Ихроҷи 643 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳи Внуково

Танҳо давоми чор рӯз – аз 26 то 30-юми апрел мақомоти Русия аз беш аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, баъди чанд рӯзи нигоҳ доштан дар шароити номуносиб 643 нафарашонро хориҷ (депортатсия) кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Манбаъ қайд мекунад, боз 117 шаҳрванди дар рӯйхати ихроҷи мақомоти ин кишвар қарор доранд.

“Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрвандон низ дар боздоштгоҳҳои муваққатии фурудгоҳи Внуково дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири бозгашт ба ватани худ ҳастанд”, – афзуд ВКХ.

Ба таъкиди манбаъ, чунин вазъияти душвор дар фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедово низ мушоҳида мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар ба таври қатъӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия худдорӣ кунанд.

Дирӯз, 30 апрел, дар гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои Тоҷикистон ва Русия, ки бо хоҳиши Сергей Лавров сурат гирифт, Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, вазъи душвори шаҳрвандони Тоҷикистонро дар пайи чораҳои шадиди мақомоти Русия таъкид кард.

“Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад”, – гуфта мешавад дар иттилои ВКХ.

Дар ин замина ӯ зарурати таваҷҷуҳ ба риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии асосии дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъкид кард.

Вазири тоҷик изҳороти Лавров “дар бораи зидди як миллат ё дин махсус равона нашудани чораҳо”-ро “номувофиқ бо вазъи воқеӣ” хонда, таъкид кардааст, ки ин “чораҳо” танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Вазирон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ якдилона ибрози назар кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 29-уми апрел дар робита ба боздошт ва фишор нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия ба сафири ин кишвар нота (номаи эътирозӣ) супурда буд.

Skip to toolbar