Иттиҳоди Аврупо дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER сафари омӯзишӣ ба Арманистонро барои 13 шарикони лоиҳа дастгирӣ намуд.
Дар ин сафар намояндагони ташкилотҳои Барномаи рушди дастгирии ҷомеаҳои минтақаҳои кӯҳӣ (МСДСП), Ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) “Азал”, ТҶ “DCBER Ҷиргатол”, ТҶ Ассотсиатсияи “Зан ва ҷомеа”, ТҶ “CBER Суғд” ва Бунёди Оғохон иштирок карданд.
Сафари омӯзишӣ дар бораи таҷрибаҳои муосири кишоварзӣ, идоракунии тиҷорат ва ҷалби ҷомеа барои татбиқи тиҷорат фаҳмиши арзишманд дод.
Шарикони Лоиҳа имконияти беназире доштанд, ки аз маконҳои гуногуни Арманистон, аз қабили деҳаҳои Артени ва Сағкунқ, инчунин минтақаҳои Армавир, Гарни, Ҳовташат ва Арарат дидан кунанд.
Иштирокчиён аз татбиқи бомуваффақияти ISO 22000-и “Artin Dried Fruit” аҳамияти назорати сифат, идоракунии хавфҳо ва сертификатсияро дар ноил шудан ба бартариҳои рақобатӣ омӯхтанд.
Лоиҳаи Гагарин стратегияҳои самараноки идоракунии устувори захираҳо, ҷалби ҷомеа ва ҳифзи меросро нишон дод.
Илова бар ин, ширкати меваҳои хушк “Sun Cheers” мушкилоти тиҷорати занонро нишон дод ва нақши муҳими дастгирии оила ва ҷомеаро дар бартарафсозии маҳдудиятҳои ҷомеа нишон дод.
Ҳамчунин барои иштирокдорон дар “Garni Garden” ва “Garni Kotayk Berry Production” дар бораи парвариши чормағз ва буттамева маълумоти амалӣ дода, аҳамияти таҷрибаҳои устувор, таваҷҷуҳи бозор ва мутобиқшавӣ ба мушкилоти экологиро таъкид карданд.
Иштирокдорон усулҳои муосири истеҳсоли помидор дар гармхонаҳои “NewGroup”, аз ҷумла обёрии дақиқ ва мубориза бо ҳашароти зараррасонро низ мушоҳида карданд.
Дар маркази илмии зироатҳои сабзавотӣ ва саноатӣ бошад, нақши тадқиқот дар бобати хосил намудани навъҳо, таҳлили хок, ошкор намудани ангезандаи касалии растаниҳо қайд карда шуд.
Иштирокдорон дар сафари омӯзишӣ оид ба таҷрибаҳои муосир дар истеҳсоли хӯрокворӣ, идоракунии тиҷорат ва ҷалби ҷомеа маълумот гирифтанд.
Таҷриба ва донишҳои бадастоварда ба қобилияти иштирокчиён дар татбиқи таҷрибаҳои инноватсионӣ ва сохтани стратегияҳои муассири тиҷорат дар заминаи худ мусоидат хоҳад кард.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.