fbpx

Дар як ноҳияи Бадахшон барои ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ аз ҳоло омодагӣ мегиранд

Шумораи онҳоро ҳисоб ва аз муоинаи пешакии тиббӣ мегузаронанд.


0
Дар Бадахшон ба даъвати ҳарбӣ омодагӣ мегиранд
Акс аз бойгонии сомонаи "Азия-Плюс"

Раиси ноҳияи Шуғнон дар як ҷаласае ба раисони ҷамоатҳои деҳот ва коммисариати ҳарбӣ супориш додааст, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи навбатии соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муайян намоянд.

“Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли моликият уҳдадор гардиданд, ки рӯйхати шаҳрвандони синни даъватиро ба комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод ва дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд”,- хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Кори дигаре, ки раисону ҷамоатҳо барои иҷрои он масъул шуданд, ин то 1 октябри соли 2023 даъватшавандагони солҳои таваллудашон 1996 то 2005-ро аз муоинаи пешакии тиббӣ гузаронида, барои дар санаи муайяншуда ба хизмати ҳарбӣ равон намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ин дар ҳолест, ки аксаран дар рӯзи аввали мавсими даъвати ҳарбӣ ВМКБ дар бораи иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар медиҳад. Дар даъвати баҳории имсола низ ин вилоят якум шуда, аз иҷрои пурраи нақша ҳисобот дода буд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат – моҳҳои апрелу май даъвати баҳорӣ ва октябру ноябр даъвати тирамоҳии ҷавонони синни аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сурат мегирад.

Даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба тарзу роҳҳои гуногун мегузарад. Мақомот барои “ҷалб”-и ҷавонон ба хизмат фишорҳои гуногун, аз ҷумла гаравгонгирии волидон, буридани хати барқ ё бастани дари масҷидҳоро ба роҳ мемонанд.

Сабаби асосии гурехтани даъватшавандагон аз хизмат ин меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад.

Суди олии Тоҷикистон моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки навораш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, гунаҳкор ва аз 9 то 11 солӣ зиндонӣ кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend