Абдували Ахмадали, выигрывший миллион

“Ин нахустин миллиони ман нест”. Тоҷикистоние, ки дар Дубай $1 млн бурд карда буд, пайдо шуд

Дар лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки 1 феврали соли 2023 баргузор шуд, Абдувалӣ Аҳмадалӣ, зодаи Тоҷикистон 1 миллион доллар бурд кард. Аммо муддати тӯлонӣ аз худ дарак надод.

Рӯзи 15 феврал акси ӯ бо бурдаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Муаллифи Your.tj Файзуллохон Обидов барои гирифтани тафсилоти бештар бо Абдувалӣ Аҳмадалӣ тамос гирифт.

Миллионере, ки ҳама дар ҷустуҷӯяш буд

1 феврали соли 2023 дар терминали 2 – юми Фурудгоҳи Байналмилалии Дубай, бузургтарин бандари ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб, қуръакашии 413 – уми Duty Free Millennium Millionare баргузор шуд.

Бурди бузургтарин – 1 миллион долларро шаҳрванди Тоҷикистон, Абдувалӣ Аҳмадалӣ ба даст овард. Дар ин бора дафтари матбуоти фурудгоҳи Дубай хабар додааст.

Баъдан нашрияи Gulf News (АМА) эълон кард, ки Аҳмадалӣ ҳанӯз аз худ дарак надодааст, аммо ӯ метавонад дар фурсати барояш муносиб барои бурд ба маъмурияти лотерея муроҷиат кунад.

Ба навиштаи нашрия, Абдувалӣ 16 – уми январи соли ҷорӣ чиптаи лотереяи бурдноки рақами 4226 – ро тавассути интернет харидорӣ кардааст.

Ӯ аввалин тоҷикистоние шуд, ки дар лотереяи фурудгоҳи Дубай 1 миллион доллар бурд намуд.

 

Абдувалӣ Аҳмадалӣ як миллион доллари худро қабул кард

Аҳмадалӣ кист?

Абдувалӣ Аҳмадалии 31 – сола зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аст. Вай аз рӯи ихтисос барномасоз – иқтисодчӣ аст. Дар caromoto.com – хизматрасонӣ барои харидани мошинҳо аз ИМА кор мекунад.

Аз соли 2007 инҷониб Абдувалӣ дар Дубай зиндагӣ мекунад. Забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва ӯзбекиро медонад.

Дар ҳамин ҳол, ҷавон аз суҳбат дар бораи чӣ гуна сарф кардани бурдҳояш худдорӣ кард.

“Ин нахустин миллиони ман нест. Ман аллакай тасмим гирифтам, ки чӣ гуна онро сарф кунам, аммо намехоҳам дар ин бора суҳбат кунам», – гуфт Абдувалӣ ба Your.tj.

Ин чӣ гуна лотерея аст?

Лотереяи Duty Free Millennium Millionaire аз соли 1999 инҷониб баргузор мегардад. Он ба иштирокчиён имкони дарёфти 1 миллион доллари амрикоиро пешниҳод мекунад.

Бозиҳои лотерея дар тӯли сол бо фосилаи 2 – 3 ҳафта дар маҷмааи савдои Dubai Duty Free гузаронида мешаванд.

Нархи як чипта 1000 дирҳами арабӣ (278 доллар) аст.

Илова бар ин, шумораи чиптаҳое, ки як мусофир харида метавонад, маҳдуд нестанд.

Имконияти бурди 1 миллион доллар дар ҳар 5000 чипта як маротиба ба даст меояд.

Зимнан, тавре ки дар сомонаи фурудгоҳи Дубай хабар дода шудааст, дар чунин чорабиниҳои савдои бебоҷ дар Дубай, ба мисли Millennium Millionaire ва Finest Surprise Cars/bike (барои мошинҳо/мотосиклҳо) метавонанд ҳамаи муштариён, аз ҷумла, шаҳрвандони хориҷӣ иштирок кунанд.

“Агар шумо ҳатто нақшаи сафар надошта бошед, чиптаҳои лотереяро метавонед тариқи онлайн дар веб – сомонаи мо ё аз мағозаҳои савдои бебоҷи Дубай дар мағозаи Irish Village Shop ва аз кассаи FS дар меҳмонхонаи Jumeirah Beach харидорӣ кунед”,- гуфта шудааст дар сомонаи ширкати Dubai Duty Free.

Муштарӣ метавонад чиптаро ҳангоми сафар ё ҳангоми боздиди веб – сомонаи www.dubaidutyfree.com бихарад.

8 бурди нотакрор

Дар тӯли 23 сол 8 нафар ҳамчун ғолибоне сабт шудаанд, ки ду маротиба бахташон баландӣ кардааст. Яъне онҳо аз лотереяи Millennium Millionaire ду бор чиптаҳои бурднок гирифтаанд.

Масалан, ба иттилои хабаргузории Gulf News, Амит Сарафи 48 – солаи зодаи Ҳиндустон дар ин қуръакашӣ мошини Mercedes Benz S500 бурд кардааст.

Ӯ гуфтааст, чанд сол боз дар лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire иштирок мекунад. Ниҳоят 20 январи соли 2021 барандаи ҷоизаи асосии 1 миллион доллар шудааст.

Пас аз гирифтани бурд Сараф аз Бангалор ба Дубай кӯчид. Ширкати савдои интернетии худро низ ба ин ҷо овард.

Дар ин лотерея то кунун намояндагони 49 кишвари ҷаҳон 1 миллион долларӣ бурд кардаанд.

Skip to toolbar