Хатлон ва ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ хабар доданд

Вилояти Хатлон дар рӯзи аввали маъракаи баҳории даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи онро пурра иҷро кардааст.

Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид рӯзи 1-уми апрел зимни маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод.

Дар ҷараёни чорабинӣ раиси вилоят ба падару модарон ва омӯзгорон барои тарбияи ҷавонон изҳори сипос намуд.

Пештар Ҳукумати ВМКБ низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар дода буд. Ҳамчунин, ноҳияи Тоҷикобод низ эълон кардааст, ки нақшаро дар рӯзи аввал иҷро намудааст.

Маъракаи баҳории даъват аз 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Мақомот иҷрои саривақтии нақшаро ба афзоиши шумораи ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва беҳтар шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ рабт медиҳанд.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, дар ин мавсим шаҳрвандони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999–2008), ки ҳуқуқи таъхир ё озодшавӣ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Skip to toolbar