Парчами Қирғизистон дар деҳаи наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон

Қирғизистон дар як деҳаи наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон парчами худро барафрохтааст

Дирӯз, 28-уми май дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд парчами Қирғизистонро барафрохтаанд. Ин деҳа дар сарҳад бо Тоҷикистон қарор дорад. Дар маросими ботантана раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев ширкат доштааст.

Акс аз Какту-медиа

“Ҳамчунин, дар ин маросим мақомоти маҳаллӣ ва сокинон иштирок карданд”,- менависад расонаи қирғизии Катус-медиа.

Тошиев мардуми деҳаи Мақсадро каҳрамон хонда, гуфтааст, “давлат ҳама корро мекунад, то мардум дар сулҳу шароити хуб зиндагӣ кунанд”.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, сарпарастони ин иқдом соҳибкорон Исманалӣ Ҷороев ва Одилбек Абдиқодиров будаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъйин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст. Дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли гузашта аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд.

Skip to toolbar