Таджикские трудовые мигранты в России

Хатари мағзшӯӣ дар муҳоҷират. Чаро бештар муҳоҷирон тӯъмаи гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд

Мақомоти Русия дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва то ин дам 11 нафар зода ва ё шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан ва ё кӯмак дар ин ҳодиса ба ҳабси пешакӣ фиристод.

Ин ҳодиса масъалаи дар муҳоҷират мағзшӯӣ шудан ва ба равияву гурӯҳҳои гуногун гаравидани муҳоҷирони тоҷикро зиёд намуд.

Эмомалӣ Раҳмон: Шомилшавии ҷавонони мо ба гурӯҳҳои террористӣ афзудааст

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли равон таъкид намуд, ки “дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд”.

Ба гуфтаи роҳбари давлат бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзудааст.

Рустам Азизӣ: Сабаби асосӣ муҳоҷират нест

Ба назари Рустам Азизӣ, коршиноси масоили мубориза бо терроризм ва эктремизм на ҳамеша ин раванд дар муҳоҷират сурат мегирад.

Рустам Азизӣ, акс аз бойгонии Cabar Asia

“Мо мебинем, ки хеле аз афроде ҳастанд, ки аз дохили кишвар ба ин гурӯҳҳо ҷалб шуданду пайвастанд, ки аслан ба хориҷ сафаре ҳам накарда буданд. Байни инҳо ҳам афроди таҳсилкарда буду ҳам афроди гуногун. Барои ҳамин мегӯям, ки ифротишавӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ тақрибан баробар аст ё ба андозаи зиёд фарқ намекунад”, гуфт ӯ дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба андешаи ӯ айни замон тактикаи басиҷсозии ДОИШ тағйир ёфтааст. Чун ҳоло ҷанги мустақим намебарад ва талош мекунад, ки дар кишварҳои гуногун ҳалқаҳои хуфта ташкил кунанд ва бештар даст ба амалиёти террористӣ ё ҷангҳои чирикӣ бизананд.

“Барои онҳо беҳтар аст, ки дар минтақаҳои гуногун ҳалқаҳои хуфта бошад, ки дар он ҷо аъзои сатҳи гуногун: аз тарроҳону текнисиянҳо то интиҳориёни қаторӣ бошанд, ки нақшаҳои ин созмонҳоро амалӣ кунанд. Аз ин рӯ, аз соли 2019 ба баъд, ҳам мувофиқи арзёбиҳои коршиносон ва ҳам мувофиқи баёнияҳои худи ин гурӯҳҳои ифротӣ, таваҷҷӯҳи бештар барои ҷалбу эҷоди халқаҳои хуфта дар кишварҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон ё намояндаҳои бумии Осиёи Марказӣ ё худи Афғонистон аст. Чун дар Русия ё кишварҳои Аврупо, ҳатман шаҳрвандони мо ҳастанд, барои ин гурӯҳҳои ифротӣ аз он ки ифротиён ё интиҳориёнро интиқол диҳанд аз Афғонистон ба Аврупо, беҳтар аст, ки бо он маводу имконоте, ки дар он ҷо дастрас аст сару кор кунанд ва ҳалқаҳои хуфта таъсис дода барои амалиёт истифода баранд”, – шарҳ медиҳад Рустам Азизӣ.

Кумитаи дин: Сабабҳои асосӣ надоштани донишҳои дунявӣ, саводи солими динӣ фақру тангдастӣ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо масъалаи мағшуӣ ва гаравиш ҷавононро ҳангоми дар муҳоҷират будан “аз ҳар давраи дигар ҳассостар” гуфт. Аз кумитаи мазкур шарҳ доданд, ки дар ин марҳила ҷавонон бештар осебпазир мешаванд. Зеро аз як сӯ дур будан аз муҳити анъанавии оила, аз ҷониби дигар омилҳои мухталифе сабаб мешаванд, ки хеле сода ҷавонон ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтанд.

“Масалан, надоштани донишҳои дунявӣ ва саводи солими динӣ, фақру тангдастӣ, ҳавою ҳаваси ҷавонӣ, яъне даст ёфтан ба сарвартҳои фаровони моддӣ бидуни меҳнати ҳалол, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар давраи хурдсолӣ, дастрасии фаровону бемаҳдуд ба интернет ва дигар технологияи иттилоотӣ, моҳирона истифода шудани интернет аз ҷониби гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва монанди инҳо метавонанд барои мағзшӯӣ гардидани як ҷавон замина гарданд”, – чунин баён намудан сабабҳои гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ аз Кумитаи дин.

Интернет – василаи осони ҷалби ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ

Дар Тоҷикистон бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст ва пайвастану ҳамкорӣ намудан бо онҳо мамнуъ буда, ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Вале гурӯҳҳои манфиатдори террористиву экстремистӣ дар замони муосир бо истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мебаранд ва ҷавонони ноогоҳу гумроҳро ба доми худ меафкананд.

Мувофиқи як тадқиқоте, ки сомонаи “Форен полиси” соли 2020 нашр карда буд, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз афзоиш ёфтани истифодабарндагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ, ки амалан барои дарёфти маблағ ба хориҷа, асосан ба Русия муҳоҷират мераванд, сомонаҳои тарғиботии худро зиёд кардаанд.

Таҳқиқоти онлайнии SecDev тақрибан 500 канали алоҳидаеро муайян кардааст, ки созмонҳои ифротгароӣ Осиёи Марказӣ дар Telegram, Facebook, Instagram, Twitter, Youtube, Вконтакте ва Одноклассники истифода мекунанд. То соли 2020 ин шабакаҳо беш аз 174 ҳазор муштарӣ доштанд ва теъдоди умумии тамошобинонашон ба миллионҳо нафар мерасид.

Роҳҳои пешгирӣ аз ин омилҳо чист?

Дар Тоҷикистон соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025” қабул шудааст.

Яке аз вазифаҳои стратегияи мазкур дар самти таъсиррасонӣ ба омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Мувофиқи он бояд сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ такмил дода шуда, сифати омодасозии томуҳоҷиратӣ беҳтар карда шавад.

Ҳамзамон пешгирии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи  ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар кишварҳое, ки кор мекунанд, аз вазифаҳои ин стратегия мебошад.

Роҳи ҳал дар муҳиту андешаи солим

Аз Кумитаи дин роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ чунин шарҳ доданд.

“Ягона роҳи пешгирӣ аз чунин зуҳурот ин бо муҳиту андешаи солим фаро гирифтани қишри муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Солҳои охир таҷриба мешавад, ки вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои динӣ  гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, барои вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар месозанд. Албатта, ин иқдоми бениҳоят муҳим мебошад.

Аз ҷумла, дар солҳои гузашта, ҳайатҳои корӣ бо ҷалби раиси Шурои уламо ва имомхатибон барои вохӯрӣ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирот сафарбар карда шуда буданд. Ин иқдомотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин минбаъд низ идома хоҳад дод. Зеро агар барои муҳоҷирони меҳнатӣ фазову имкони мусоидро фароҳам оварда, ба суолҳои онҳо посухи солиму саривақтӣ диҳем, шояд онҳо барои ёфтани посух ба суолҳои худ камтар дари гурӯҳҳои ифротиро кӯбанд, ё ба саҳифаҳои маҷозии чунин гурӯҳҳо сар зананд”.

“Танҳо имконоти расмии давлатӣ барои ҷилавгирӣ басанда нест”

Ба ақидаи коршинос Рустам Азизӣ дар сатҳи тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ бар зидди ин падида муваффақиятҳои чандон баландеро мо наметавонем бигӯем.

“Дар сатҳи баланд бардоштани муқовимат ё устувории ҷомеа ва устувории фардӣ ҳанӯз ҳам кор зиёд аст. Барои чӣ? Он барномаҳое, ки қабул шуд, ба нақшаи амал ҳам нигоҳ кунед, дар баробари ҳамаи дастовардҳо, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан дар Стратегияи аввал, ҷалби расонаҳо, шарикони рушд ва ҷомеаи байналмилалӣ хеле андак буд. Ду соли ахир аст, ки мо дида истодаем, ки давлат фаҳмид, ки танҳо имконоти расмии давлатӣ барои ҷилавгирӣ басанда нест”, – мегӯяд ӯ.

Ба назари коршинос дар марҳилаи аввал бештар аз навад дар сади ҳар чизе, ки анҷом шуд, дар платформаҳои расмӣ анҷом сурат гирифта буд.

“Яъне фақат дар шабакаҳо, дидорҳои расмӣ, мактабу ҷамоаҳо, вале дар майдонҳои иҷтимоӣ барои ин масоил хеле ва хеле кам матраҳ буданд”, – гуфт Рустам Азизӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мувофиқи иттилои вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон танҳо соли 2023 беш 652 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан ба Русия рафтаанд.

Тибқи оморҳо дар Русия беш аз 1,2 миллион муҳоҷири тоҷик ба қайд гирифта шудааст.

Идибеки Саид, Your.tj

Skip to toolbar