fbpx

“Барқкор дар ҳама ҷо лозим”. Чӣ тавр Муътабар Холматова дар соҳаи энергетика ба вазифаҳои баланд расид?

Ӯ мегӯяд, вақте шахс касберо интихоб мекунад, бояд аз пайи рушду такмили он шавад.


0

Ин навбат Муътабар Холматова, сардори шуъбаи назорат ва тақсимоти барқи ҶСК “Барқи тоҷик” аз таҷрибаи бойи худ дар соҳаи энергетика қисса кард.

Ӯ мегӯяд, вақте шахс касберо интихоб мекунад, бояд аз пайи рушду такмили он шавад.

Муътабар тағоҳояшро дар ин самт барои худ идеал ва роҳнамо меҳисобад. Ӯ аз хурдӣ орзу доштааст, ки муҳандис мешавад. Вале баъдан, вақте ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба лагери истироҳатии “Орлёнок” меравад, дар он ҷо бо як зани рус шинос мешавад.

Зан ба Муътабар маслиҳат дода мегӯяд, “Ту агар табиб шудан хоҳӣ метавонӣ табиб шавӣ, лекин энергетика, ки соҳаи ҷудонашавандаи ҳаёт мебошад ва оянадаи бисёр дурахшон дорад, метавони соҳиби ин касб шуда, дар ҳама ҷодаҳо муваффақ бошӣ”.

Ҳамин тавр, ӯ ба соҳаи энергетика меояд.

Баъди хатми мактаби миёна ба Институти политехникии Тоҷикистон, шуъбаи барқтаъминкунии шаҳрҳо ва корхонаҳои саноатӣ дохил мешавад.

“Ҳангоми донишҷӯйӣ ҳамроҳи ман тоҷикдухтарон низ буданд, ки баъди хатм мо ба соҳаҳои гуногуни ҳамонвақтаи Тоҷикистон ба кор сафарбар шудем”,- ба хотир меорад ҳамсуҳбати мо.

Муътабар корро дар вилояти Суғд, дар шабакаҳои интиқоли барқи “Шимолӣ” ба ҳайси техник – ҳуҷҷатгузор оғоз карда, дар шабакаҳои барқи шаҳри Конибодом низ фаъолият мебарад.

“Мардон маро ҳамчун хоҳараки худ, ҳамчун духтари худ қабул фармуданд ва коллектив маро пазируфт. Гуфтанд, “мо он чизе, ки ту намедонӣ ёд медиҳем, он чизе, ки ту медонию мо намедонем, аз ту ёд мегирем””, – нақл кард ӯ.

Дар давоми фаъолияти корӣ баъди шабакаҳои барқии “Шимолӣ” Муътабар ба шаҳри Душанбе кӯч баста ва барои худ ҷойи корӣ ҷуст.

“Яке аз сабабҳое, ки ман ба “Тоҷиккабел” ҳамчун муҳандис ба кор даромадам, он буд, ки дар вақти донишҷӯйӣ дар шаҳри Киеви Украина мо дар ҳамин самт таҷрибаомӯзӣ гузашта будем”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Баъди кор дар “Тоҷиккабел” боз ба соҳаи энергетика баргашта, фаъолияти кориро то ҳол дар системаи “Барқи тоҷик” идома медиҳад.

“Ҳамсарам дар ҳама кор дастгири ман буданд ва мегуфтанд, ки “барои чӣ ту панҷ сол донишгоҳро хатм кардӣ, барои дар хона шиштан ё ин ки барои ба ҷамъият фоида овардан?” Ба ҳамин хотир ман баъди таваллуди кӯдак ба кор баромадам, ба хотири он ки фоидаи ман ба ҷамъият расад”,- гуфт бо ифтихор Муътабар.

Ӯ ба духтароне, ки дар наздаш таҷрибаомӯзии худро гузаронида мерафтанд, маслиҳат медода, ки ҳамин касбро, ки интихоб карданд, аз паяш шаванд.

“Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёд дорад, лекин барқкор дар ҳама ҷо лозим аст, барқкор ба ҳама мушкилиҳо ёрдами худро расонда метавонад”,- афзуд зани барқкор.

Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend