Қиғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марз ҷарима кард

Олими риёзидони тоҷик Мерганд Шаҳбозов барандаи ҷоизаи “Ситораҳои иттиҳод”-и ИДМ шуд

Мерганд Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд.

Шаҳбозов ин ҷоизаро барои соли 2021 соҳиб шудааст. Имсол барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд.

Дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам ин ҷоизаро соҳиб шуда буданд.

Ин ҳар сол ба намояндагони  барҷастаи давлатҳои ИДМ дар бахшҳои илму ҳунар ва адабиёт ва фаъолиятҳои ҳуқуқибашарӣ ки арзиши ҷаҳонӣ доранд, ҳадя мешавад.

Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл аст, ки дар ҳоли ҳозир баробар ба $32 276 доллар мебошад. Гуфта мешавад маросими супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.

Мерганд Шаҳбозов аз олимони саршиноси риёзидони Тоҷикистон буда, дар гузашта муовини раиси порлумони Тоҷикистон буд.

Ин донишманд соли 2015 ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author 2015»-ро ҳам ба даст оварда буд.

Барандагони ҷоиза аз кишварҳои дигари узви ИДМ дар соли 2021:

Нотик Камол оғлу аз Озарбойҷон, ҳайкалтарош, Эдуард Хачиян аз Арманистон, геолог, устоди Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмони ин кишвар, Сергей Клинин аз Белорус, физикдон, муовини раиси Академияи илмҳои ин кишвар, Серик Рустамбеков аз Қазоқистон, меъмор, раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон, Миталип Мамитов аз Қирғизистон, ҷарроҳи асаб, Юрий Темирканов аз Русия, дирижёр, Рамиз Усмонов, директори Театри давлатии академии калони Узбекистон.

Қиғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марз ҷарима кард

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст. Ин шаҳрвандон 29 апрел ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд.

Дар ин бора аз додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд.

Додгоҳ рӯзи 3 июн ҳар кадоме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро наздики 600 долларӣ ҷарима баста.

Ҳамаи шаҳрвандони ҷаримашуда сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳастанд ва мақомоти Қирғизистон онҳоро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд.

Ҳамзамон, расонаҳои Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт ва маҳкум кардаанд.

Як муштзани ҷавони тоҷик дар Челябинск даргузашт

Иброҳим Ҳасанови 18-сола, зодаи Тоҷикистон, муштзани тоҷик бар асари захмӣ шудан дар як мусобиқа дар бемористони шаҳри Челябински Русия даргузашт.

Иброҳим дар вохӯрии нимфиналии мусобиқоти бокси наврасон, ки ба Рӯзи Ғалаба бахшида шуда буд, ширкат кард. Дар рафти мубориза нокдаун бе афтидан сабт шуд ва довар муборизаро аз сар гирифт.

Дар саҳифаи расмии Федератсияи бокси вилояти Челябинск дар ВКонтакте гуфта мешавад, ки ҳангоми супурдани ҷоиза варзишгар бемор шуд.

Табибон фавран ба варзишгар ёрии аввалӣ расонида, ёрии таъҷилиро даъват карданд. Муштзанро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии вилоятии рақами 3 интиқол додаанд. Табибон шаш рӯз барои ҷони ӯ мубориза бурдаанд, вале бенатиҷа – ӯ рӯзи 2 июн даргузашт.

Иброҳим Ҳасанов дар шаҳри Челябинск таҳсил ва зиндагӣ мекард. Наздикону пайвандонаш тасмим гирифтаанд, ки ҷасади ӯро дар Тоҷикистон ба хок месупоранд.

Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус 2 нафар ҳалок ва 9 нафар ҷароҳат бардоштанд

Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18-солаи ӯ ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад КҲФ.

Гуфта мешавад, ки садама рӯзи 5 июн рух додааст.

“Рӯзи якшанбе соати 9:16 ба пулти идораи Кумитаи навбатдории оперативӣ дар бораи рух додани садама дар шаҳри Душанбе сигнал расид. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум карданд, ки ронандаи 18-солаи мошини “Toyota Camry” як сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар болои пули “Путовский” идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст.”

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва мусофири ӯ як ҷавони 18-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади қурбониёнро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Номи кушташудагон эълом нашудааст.

Дар бархӯрд 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштаанд.  Онҳоро ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” бурдаанд.

Skip to toolbar