Ифтитоҳи хона-осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов дар Душанбе

Барзу Абдураззоқов: "Ин осорхона нест, ин хонаи падарам аст".


Аксҳои Ҳабибулло Абдураззоқов

19-уми октябр дар шаҳри Душанбе хона-осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, коргардони шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов таъсис ёфт.

“Ин осорхона нест, ин хонаи падарам аст. Он ба хотири шод намудани рӯҳи падарам, ба хотири ҷамъ кардани дӯстонашон, фарзандонашон бунёд шудааст.

Падарам меҳмондӯстдор буданд, аз ин рӯ ин хонаро мо барои дӯстонашон сохтем. Ҷое, ки мо аз эшон ёд мекунем, суҳбат мекунем, дарди ҳамдигарро мешунавем”,- гуфт Барзу Абдураззоқов писари Ҳабибулло Абдураззоқов дар суҳбат бо Your.tj.

Хона-осорхонаи мазкур дар доираи ҷашнвораи фестивали байналмилалии “Тоҷи Сомон” ифтитоҳ шуд ва бо ибтикори фарзандону наберагони ҳунарпеша бунёд шуда, дар он асосан аксу ёдгориҳо, ҷоизаҳо ва коллексияҳои нуқрагини ҷамънамудаи Ҳабибулло Абдураззоқов гирд оварда шудааст.

“Ин экспонатҳоро падарам гирд овардаанд. Падарам мегуфт “Ман аз хориҷиёне, ки метавонанд ин ёдгориҳоро бибаранд ҳифз кардам, то онҳо дар Тоҷикистон монанд”. Таърихи экспонатҳоро намедонам, вале қимату нодир ва арзишманд ҳастанд. Шояд таърихи онро ягон мутахассис муайян кунад”,- иброз намуд Барзу Абдураззоқов.

Аз хона-осорхона меҳмонони зиёде, асосан дӯстону ҳамкорони Ҳабибулло Абдураззоқов дидан кардаанд. Меҳмонони ҳузурдошта аз  ҳунарпешаи мумтоз ёдоварӣ мекарданд.

“Имрӯз аз субҳ, аз Иттифоқи нависандагон, журналистон, дӯстони падарам, ҳамкоронашон беш аз 250 нафар омада дуо карда рафтанд ва ҳоло ҳам омада истодаанд,” – гуфт Барзу Абдураззоқов.

Хона-осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов дар канори Хона-осорхонаи Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи пойтахт қарор дорад.

Ҳабибулло Абдураззоқов кист?

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпеша, коргардони театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987) ва Узви Иттифоқи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ (1973) 7-уми ноябри 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Ӯ Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро (Москва, 1960) хатм кардааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар солҳои гуногун ба ҳайси ҳунарпеша, коргардон ва саркоргардон дар Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, Театри давлатии академикию драмавии Лоҳутӣ, Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, Театри давлатии ҷавонон, “Тоҷикфилм”, Театри Лоҳутӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 1987 – 1990 раиси Иттифоқи ходимони театрӣ интихоб гардид ва солҳои 1987 – 1991 муовини аввали Иттиҳодияи ходимони театрии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ соли 2002 театри ғайридавлатии “Падида”-ро таъсис дод ва то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт ба ҳайси роҳбари бадеии ин театр фаъолият намудааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Марҳум”, “Рустам ва Суҳроб”, “Купрук”, “Карим Девона”, “Садо аз тобут”, “Вақте ки шаҳр хоб буд”, “Дар чорроҳа”, “Ҳарос” ва ғайраро аз рӯи асари драматургони дохиливу хориҷӣ таҳия кардааст.

Ба ғайр аз ин ҳунарпешаи мумтоз дар чандин саҳнаҳои театрӣ нақшҳои асосиро бозидааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар бисёр филҳои ҳунарии дохиливу хориҷӣ нақш офаридааст, ки “Марги судхӯр”, “Достони Сиёвуш”, “На крутизне”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Обрӯ”, “Дар орзуи падар” аз зумраи онҳост.

Ҳунарманд бо нишонҳои “Дӯстии халқҳо”-и Иттиҳоди Шӯравӣ (1980), “Дӯстӣ”, медали “Барои меҳнати шоён” ва ғайра қадрдонӣ шудааст.

19-уми январи соли 2021 дили ҳунарпеша дар сини 83-солагӣ дар Душанбе аз тапидан монд.