Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пас аз 4 моҳу 17 шабонарӯз дар боздошт будан, рӯзи 17-уми сентябр раҳо шудааст.
Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ менависад, ки ҳамроҳи ӯ Аслиддин Меликзода, муовини пешини ӯ дар фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ низ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт раҳо шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо барои ин 300 миллион сомонӣ – баробар ба қариб 32 миллион доллар супурдаанд.
Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи худ, ки ному вазифаашро махфӣ доштааст, менависад, ки “чораи пешгирӣ аз ҳабс дар нисбат ба онҳо тағйир кардааст, вале парвандаашон қатъ нашудааст ва онҳо ваъда додаанд, ки беш аз 700 миллион сомонии дигар (наздики 74 миллион доллар)-ро мепардозанд”.
Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи фурудгоҳи Душанбе чор моҳ пеш бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буд.
Дар бораи ҷуброни зиён ва озодии шартии ин афрод мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз расман хабар надодаанд.
Исматулло Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода раиси фурудгоҳ таъйин шуд.