Фариштамоҳ Ашурова нисфи умри худро сарфи нонпазӣ кардааст. Ӯ беш аз 10 сол аст, ки дар Душанбе нонвойхонаи худро дорад ва ҳар рӯз барои мизоҷонаш нонҳои тоҷикӣ мепазад. Холаи Фариштамоҳро соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе даъват карда буд. Президент дар пойтахт ӯро ҳам бо нонвойхонаи шахсӣ ва ҳам бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудааст.
Фариштамоҳ Ашурова ба Your.tj аз чӣ гуна нонпаз шудану зиндагиву фаъолияташ дар Душанбе нақл кард.
Соли 2010 президент ҳангоми тақдими хонаҳои нав ба зарардидагони сел дар Кӯлоб холаи Фариштамоҳро мебинад ва нонҳо пухтаашро мечашад. Кори дасти хола ба президент писанд меояду пешниҳод мекунад, ки ӯ ба Душанбе бикӯчад ва сокинону меҳмонони пойтахтро бо нонҳои болаззаташ таъмин кунад. Холаи Фариштамоҳ ин пешниҳоди президентро қабул мекунанд.
“Президент пешниҳод кард ман низ қабул кардам”, – мегӯяд, холаи Фариштамоҳ.
Пас аз ба Душанбе омадан, ду соли аввал ӯро бо ҷои зист ва кор таъмин мекунанд ва пас аз ду соли фаъолият аз ҷониби президент ба хола хонаи истиқоматии шахсӣ ва нонпазхона туҳфа мекунанд. Ҳоло нонпазхонаи холаи Фариштамоҳ дар гулгашти Ҳофизи Шерозӣ ҷойгир аст, ки хола он ҷо бо ду духтараш кор мекунад. Ба ғайр аз нонҳои тоҷикӣ ба монанди чапотӣ, фатир, кулча ва гирдача онҳо хӯрокҳои миллӣ ба монанди шакаробу фатиршӯрборо низ омода мекунанд.
Кори холаи Фариштамоҳ соати 2 – и шаб оғоз мешавад, хамиркуниву нонпазиро ӯ пурра бар души худ гирифтааст, духтарҳо бошанд танҳо хӯрок омода мекунанд. Қаҳрамони мо дар як рӯз 2 халта ордро хамир карда нон мепазад.
“Пештар метавонистам дар як рӯз 5 халта ордро нон пазам, вале акнун синну солам рафтааст ва қувватам танҳо ба ду халта мерасад. Бештари нонҳоро тибқи дархости пешакӣ, барои тую маъракаҳо мепазам.
Вақте занҳои ҳамсоя мефаҳманд, ки ман нисфи шаб ба кор меоям, дар ҳайрат мемонанду мегуянд, ки “Шумо барои хоб рафтану истироҳат кардан кай вақт меёбед?”. Мегӯям, пир ки шудӣ, дигар хоби чӣ мекунӣ? Шаб як ду соат хоб мекунам, ҳамин бароям кифоя аст, ки бо қувваи нав ба кор равам”, – нақл мекунад, холаи Фариштамоҳ.
Холаи Фариштамоҳ мегӯяд, ки дар баробари муштари зиёд доштан боз мардум дар тӯю маъракаҳояшон нону кулча фармоиш медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ки кӯшиш мекунад, касе аз дӯконаш норизову ноумед наравад.
“Агар фармоишҳои зиёд бошаду вақт кам, ман аз соати 2-и шаб неву аз соати 1-и шаб ва баъзан аз ин ҳам барвақт меоям, чун ба ғайр аз фармоишот нонҳои маро боз муштариёни ҳаррӯзаам интизоранд. Боре ҳам нашудааст, ки онҳо аз дукони ман норозӣ ва ноумед рафта бошанд”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.
Холаи Фариштамоҳ мегӯяд, бо боло рафтани нархи орду равған, вазну сифати нонҳои худро тағйир надодааст. Ӯ иқрор мешавад, ки танҳо арзиши маҳсулоти харидаашро ҳисоб мекунаду ҳаққи меҳнаташро монда, мефурӯшад.
“Бо ин вуҷуд баъзе харидорон мегӯянд, ки нонҳоятон қимат аст. Вале аз сифату маззаи нон то ба ҳол касе шикоят накардааст, ки барои ман ин бисёр муҳим аст”, – мегӯяд, хола.
Холаи Фариштамоҳ аз ҳунари нонпазиаш фарзандонашро калон кардаву хонадор намудааст ва ҳатто бо пули меҳнаташ ба зиёрати каъба низ рафтааст. Ӯ ин касбро даврони мактабхонӣ аз модараш омӯхтааст ва ҳама мувафақиятҳояшро мадюни ӯст.
“Ман фикр мекунам, ки ҳар як зани тоҷик бояд аз уҳдаи нонпази барояд. Агар наметавонанд, марҳамат ба нонпазхонаи мо биёянд, ман тайёрам, ки ба онҳо нонпазиро омӯзонам. Ман худам аз модарам ин ҳунарро омӯхтам ва аз ин шукр мекунам. Агар модарам ба ман ин ҳунарро ёд намедоданд, шояд ман имрӯз ин ҷо набудам”, – мегӯяд, холаи Фариштамоҳ.
Қаҳрамони ҳанӯз аз соли 1975 дар як нонпазхонаи шаҳри Кӯлоб ба кор даромада буд ва аз ҳамон давра ҳамчун пазандаи нонҳои хушмазаву хушнамуд ном бароварда буд.
“Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нонвойхона аз кор монд, ман ки бекор нишаста намет авонистам минбаъд тибқи фармоиш ба тӯйҳо мерафтаму нон мепухтам. Агар дар як рӯз ба ду маърака барои нонпазӣ даъват мешудам, шаб ба якеаш мерафтаму рӯз ба дигараш. Ҳамин тавр зиндагиаямро пеш мебурдам”, – нақл мекунад, нонпази номӣ.
Гарчанде, ки синни холаи Фариштамоҳ ба ҷое расидаву соҳиби 15 набера ва 8 абера шудааст, ҳанӯз ҳам чаққону боқувват аст. Хола мегӯяд ба ин наздикиҳо нияти бас кардани нонпазиро надорад ва то вақте қувват дар бадан дорад нон мепазад. Харидорон ҳам имрӯз мазаи дасти холаи Фариштамоҳро медонанд ва нонҳои холаи Фариштамоҳ гуфта, аз ҳар кунҷи шаҳр ва минтақаҳои Тоҷикистон ба нонпазхонаи ӯ меоянд.
Муборак Қосимзода