейлан ва Айтурган ТТемироваду сол қабл дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо ҷоизаи 20 ҳазор долларӣ қадршиносӣ шуд.

Ҷашновораи синамобазми байналмилалии “Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим” таҳти шиори “Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт” дар шаҳри Тошканд ин ҳунармандонро аз кишварҳои Тоҷикистон, Ҳиндустону Русия ва Туркияву Қирғизистон гирди ҳам овард.

Тавре Сайрам Исоева мегӯяд, ӯ дар аввал аз сафар Тошканд дасткашӣ кард, зеро пас аз сафар ба шаҳри Берст вазъи саломатиаш хуб набуд. Аммо аз “Тоҷикфилм” ӯро розӣ мекунонанд, ки ҳатман он ҷо бошаду намояндагони “Тоҷикфилм”- ро раҳбарӣ кунад.

“Монда шуда бошам ҳам, барои Тошканд рафтан розӣ шудам. Мо аз Тоҷикистон 21 кас будем. Ба синмобазм 4 то филм бурдем, ки байни онҳо “Рустам ва Сӯҳроб” низ буд. Он ҷо аз 50 давлат меҳмонҳо буданд. Моро хеле гарму самимӣ пешвоз гирифтанд”, – меӯяд, ҳунарпеша.

Дар мавриди ҷоиза

“Ин хушбахтии на фақат ман, балки тамоми аҳли ҳунар аст. Ман фақат як Сайрамак ҳастам, ки 60 сол дар театр ва студияҳои “Тоҷикфилм”, “Мосфилм”, “Ӯзбекфилм” ва “Қирғизфилм” бо бузургони соҳа кор кардам. Аслан, санъати театру синамо санъати коллективӣ аст. Ман пеш аз ҳама хушбахтам, ки пули ду миллат, тоҷику ӯзбек шудам. Ӯзбекон маро мегуфтанд, “это наша Сайрам!”. Тоҷикон низ мегуфтанд: “Это наша Сайрам”. Ман бо ифтихор мегуфтам, ки “Я ваша Сайрам!”

Ба қавли Сайрам Исоева, мақсади ин ҷашнвора фақат вохӯрию ҷоизасупорӣ не, балки асос гузоштан ба ҳамкориҳои оянда аст. Байни “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” чанд шартнома баста шуд. Аз ҷумла, наворбардории филме, ки дар бораи дӯстии Ҷомию Навоӣ нақл мекунад, пешинҳод шуд. Акнун, чун пештара рафтуомади ҳунармандон ба кишварҳои ҳамсоя зиёд хоҳад шуд.

Театру кино барои ман афсона буд

Сайрам Исоева дар мактаби № 1- и ба номи С.М. Кирови деҳаи Пахтаободи шаҳри Регар таҳсил карда, онро соли 1960 хатм кардааст. Ӯ дар мактабашон, ки дар он бештар ба варзиш аҳамияти хосса медоданд, ӯ яке аз варзишгардухтарони номӣ буд. Аз театру синамо бошад хабар надошт.

“Ман беҳтарин варзишгардухтар дар варзиши баскетбол ва волейбол будам. Маро капитан интихоб карда буданд. Дастаи мо дар тамоми Регар ва ҳатто Душанбе рафта, бозӣ мекард. Дар умрам театрро надида будам. Фақат рубобчизанон меомаданду халос. Театру кино барои ман афсона буд”, – қисса кард, Сайрам Исоева.

“Аз ту актриса намебарояд!”

Бо амри тақдир Сайрам баъди хатми мактаб ба курси дуюми Донишгоҳи санъати ба номи А. Островскийи шаҳри Тошканд дохил мешавад.

“Устодам Христофор Масиевич мегуфт, ки ту “маҳорати суст дорӣ, сиру асрори санъатро намедонӣ, дар театр кор карда наметавонӣ”. Аз ҳамин хотир, замони донишҷӯӣ нақшҳои хурд аз намоишномаҳо насибам мешуд. Ғайрихтиёр дар кори дипломӣ ба ман нақши бисёр ҷиддиро аз асари драматурги арман Шерванзода нақши Сусанбарро бовар карда супурданд. Соли 1964 мо бо ин намоишнома ба театри мазҳака мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод сафар кардем”, – ба ёд овард, Сайрам Исоева.

Ҳукумати вақти шаҳр ва роҳбарони театр аз Вазорати фарҳанг хоҳиш мекунанд, ки гурӯҳи 20 нафараи хатмкунандаҳои шаҳри Тошкандро ба театри Ленинобод роҳхат диҳанд.

Аввалин нақши Сайрам Исоева дар театри касбӣ – нақши “Омина” аз намоишномаи “Шарораи Хуҷанд”, аз рӯи песаи Султон Сафар мебошад.

Лаҳзае аз филми “Дигар оромӣ намешавад”

Образи Лутфия дар соҳаи синамо аз аввалин нақши Сайрам Исоева мебошад. Қаҳрамони ӯ духтаракест, ки ба ҷавони дӯст намедоштааш хонадор мешавад.

“Коргардони филм, Борис Кимёгаров мегуфт, ки “ба ман самимияти ту маъқул аст. Дар рафтору гуфтори ту сохтакорӣ нест”. Дар филм шавҳари маро ҳунарманди Ӯзбекистон Ҳамза Умаров бозӣ мекард. Қаҳрамони ман додари шавҳарашро дӯст медошт. Лекин вайро ба бародари калонӣ медиҳанд.

Вақте ӯ аз Донишгоҳи олии Маскав омада мебинад, ки Лутфия зани бародараш шудаааст, ҳайрон мешавад. Дар ҳамон лаҳзаи вохӯрӣ, ман бояд дар вуҷуди худ муҳаббатро нишон медодам. Ҳол он ки, дар ман ҳисси муҳаббат бедор нашуда буд.

Хайрият, ки қаҳрамон, яъне додари шавҳари Лутфия ҳамкурси ман буд. Агар бегона мебуд, нишон додани ҳиссси муҳаббат боз мушкилтар мешуд. Ин саҳнаро бисёр машқ кардем. Борис Алексиевич мегуфт: “Ман ба чашмони ту бовар мекунам. Экрани асосии синамо он аст. Бисёр духтарони зебо ба санҷиш меоянд, аммо онҳоро намегирем. Чунки бештарини онҳо чашмони зебои шишагин доранд. Яъне, чашм зебо аст, аммо ҳеҷ чизро ифода намекунад”, – аз хотираҳо қисса кард, Сайрам Исоева.

Сайрам Исоева баъд аз филми “Дигар оромӣ намешавад” чанд вақт аз “Тоҷикфилм” дур мешавад. Дар театр кор карда истода, боз дар “Мосфилм”, “Ӯзбекфилм” ва “Қирғизфилм” нақшҳо меофарад.

Чӣ тавр Гурдофарид Суҳробро интихоб кард?

Баъди чанд вақт коргардон Борис Кимёгаров қаҳрамони моро боз ба “кинопроба” даъват мекунад. Замони Шӯравӣ “кинопроба” чунин доир мешуд. Масалан, коргардон ягон саҳнаро интихоб мекард, баъд қаҳрамонҳо фақат диалогро иҷро мекарданд.

Дар “кинопроба” – и филми “Рустам ва Сӯҳроб” духтарони соҳибҷамолу хушқомат зиёд омада буданд. Сайрам Исоева онҳоро дида, ҷуръат накард, ки дар он иштирок кунад. Он замон апааш Майрам Исоева ӯро дилбардорӣ карда мегӯяд: “Сайрам, ин хел накун, дар оилаи мо бозгашт нест! Ту бояд ҳатман худро бисанҷӣ!”.

Пас аз санҷиш дар “кинопроба” коргардон Борис Киёгаров ӯро ба нақши Гурдофарид тасдиқ кардааст.

“Ман дар рӯйхат 4 – ум нафар будам. Борис Киимёгаров гуфт: “Сайрам, аввалину охирон Гурдофарид аст. Ба ман бозии ту маъқул шуд. Мо туро тасдиқ мекунем. Лекин бояд ту аз байни 20 номзад Сӯҳробро интихоб кунӣ. Бо ҳамаи онҳо “кинопроба” бояд гузаронӣ. Дар байни онҳо Ҳошим Гадо ҳам аст”. Баъд ман бо ҳамаи онҳо нақш офарида, ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ баҳо додам. Дар охир гуфтам, ки “барои ман аз ҳама беҳтарин Ҳошим Гадо аст.” Онҳо гуфтанд, ки “синну солаш каме калон аст. Суҳроб бояд 18-19 сола бошад!” “Ҳошим Гадо беҳтарин бозӣ мекунад. Агар мо Суҳробро каме калон кунем, ҳеҷ гапе намешудагист. Ё бо пардоз Ҳошим Гадоро каме ҷавон мекунем”, – гуфта будам ман. Баъди тсдиқ шудани Ҳошим Гадо мо машқҳои якҷояро давом додем”, – нақл кард, Сайрам Исоева.

Сайрам аз хурдӣ дар болои асп нишастанро орзу мекард. Падараш раиси колхоз буд. Бисёр вақт аспашро оварда дар хона мебаст. Сайрам ба он ем дода, кам-кам аспсаворӣ мекард. Ӯ замони сабти филм, ҳамроҳи ду аспсавор дар Ипподроми Душанбе ду моҳ аспсавориро ёд мегирад.

Бидуни санҷиш дар “Ӯзбекфилм”

Сайрам Исоева ҳамчунин дар филми “Одна среди людей”, ки оид ба саргузашти шоира Нодирабегим бахшида шудааст, нақши марказиро бозидааст. Дар “Ӯзбекфилм” ӯро бе “фотопроба” ва “кинопроба” ба филм даъват мекарданд.

Ҳангоми наворбардории филми “Одна среди людей”, коргардон Комил Ёрматов бемор мешавад. Идомаи наворбардориро ӯ ба ёвари худ бовар мекунад, аммо вақти рафтан ба Сайрам Исоева якчанд машварат медиҳад: “Ман ба ту бовар мекунам. Фақат як эрод дорам. Дар саҳна хеле ист мекунӣ. Онро кӯтоҳтар кун”. Сайрам Исоева баъди ин таъкид ҳангмои сухан кардан исти худро назорат мекардагӣ мешавад. Вақте ба дидорбинии Комил Ёрматов мераванд, ӯ мегӯяд: “Духтарам, ман хато кардам, гапамро гашта мегирам. Ту дароз ист кардан гир. Вай ҳолати дарунӣ ва фикри ту аст. Акнун, мебинам, ки дар ту фикр нест. Дар чашмони ту доимо гӯё, ҳама чиз фош мешавад”.

Нақшофарӣ бо хоҳиши Ислом Каримов

Сайрам Исоева соли 2019 дар кинофестивали умумихалқӣ соҳиби ҷоизаи “Олтин Ҳумо” мешавад. Новобаста аз баста будани сарҳад ӯ ба Ӯзбекситон меравад.

“Вақте ин ҷоизаро дар қатори 4 ҳунарманди маъруфи ӯзбек ба ман доданд, хеле ҳайрон шудам. Чун аз соли 1992 боз дар “Ӯзбекфилм” нақш намеофарам. Соли 1992 дар “Ӯткан кунлар” – ном филми Абдулло Қодирӣ нақши “Ӯзбекоийм” – ро офарида будам.

Вақте он сол маро барои иҷрои ин нақш даъват карда буданд, ман баҳонаи баста шудани сарҳадҳоро пеш оварда, даъватро рад карда будам. Таҳиягарони филм боисрор гуфта буданд, ки даъватро бипазирам. Чун ин хоҳиши президент Ислом Каримов аст. Гӯё, ӯ гуфта будааст, ки “актрисае, ки Ноидрабегимро бозӣ кардааст, ҳамонро ҷеғ занед”.

Ахиран, даъвати “Ӯзбекфилм”- ро барои иҷрои нақши “Ӯзбекойим” пазируфта, ба ҳамсоякишвар рафта нақш офарида будам. Ин охирон нақши ман дар “Ӯзбекфилм” буд”, – ба хотир овард, Сайрам Исоева.

“Шумо вижагиҳои миллиро дар театр нигоҳ доштед”

Сайрам Исоева тасмим дорад, ки дар дохили вилоят фестивали театрҳоро аз нав зинда кунад.

“Бояд боз фестивалҳо ташкил кунем, сафарҳо анҷом диҳем. Пеши худ ҳамин хел вазифа гузоштем. Чанде пеш ба шаҳри Брести Белорусия рафтем. Онҳо баъди тамошои намоиши мо гуфтанд, ки “Шумо вижагиҳои миллиро дар театр нигоҳ доштед”.

Дар он намоишнома либосҳои мо хеле зебо ва пур аз нақшу нигори миллӣ буд. Бояд дар ҳар намоишнома чизҳои нав даровардан гирем. Аз ҳамин хотир, ман кадрҳои ҷавонро тарбия карданиям. Худо қувват диҳад, тамоми ҳастиямро ба ҷавонҳо мебахшам. Бояд онҳоро ҳамтатарфа дастгирӣ кард.

Ман ғалтида хеста дар театр Сайрам Исоева шудам. Лаҳзаҳои душворро аз сар гузарондам. Ба ҳама чиз тоқат мекардам. Солам асп аст, як умр ҳамчун асп аробаи ҳаёту театрро кашола кардам. Ҳозир ҳам кашола мекунам. Тайёрам, ки ҳамаи таҷрибаву истеъдодамро ба ҷавонҳо диҳам”, – бо қатъият гуфт дар охир, Сайрам Исоева.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar