fbpx

Баргузории ҷашнвораи ҳафтуми Go Viral дар Душанбе. Намояндагони соҳаи фарҳанг, ВАО, тиҷорат ва технология аз чӣ гуфтанд

Манижа Бобоқулова, сафири Go Viral дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ду соли охир таваҷҷуҳ ба ин ҷашнвора ба таври назаррас афзудааст.


0
Ыашнвораи Go Viral дар Душанбе

Рӯзҳои 26-27-уми май дар кинотеатри “Зебуннисо”-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи 7-уми Go Viral баргузор гардид. Дар бахшҳои тиҷорат, технология, ВАО ва фарҳанги фестивал беш аз ҳазор нафар шунавандагону баромадкунандагон иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе барои баррасии мушкилот, роҳҳалҳо ва ёфтани посухҳо ба пурсишҳои муҳим аз соли 2017 инҷониб гирди ҳам меоянд.

Манижа Бобоқулова, сафири Go Viral дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ду соли охир таваҷҷуҳ ба ин ҷашнвора ба таври назаррас афзудааст.

“Бо мақсади рушди ҷомеа дар шароити ҳамкориҳои муассир мо одамони эҷодкор, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ҳамфикронро гирди ҳам овардем. Мо мутахассисони созмонҳои хурду бузургро даъват кардем, то дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ, чӣ тавр фоида ба даст овардан аҳамияти масъулиятшиносӣ ва инкишофи ихтисосҳои замонавӣ дар соҳаҳои мухталиф суҳбат суҳбат кунанд.

Масъулини Go Viral 2023 дар Душанбе

Имсол мо имкон пайдо кардем, ба фестивал мутахассисони Қазоқистону Узбекистон ва ИМА-ро ҷалб кунем. Ҷашнвора тамоми ҳамфикронро новобаста аз синну сол, дар фазои ғайрирасмӣ ва дӯстона гирд овард”,- гуфт ӯ.

Go Viral – майдон барои навоварон ва эҷодкорон барои табодули таҷриба

Ҷашнвора бо сухани ифтитоҳии сарвари минтақавии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ Абахон Султоназаров, сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва сарвари минтақавии Spirit of America Зак Баззи оғоз ёфт.

Абахон Султоназаров бо хушҳолӣ аз шумораи зиёди иштирокдорони ҷашнвора таъкид намуд, ки Go Viral як лоиҳаи минтақавӣ буда, барои эҷоди шабака ва ҷамъияти намояндагони касбу кори гуногун аз кишварҳои гуногун имконият фароҳам меорад.

Ҷашнвораи Go Viral дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Ҳамчунин қайд намуд, ки соли дуюм “шарафи баргузор кардани ин ҷашнвораи бошукуҳ бар души IWPR дар Осиёи Марказӣ вогузор шудааст”.

“Go Viral як майдони минтақавӣ мебошад, ки имкон медиҳад миёни пешвоёни афкор, навоварон ва эҷодкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои табодули афкор, мусоидат барои расидан ба ҳадафҳо, инчунин ҳалли мушкилот иртибот барқарор шавад”,- таъкид намуд ӯ.

Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер аснои ироаи сухани ифтитоҳии худ қайд кард, ки ИМА бо Тоҷикистон барои тавонмандсозии насли оянда ҳамкорӣ мекунад, зеро “иқтисоди худро бо ҳам рушд медиҳем”.

“Бо татбиқи навоварӣ шумо барои Тоҷикистон ояндаи фарогир, ҳаяҷонангез ва умедворкунандаро эҷод мекунед. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон мизбони яке аз қавитарин шабакаҳои Go Viral дар Осиёи Марказӣ аст”,- гуфт Микаллер.

Иштирокдорони ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе

Сарвари минтақавии Spirit of America ва шарики IWPR Зак Баззи таъкид кард, ки ҳеч як чорабинӣ ин қадар одамони гуногун – соҳибкорон, рӯзноманигорон, навоварон, рассомон, пешвоёни афкор, тарроҳон ва умуман, хаёлпарастонро ҷамъ намекунад. Дар идомаи суханрониаш инчунин таъкид намуд, ки “ҳеч рӯйдоде мисли Go Viral ҷавононро барои орзуҳои бузург ва амалӣ шудани он орзуҳо ангеза намебахшад”.

“Мо муътақидем, ки беҳтарин роҳ барои дастёбӣ ба тағйироти мусбати устувор ин шарикӣ, муколамаи фарҳангҳо, забонҳо ва нуқтаи назари гуногун аст. Зеро маҳз тафовути дидгоҳҳои мо барои навоварӣ, эҷодкорӣ ва ҳалли мушкилот мусоидат мекунад”,- афзуд ӯ.

Мавзӯи ҷашнвораи имсола “Go Viral 2023: Илҳом бигир ва муошират намо” унвон дошт.

Дар ду рӯзи ҷашнвора беш аз 30 нафар мутахассисон ва баромадкунандагон дар самтҳои мухталиф бо иштирокдорон сессия ва мастер классҳои фоиданок доир карданд.

Аз ҷумла, дар рӯзи аввал дар се толори кинотеатри “Зебуннисо” дар чаҳор самт – расона, тиҷорат, ТИК ва фарҳанг ҷаласаҳои мубоҳисавӣ баргузор шуд.

Коршиносону мутахассисони маъруфи кишвар аз асрори касбу кори худ ба ҷавонони тоҷик қисса карданд.

Расонаҳо ва блогнависӣ дар Тоҷикистон: Чӣ буд? Ҳоло вазъ чӣ гуна аст? Оянда чӣ мешавад?

Наргис Қосимова, Фаридун Замонов, Рафаэл Гулов, Манижа Аҳмадова ва Ҳабибҷон Баҳриддинов дар бобати расонаҳо, рӯзноманигорон ва блогерони маъруфи тоҷик суҳбат карданд.

Дар он нуқтаҳои ҷолиби мавзӯи мазкур тавассути саволу посухи байни баромадкунандагон ва иштирокдорон кушода шуданд. Фаридун Замонов ба мутахассисон аз паҳлуҳои гуногун савол дода, мушкилот ва роҳи ҳалли соҳаро бозтоб намуд.

Суҳбат дар мавзуи блогерон дар Душанбе

Нахустсаволи ин ҷаласа он буд, ки диплом дар интихоби касб чӣ нақш дорад? Ба ақидаи сухангӯён донишу хоҳиш, истеъдод ва фаҳмидани ин ки шумо чӣ мехоҳед, хеле муҳимтар мебошад.

“Кореро анҷом бидиҳед, ки дилатон мехоҳад”,-изҳор дошт Наргис Қосимова.

Аз ҷумла, ӯ зикр намуд, ки ахиран ба блогерӣ шурӯъ кардааст.

“Имрӯз ман мефаҳмам, ки аудиторияи мақсадноки ман онҳое ҳастанд, ки руҳан ба ман наздиканд. Умедворам ки дар оянда шумораи пайравони ман зиёд мешавад”,- афзуд ӯ.

Дар бораи тамоюлҳо

Манижа Аҳмадова нақл кард, ки соли 2002 вақте ба “Азия-Плюс” омад, баъзе ҳамкорон пешгӯӣ мекарданд, ки умри радио ба поён мерасад, вале пурсишҳо нишон медиҳанд, ки радио то имрӯз шунавандагони худро дорад.

“Барои аз даст надодани аудитория бояд онро эҳсос кунед”.

Дар бораи муҳтавои YouTube ва Instagram

“Ман дар Instagram ва YouTube муҳтавои гуногун нашр мекунам, зеро онҷо ду аудиторияи гуногун ҳаст”,- мегӯяд Рафаэл.

Ба гуфтаи ӯ, аудиторияи Ютуб нисбатан сину соли калонтар аст, ба он ҷо одамоне меоянд, ки пас аз як рӯзи корӣ мехоҳанд наворҳои тӯлонитар тамошо кунанд. Дар ҳоле ки Instagram дорои аудиторияи ҷавонтар аст ва барояшон муҳим аст, ки иттилоъро дар вақти камтаре дарёфт кунанд.

Дар бораи standup дар Тоҷикистон

Ҳабибҷон Баҳриддинов ба хотир овард, ки замони ба standup оғоз карданаш дар Тоҷикистон он тақрибан вуҷуд надошт.

Ӯ таъкид намуд, бо таваҷҷуҳ ба менталитети аудитория муҳтаво эҷод бояд кард

“Пас аз чанде, тамошобинон ҳаҷви мураккабтарро талаб мекунанд”,- гуфт ҳаҷвнигор.

Аз рӯи таҷрибаҳояш мисол оварда, қайд намуд, ки забони ҳаҷв он қадар муҳим нест. Хоҳ тоҷикӣ бошад, хоҳ русӣ, муҳим ин ки ба мардум наздиктар шавед.

Ба ақидаи Наргис Қосимова набояд муҳтавои блогерон ҳатман барои аудитория муфид бошад. “Оё муҳтавои шумо бояд муфид бошад? Не! Ҳеч кас аз касе қарздор нест. Имрӯз рисолати мо хушбахт будан аст”,- таъкид намуд ӯ.

Аз ҳама муҳим, мегӯяд Наргис, ба зӯроварӣ, парокандагӣ ва бар хилофи арзишҳо даъват накунед.

Ба таъкиди Манижа Ахмедова расонаҳо дар муқоиса бо блогерон бояд масъулияти иҷтимоӣ дошта бошанд “Зеро мо барои навиштаи худ масъулем”,- афзуд ӯ.

“Агар шумо самимӣ бошед, аудитория инро эҳсос мекунад”,- илова кард Рафаэл.

Ҳабибҷон мегӯяд, блогерҳо дар назди аудиторияи худ масъуланд: “Мо худамон сензураро барои худ эҷод мекунем – ман дашном надодан, аудиторияро ба роҳи бад набурданро дар назар дорам”.

Дар ҷашнвораи Go Viral дар бораи блогерон суҳбат карданд

Дар бораи мушкилоти “хейт”

Рафаэл Гулов бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти “хейт” ё шарҳҳои нописанд нисбати муҳтаво зикр намуд, ки дар оғоз бо “хейт” мубориза бурдан барояш душвор буд. Вақте ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард, танҳо нафароне наздаш меомаданд, ки дар борааш сухани мусбат доштанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон шахсро дар рӯ ба рӯяшон намебинанд ва таҳқир кардан осонтар аст.

Ба гуфтаи Наргис Қосимова, ояндаи наздик дар Тоҷикистон блогерони коршинос пайдо мешаванд, мардум ба фурӯхтани курсҳои худ шурӯъ мекунанд.

Фаъолияти глобалӣ дар шароити инқилоби рақамӣ

Дар ҷаласаи дигар оиди мавзӯи афзоиши фаъолияти ҷаҳонӣ ва тавонмандсозӣ дар шароити инқилоби рақамӣ Меган Уорд тоҷири амрикоӣ суханронӣ кард.

Меган бунёдгузор ва мудири кулли оҷонси брендсозии Femology аст ва бо истифода аз таҷрибаи худ бо мисолҳои мушаххас мавзӯи суҳбатро бозтоб намуд. Ба гуфтаи ӯ, ин таҷрибаҳо барои ошкор кардани баъзе меъёрҳои ҷомеа, ки бар асари онҳо бисёре аз занҳо натавонистаанд дар касбашон пешрафт кунанд, кумак кардааст. Вай бо як илҳоми хоса дар бораи чӣ тавр таъсис додани Femology, аввалин маркази коворкинг (coworking – кори муштарак) дар Детройт нақл кард, ки барои занҳо нигаронида шудааст.

“Femology чизе бештар аз як фазои идорӣ барои занон аст. Femology шеваи муносибати занони соҳибкорро ба худ ва ҷамоаҳои худ тағйир дод ва барои тавсеаи тиҷораташон ба онҳо кумак расонд”,-таъкид намуд Меган.

Ӯ бо руҳбаландӣ изҳор дошт, ки мавқеи беназири Femology беш аз 15 000 занро аз қишрҳои мухталифи ҷомеа гирди ҳам оварда, ба онҳо имкони дастрасӣ ба фурсатҳои мухталифро медиҳад. Бар илова, он ба рушди муносибатҳои байни наслҳо, ки аксар вақт дар муҳити касбӣ нокифоя буданд, саҳм гузоштааст.

Меган ба соҳибкорони ҷавон ва навкор тавсия дод, ки зовияи беназири худро дар як мушкили хос пайдо намоянд ва таваҷҷуҳро ба малакаҳо ва имкониятҳое, ки аллакай вуҷуд доранд, ҷалб кунанд.

Ҷаласаи тенологӣ дар ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе

Бренди шахсӣ чист?

Мутахассиси PR ва иртибот аз Узбекистон Мадина Рӯзматова бо иштирокдорони ҷашнвора дар нимаи дуюми рӯз бозии интерактивии “Ман чӣ гуна чеҳраи ҷамъиятӣ ҳастам” баргузор кард. Ӯ дар бораи аҳамияти бренди шахсӣ суҳбат кард.

“Бренди шахсӣ на ҳамеша дар бораи пул, аммо ҳамеша дар бораи таъсиргузорӣ аст. Аммо, агар чунин ҳадаф вуҷуд дошта бошад, таъсиргузориро ба пул табдил додан мумкин аст. Бренди шахсӣ ба шумо кумак мекунад, ки дар бораи шумо суҳбат кунанд, дар бораи шумо фикр кунанд”,- мегӯяд Мадина.

Технологияи брендинги шахсӣ барои тиҷорат, барои шахсиятҳои маъруф ва барои сиёсат гуногун аст, аммо дар сохтани брендинг барои сиёсат ва шоу-бизнес шабоҳат вуҷуд дорад.

Иштирок дар ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе

Муҳтаво гуногун аст, мисли шумораи пайравон, аммо ин бренди шахсӣ нест.

“Агар ман Instagram-ро аз шумо бигирам, шумо нест мешавед. Бренди қавии шахсӣ маҷмӯи иртиботот аст”,- мегӯяд Мадина.

Чӣ тавр мефаҳмем, ки бренди шахсии қавӣ дорем? Вай мегӯяд, маъруфият танҳо дар асоси як муҳтаво корагар намешавад.

“Дар бораи шумо бояд расонаҳо нависанд, дар бораи шумо аудиторияи мақсадноки шумо бояд бигӯяд ва бинависанд. Бренди шахсӣ муҳтаво аст, аммо на танҳо муҳтавое ки аз ҷониби шумо офарида шудааст”,-таъкид намуд ӯ.

Ин ҷаласа бо бозие ба охир расид, ки дар он ҳар кас шахсияти худро ба тасвир кашид.

Рӯзи аввали ҷашнвораро суруду мусиқии ITCC Afghan Band, Табрез Халилов, Қурбон Халилов ва Даниэл Рустамов ҳусни анҷом бахшиданд.

Консерт дар ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе

Чеҳраи идеалӣ муҳим нест. Чӣ тавр ба шабакаҳои иҷтимоӣ бояд роҳ кушоем?

Дар рӯзи дуюми ҷашнвора низ ҷаласаҳои муфид идома ёфтанд. Иштирокдорон бо рӯҳияи баланди рӯзи аввал ба макони баргузории ҷашнвора ҳозир шуданд. Толорҳои кинотеатри “Зебуниссо” мисли рӯзи аввал пур буданд.

Мутахассисони бахшҳои гуногун бо иштирокдорон табодули таҷриба карданд. Аз ҷумла, дар бахши медиа Стас Чеботар дар мазӯи “Наворро аз таҳи дил бигир: чӣ тавр навори иҷтимоии сертамошобин бояд гирифт” мастер класс доир кард.

Ҷаласа дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе

Ӯ зикр намуд, ки барои ба шабакаҳои иҷтимоӣ баромадан чеҳраи зебову идеалӣ муҳим нест.

“Ҳеҷ кас идеалӣ шуда наметавонад. Хейтҳоро мегӯед, бигзор бошанд. Ба онҳо метавонед бепарво ҷавоб диҳед ё беҷавоб гузоред”,- афзуд ӯ.

Ҳамчунин дар бораи малакаҳои наворбардорӣ,тарзи пешбурди саҳифаҳои иҷтимоӣ ва алгоритми паҳни навор дар шабакаҳо низ аз таҷрибаи хеш гуфт. Ба ақидаи Стас дар замони муосир бояд ҳар як кас дорои саҳифаи шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад.

“Агар шумо дар интернет нестед, пас бубахшед, шумо дар ҳеҷ куҷо нестед. Шумо бояд интернетро ба нафъи худ истифода бурданро омӯзед. Муҳтавои хуб баробар ба пайравони зиёд ва пайравони зиёд баробар ба даромад аст”,- афзуд ӯ.

Ба таъкиди мутахассис муҳимтар аз ҳама гузоштани қадами аввал дар ин самт аст. Бояд ин корро барои худ кард ва гуфтаи атрофиён набояд монеи эҷоди шумо бошад.

иштирок дар ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе

Дар охири ин мастер клас Стас иштирокдоронро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, супориш дод, ки навор сабт карда, дар саҳифаҳои худ гузоранд. Барои соҳибони беҳтарин наворҳо ӯ ваъда дод, ки соати махсус оиди навору шабакаҳои иҷтимоӣ мегузарад.

Дар қисмати дуюми рӯз Фарзона Саидзода дар мавзӯи “Чӣ тавр ба таври муассир паҳн кардани ғояҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар Instagram” презентатсия ба намоиш гузошт.

Толорҳои дигари кинотеатри “Зебуниссо” низ фазои омӯзишӣ доштанд. Мутахассисони гуногун дар бахшҳои фарҳанг, технология ва тиҷорат ба иштирокдорон табодули таҷриба мекарданд.

Расмкашӣ дар ҷашнвораи Go Viral дар душанбе

Барномаи консертии гурӯҳи Pipeline Vocal Project ва гурӯҳи Авесто анҷомбахши рӯзи дуюм ва соли ҳафтуми ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе шуд.

Go Viral ҷашнвораи минтақавӣ ва ҳарсолаест, ки барои баҳамоӣ ва ташкили ҷомеаи намояндагони ВАО, тиҷорат, фарҳанг ва технология дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак мекунад. Лоиҳа аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ карда мешавад.

Аз октябри соли 2021 лоиҳа аз ҷониби Институти ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ, амалӣ карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend