fbpx

“Ин бор фарқкунанда буд”. Тамошобинон дар “Шабе дар Осорхона” чӣ диданд

Муаллифи мо дар барномаи байналмилалии фарҳангию фароғатии "Шабе дар осорхона" ширкат намуда, назари тамошобинонро ҳам пурсид.


1
1 point
Шабе дар осорхона

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дирӯз, 18-уми май, сокинону меҳмонони пойтахт аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид карданд. Муаллифи Your.tj дар барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар Осорхона” ширкат намуда, дар робита ба ин назари тамошобинонро ҳам пурсид.

Барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар Осорхона” шоми дирӯз, 18-уми май, соати 18:00 оғоз шуд ва то соати 23:00-и шаб идома кард. Даҳҳо сафирону садҳо меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони кишвар дар доираи ин чорабинӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид карданд.

Меҳмонони хориҷӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” дар Тоҷикистон баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал соли 2013 доир шуд. Инак, 10 сол мешавад, ки ин чорабинӣ таҷлил мегардад.

Дар Осорхона чиро ба намоиш гузоштанд?

Имсол дар доираи баргузории “Шабе дар Осорхона” 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида шуд.

Дар доираи ин барнома дар осорхона намоиш ва маҳфилҳои Шоҳзодаи Фархорӣ, Маликаи Сосониён – Бурондӯхт, Умари Хайём, Абӯрайҳонӣ Берунӣ, ва маснавихонӣ гузаронида шуд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ҳамчунин, “Дарси устоду шогирд – хушнависӣ” ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ ташкил ва манзури тамошобинон гардид.

Намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастони “Ҳино”, намоиши олами вуҳуш, инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи “Космо ленд” ташкил ва гузаронида шуд.

Намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ба иловаи ин, дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон” намоиш дода шуд.

Назари тамошобинон чӣ гуна буд?

Ҳалими Ибодулло, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, борҳо ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омадааст, “вале ин бор фарқкунанда буд”.

Ба андешаи ӯ, тамошо бо тамошобинони бисёр ҷолиб ва шавқманд кунанда аст. Ҳарчанд ду-се соат идома кунад ҳам, хастагиро эҳсос намекунад.

Даромадгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон

“Ман пештар борҳо ба Осорхонаи миллӣ омада будам, вале тамошобинон кам буданд. Ҳоло ин қадар тамошобинро дида, шод шудам. Ҳатто меҳмонони хориҷӣ ба чорабинӣ омадаанд. Ин таблиғу тарғиби Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар хоҳад буд”,- мегӯяд Ҳалими Ибодулло.

Ба таъкиди ӯ, “дар доираи барномаи “Шабе дар Осорхона” имкон ҳаст, ки натанҳо тоҷикистониён, балки меҳмонони хориҷиро ҷалб намуда, заминае барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон гузорем”.

Тамошои Осорхонаи миллӣ

Олег Василий, як меҳмони хориҷӣ, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, дар барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” ширкат намуда, аз таърихи дур ва наздики Тоҷикистон ва ҳунару фарҳанг огаҳӣ ёфтааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, “қадимтарин асбобу олоти корӣ, кӯзаҳо ва сангҳои зебои Осорхонаи миллӣ ба ман писанд омад ва расмҳову ороишоти гуногун ҳам бароям ҷолиб буданд”.

Намоиш дар Осорхонаи миллӣ

“Фазои идона дошт ин чорабинӣ. Ман ҳар нигораи зебое, ки медидам, аз нафари дар наздам буда, шарҳи онро мепурсидам. Ба ман маълум гашт, ки аллакай дар бораи ҳама осори Осорхонаи миллии Тоҷикистон тамошобинону тоҷикистониён хуб маълумот дода метавонад”, – гуфт Василий.

Олег Василий афзуд, ки “дар барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷои худро ёфта метавонанд. Ман мушоҳида кардам, ки дар таҳхонаи Осорхонаи Миллӣ аслан ҷавонон ҷамъ омадаанд ва дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошанд, нафарони нисбатан калонсол сайругашт мекарданд”.

Сафирони хориҷӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии “Шабе дар Осорхона” иқдоми байналмилалӣ аст. Ҳадафи он фароғати шаҳрвандон, нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад. Он аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend