Боздошти чор ноболиғ ва як ҷавон бо гумони дуздӣ дар Хуҷанд

Дар умум, аз се мағоза 145 адад телефони мобилӣ ва 20 гӯшмонак (наушник) бо арзиши қариб 179 ҳазор сомонӣ дуздида шудааст.


Боздошти наврасон дар Хуҷанд бо гумони дуздӣ

Намогирифт аз гузориши ВКД

Як ҷавони 19 солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва чор ноболиғи 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздӣ дар се мағозаи телефонфурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ду манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров гумонбар дониста мешаванд.

Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и ВКД хабар доданд.

Ҳайати наврасони 16 ва 17-сола иборат аз 4 нафар – Хуршед Хониқов, Алишер Сафоев, Искандари Фарҳод ва Ҷамолиддин Солиҳев, истиқоматкунандагони ноҳияҳои Сино, И.Сомонӣ ва Рӯдакӣ бо роҳбаладии Эҳсони Сайриддини 19-сола, сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздӣ дар мағозаи воқеъ дар гузаргоҳи зеризаминии воқеъ дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ҷиноят шаби 3 ба 4-уми октябри соли ҷорӣ анҷом дода шудааст.

“Эҳсони Сайриддин, ки қаблан барои дуздӣ ду маротиба суд шудааст, назорату сафарбариро ба уҳда гирифта, дар дуздиҳо шахсан иштирок накардааст. Аммо ғанимати бадастомада бо иҷозату назорати ӯ тақсим шудааст”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Дар умум, аз се мағоза 145 адад телефони мобилӣ ва 20 гӯшмонак (наушник) бо арзиши қариб 179 ҳазор сомонӣ дуздида шудааст.

Гуфта мешавад, онҳо ҳамчунин дар дуздӣ аз ду манзили истиқоматӣ дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров гумонбар дониста мешаванд.

Баъдан ин гурӯҳ бо маслиҳати Эҳсони Сайриддин ба Душанбе бармегарданд.