Дар вилояти Бодканд насби монеаҳои симхор дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардиданд. Дар ин бора 24.kg дар такя ба иттилои Хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар ин вилоят хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, насби монеаҳо дар нуқтаи пайванди марзи се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон оғоз шудааст.
Дар маросими оғози ин кор Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон ба таври онлайн ва дигар шахсони мансабдори ин кишвар ҳузурӣ иштирок кардаанд.
Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал насби монеа аз симхор дар масофаи 420 километр ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки он то охири соли 2025 ба анҷом расонида мешавад.
13 марти соли ҷорӣ президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар шаҳри Бишкек созишнома оид ба сарҳади давлатии ду кишварро ба имзо расониданд.
Ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаи ҳассос тақрибан пас аз 23 сол даст ёфтанд.