fbpx

Истеҳсоли газ аз поруи чорво дар Тоҷикистон

Барои иваз кардани пору ва ҳезум, ки ифлосшавии ҳаво дар дохили хонаро ба вуҷуд меорад, истифодаи биогази метан пешниҳод карда мешавад.


-1
-1 points
Бибикалон Салимова гази аз пору истеҳсолшударо истифода мебарад

Бибикалон Салимова, сокини деҳаи Чаманистони шаҳри Ҳисор чор сар гов дорад, ки аз поруи он дар хонааш тавассути технологияи биореакторӣ биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунанд. Ин таҷриба бо дастгирии Барномаи рушди СММ амалӣ мешавад.

Газ аз пору ба ҷойи таппаку ҳезум

Ин хонавода, ки аз 10 нафар иборат аст, дар ҳаёти ҳаррӯзааш аз биогази истеҳсолшуда истифода мебарад. Бонуи хона, Бибикалон мегӯяд, пештар барои пухтупаз ва оби гарм аз ҳезум ва таппак истифода мекард.

Ҳоло бошад, ҳам хароҷот барои харидани ҳезум аз байн рафт ва ҳам ташвишҳояш осон шуд.

“Биогаз хеле хуб аст. Ҳамагӣ чор сар гов дорем ва ҳар рӯз се сатил поруи онҳоро бо панҷ сатил об омехта карда ба дастгоҳи биореактор меандозем ва дар натиҷа газ истеҳсол мешавад. Ин барои истифода ба муддати 3-4 соат басанда аст”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин бону дастгоҳро як моҳ пеш дар ҳавлии ӯ насб кардаанд.

Бехатар ва фоиданок

Биореактор аз се қисм иборат аст. Он ба технологияи биореактори гибридӣ асос ёфта, барои коркарди поруи чорвою паррандаҳо пешбинӣ шудааст. Поруи бо об омехташударо ба биореактор ворид карда, барои истеҳсоли газ лозим аст, ки ҳарорати мутлақи на пасттар аз 15 дараҷа таъмин карда шавад. Дар натиҷа биогаз ва бионурӣ ҳосил мешавад.

Барои нигоҳ доштани гармӣ гармхона сохта шудааст. Дар дохили он ҳарорат маътадил нигоҳ дошта мешавад.

“Дар ҳолати сард шудани ҳаво мумкин аст, ки гармкунакҳои каммасрафро дар дохили гармхона фаъол кард. Ин технология аз ҳама ҷиҳат бехатар аст”,- гуфт намояндаи Нексигол Абдуҳабиб Охунҷонов.

Биогазро барои пухтани хӯрок ё гармкунии об истифода бурдан мумкин аст. Онро инчунин барои гармкунии молхонаҳо, гармхонаҳо ва барои дастгоҳҳои говдӯшӣ, мошинаи хошокмайдакунӣ истифода мебаранд.

Бояд гуфт, бионурие, ки маҳсули иловагии ин технология мебошад, дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳамчун нуриҳои органикӣ истифода мешавад.

Дар роҳи рушди иқтисоди сабз

Муовини роҳбари Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид хонум Лазима Онта Бхата гуфт, ин таҷрибаро Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD), ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ ва аз чониби ACDI/VOCA амалӣ мешавад, бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Он аз бисёр ҷиҳат манфиатовар буда, барои расидан ба яке аз ҳадафи асосии кишвар – рушди иқтисоди сабз нақши муҳим дорад.

Лазима Онта Бхата аз рост

“Ин як лоиҳаи озмоишӣ аст, ки мо онро моҳи июли соли 2024 оғоз карда будем.  Азбаски аз поруи гов биогаз ва нурихои органикӣ истеҳсол мешавад, истифодаи он барои хоҷагиҳо ва амнияти озуқаворӣ хеле муфид мебошад. Аз ин рӯ, мо бо Вазорати кишоварзӣ ҳамкории зич дорем ва умедворем, ки он пурмаҳсул идома хоҳад ёфт”,- афзуд хонум Лазима.

Кӯмак ба занон

Ба гуфтаи ӯ, мақсади ин лоиҳа кӯмак ба хонаводаҳое мебошад, ки таппак ё ҳезумро барои пухтупаз ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Маҳз барои иваз кардани истифодаи пору ва ҳезум, ки одатан боиси ифлосшавии ҳаво дар дохили хона мешавад, истифодаи биогази метан пешниҳод карда мешавад.

“Гази метан тавассути ин дастгох тавлид мешавад. Ба занон ва кӯдаконе, ки вақти зиёдро дар ошхона мегузаронанду ҳавои ифлосро нафас мегиранд, истифодаи чунин дастгоҳи муфид хеле саривақтист.

Инчунин, ба занҳо дигар лозим нест, ки вақти худро барои тайёр кардани таппак сарф кунанд. Боварии комил бар он дорем, ки онҳо ин вақтро акнун барои кори самараноктар ва нигоҳубини оилаҳои худ истифода баранд”,- гуфт намояндаи СММ.

Таҷрибаи нодир ва нақшаҳо барои оянда

Гуфта мешавад, намудҳои гуногуни ин технология дар Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла дар Ҳиндустон ва Непал солҳои зиёд истифода мешаванд. Дастгоҳе, ки ҳоло дар ин хона насб гардидааст, аз Ҳиндустон дастрас мешавад.

“Азбаски барои Тоҷикистон ин технология нав аст, мо ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ роҳандозӣ карда истодаем. Умедворем, ки он метавонад бомуваффакият паҳн шавад ва бисёре аз хонаводаҳо ё тиҷорати хурд аз он баҳра баранд.

Таҷҳизоти биореактор аз Ҳиндустон ворид шуда, ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Истеҳсоли ин гази табиӣ безарар ва барои сарфаи буҷаи оила хеле мувофиқ аст”,- гуфт хонум Лазима.

Гуфта мешавад, айни замон дар нақша ҳаст, ки дар 20 хоҷагии гуногуни вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин намуд дастгоҳ насб карда шавад.

Технологияи биореакторӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD), ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ ва аз чониби ACDI/VOCA амалӣ мешавад ва ташаббуси БРСММ оид ба “Зарфиятсозии занони деҳот тавассути беҳтаркунии дастрасӣ ба энергияи барқароршаванда бо истифода аз биореактор” ҷорӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар ҳамкории зич бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаи ҳамкории он бо Нексигол оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend