fbpx

«Ҳифзи кӯдакон дар ҷомеа». Кӯдакони аз минтақаҳои даргир баргардонидашуда аз кадом хизматрасониҳо бархурдоранд

Мақсади чунин хизматрасониҳои иҷтимоӣ тағйир додани шуури инфиродии онҳо, ба ҳаёти муқаррарӣ тайёр кардан ва баргардонидани кӯдакон мебошад.


0

Ҳар кӯдак бояд муҳаббат, таваҷҷуҳ ва эҳсоси амнияти худро дошта бошад.  Ҳимояи ҳуқуқ ва ниёзҳои онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа буда, дастрасӣ ба таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди онҳо таваҷҷуҳи хосае бояд андӯхт. Дар подкасти «Ҳифзи кӯдакон дар ҷомеа» нақши мақомотҳои маҳаллӣ дар низоми дастгирии кӯдакони осебпазир ва рушди кори иҷтимоӣ сухан меравад.

Меҳмонони подкаст Назира Ғарибова, муовини раиси Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Саъбагул Саидмуродзода, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошанд.

Назира Ғарибова зикр кард, ки дар доираи барномаи «Барномаи давлатии барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027» хизматрасонии иҷтимоӣ ба ин қишри ҷомеа аз тарафи равоншиносони ташкилоти ҷамъиятии “Дилҳои кушод” ва “Ҳилоли Аҳмар” ва дигар мутахассисон расонида мешавад.

“Аз рӯзи аввале, ки занону кӯдакон аз мамлакатҳои ҷангзада баргардонида мешаванд, онҳо дар ҷойҳои махсус ҷой карда мешаванд ва хизматрасониҳои тиббӣ ба онҳо аз рӯзи аввал сар карда мешавад”, – зикр кард ӯ.

Ба таъкиди Ғарибова бо ин қишри ҷомеа якчанд мақомот, аз ҷумла тандурустӣ, фарҳанг, раёсати кор бо занон, раёсати кор бо ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ кор мекунанд.

“Асоси хизмати онҳо тағйир додани шуури инфиродии онҳо, ба ҳаёти муқаррарӣ тайёр кардан ва муқаррарӣ баргардонидани кӯдакон мебошад”, – гуфт ӯ.

Ба кӯдакон ва заноне, ки аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонида шудаанд, бо шаҳодатномаи таваллуд ва модаронашон бо шиноснома таъмин карда шуданд, мегӯяд Саъбагул Саидмуродзода.

“Дар доираи барномаи мазкур кӯдакони баргардонидашуда ба боғча, таҳсил, хизматрасониҳои тиббӣ, модарони онҳо ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ молиявӣ, лавозимоти хониш расонида мешавад”, –  гуфт ӯ.

Ба таъкиди Саидмуродзода бо оилаҳои баргардонидашуда ҳамарӯза корбарӣ карда мешавад.

“Аз мушкилот дар он оила кормандони итҷимоӣ мақомоти маҳаллиро огоҳ мекунанд ва мушилоте, ки дар оилаи онҳо ба амал омадааст, чӣ моддӣ бошад, чӣ молиявӣ, дар хусус таҳсил, ё тиббӣ бошад мо кӯшиш мекунем, ки бартараф карда шавад”, – таъкид кард Саъбагул Саидмуродзода.

Назира Ғарибова мегӯяд, дар самти хизматрасониҳои тиббӣ ба чунин оилаҳо, ҷалби онҳо ба кор ва таҳсил ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ҳамкории байни кормандони иҷтимоӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:

Подкасти «Ҳифзи кӯдакон дар ҷомеа» аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Таҳкими малакаҳои касбии кормандони иҷтимоӣ оид ба пешгириии хасташавии касбӣ, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва бунёди механизмҳои ҳамозангсозӣ дар сатҳи ҷомеа барои дастгирии кӯдакони осебпазир» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон) ташкил шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend