Харидории чипта аз хатсайри набуда ва “рӯ-рӯи даст”-и кирокашҳои узбек. Ман чӣ гуна Фаронса рафтам

Ёддошти сафар ба Фаронса, қисми аввал. 

Ангезаи сафар ба Фаронса дар ман ҳанӯз охирҳои моҳи декабри соли гузашта пайдо шуд. Вақте сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии якҳафтаина дар мавзӯи “Мубориза бо хабарҳои бардурӯғ”-ро эълон кард. Вале чун рақобат дар сатҳи журналистони Осиёи Марказӣ сахт буду пур кардани дархост ва суҳбати рӯбарӯ сатҳи баланди забондонӣ (забони англисӣ)-ро талаб мекард, аз муваффақ шуданам дар барнома шубҳа доштам.

Бо вуҷуди ин, ба Фаронса сафар кардам. Агар ба шумо ҷолиб аст, ки чӣ гуна дархост пур кардаву бо сатҳи забондонии миёна ба ин кишвар сафар кардам ва аз он чӣ таассурот дарёфтам, давоми ин навиштаро хонед.

Ба худ бовар дошта бошед

Нахуст, мехоҳам дар робита ба сатҳи забондонӣ ва таҷрибаи пур кардани дархост андешаамро гӯям. Пеш аз пур кардан чанде аз дӯстон гуфтанд, сатҳи забондониам паст асту беҳтар аст, дархост насупорам. Ҳарчанд 3 сол пеш ҳудуди як сол дарси иловагии англисӣ хондам ва то сатҳи “Pre-Intermediate” расидам. Вале чун қариб 6 моҳи охир англисиро истифода накарда будам, аз муваффақ шуданам, шубҳа доштам.

Ғайр аз ин, ҷавоби муфассал додан ба 20 саволу навиштани мактуби мотиватсионӣ ба назарам “кӯҳи гаронеро мемонд”. Бо вуҷуди ин, дар худ ҷуръат пайдо карда, як рӯз пеш аз рӯзи охирини муҳлати дархост, онро пур кардам.

Яъне он чиро ки мо аз дархостҳои ширкат дар кадом як чорабинӣ ё сафар мебинем, бояд як чизи маъмуливу расмӣ қабул кард ва будини дудилагӣ пур кард. Дар масъалаи забондонӣ ҳам набояд сахт истиҳола кард, чунки камтарин забондонӣ метавонад, шуморо муваффақ ва донишатонро дар ин самт беҳтар созад. Забономӯзӣ дар муҳити гӯяндагони ҳамон забон бештар инкишоф меёбад. 

Шодмон Кенҷаев, муаллиф

Суҳбати пурҳаяҷон ва хушхабар

Интизории хушхабар ҳамагӣ се ҳафта тӯл кашид. Моҳи январи соли равон мактуби хушҳолкунанда дар бораи роҳ ёфтанам ба даври суҳбат омад. Довталабони интихобшуда имкон доштанд вақти ба худ мувофиқро интихоб карда, бо ташкилкунандагони барнома давоми 10 дақиқа суҳбат кунанд. 

Навбати ман расид. Дар аввал каме ҳаяҷон доштам, вале мусоҳиби ман гуфт, ин як суҳбат озод аст ва худро комилан озод ҳис кунам.

Ӯ дар бораи интизориҳо аз сафар ва омӯзиш, сатҳи огоҳӣ аз хабарҳои бардурӯғ ва маълумот дар бораи Мактаби журналистии Лил (ESJ Lille) (ин мактаби 100-солаи журналистӣ дар Фаронса, ки барномаро ташкил карда мегузаронид) пурсид. Ман лаҳза ба лаҳза дар худ боварии бештар эҳсос карда, озодона ба саволҳояш посух додам. Ҳатто дар охир ба ӯ суол додам, ки дар умум аз чор кишвари Осиёи Марказӣ чанд нафар ширкат мекунад ва аз ҳар давлат чанд нафар интихоб мекунанд.

Муваффақият дар даври аввал ва суҳбат бо ташкилкунандагон ба ман рағбати сафар ба Фаронсаро дучанд кард. Дар фикри он будам, ки “Аз Тоҷикистон довталабон киҳо бошанд? Бо онҳо рақобат карда метавонам?”

Билохира,  моҳи феврал хабари деринтизор омад. Дар қатори 2 довталаб аз Тоҷикистон барои омодагӣ ба сафар ба ман низ мактуб фиристоданд. Чун рӯзҳои сафар аз 26-уми феврал то 1-уми март муқаррар шуда буд, зуд аз пайи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо барои дарёфти раводиди Шенген шудам. Зеро ин навъи виза давоми то 15 рӯз омода мешаваду ман вақт кам доштам.

Моҷарои раводид ва нокомӣ

Ин моҷаро қиссаи дароз аст, вале кушиш мекунам мухтасар нақл кунам. Ҳуҷҷатҳои зуруриро ҷамъ оварда, ҳамроҳи ду нафар ҳамсафарони ояндаам рӯзи 7-уми феврал ба Маркази раводиддиҳӣ, ки тобеи Сафорати Олмон дар Тоҷикистон аст, рафтем. Кормандони марказ гуфтанд, ки рӯйхати ҳуҷҷатҳо нопурра аст ва он бояд аз ҷониби дастандаркорони барнома пурра карда мешуд. 

Бо сабабҳои маълум, танҳо баъди як ҳафта, 14-уми феврал дубора барои супоридани дархости раводид рафтем. Ҳарчанд барои гирифтани раводид вақти ниҳоят кам монда буд, вале умед доштем онро дастрас мекунем. Вале ҳамагӣ ду рӯз пеш аз сафар маълум шуд, ки ба мо раводид надоданд.

Дар худ руҳафтодагиро эҳсос кардем. Созмондиҳандагон барои иштироки онлайнӣ дар омӯзиш шароит муҳайё карданд ва ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик барои нафароне, ки виза гирифта натавонистанд, барномаи дигари сафар ба Фаронсаро ташкил мекунанд.

Ҳамин тавр, давоми 5 рӯз дар барнома онлайнӣ иштирок намудем. Малакаҳои муосири муайянсозии хабарҳои бардурӯғ, фейк ва мубориза бо фиребгарони интернетиро азхуд кардем…

Умеди нав ва мушкили нав

Интизории мо дер тӯл накашид. Моҳи март онҳо барномаи навро эълон ва моро огоҳ карданд. Ин навбат барвақттар ва бо ҷиддият аз пайи омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои дарёфти раводид шудем. Вале яке аз ҳамроҳонамон аз ин имконият даст кашид.

Бар ивази ҳама заҳмату интизориҳо ин дафъа хушбахтона 6 рӯз пеш аз сафар раводид омода шуд. Бо ҳазор орзуву ҳавас ва ниятҳои нек ба парвози шаби 16 ба 17 апрел омода шудем.

Толори интизории фурудгоҳи Душанбе

Хати парвози мо Душанбе-Мюнхен-Париж буд. Вақте 2 соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳи Душанбе ҳозир шудем, дар рӯйхати парвозҳо хатсайри Душанбе-Мюнхенро наёфтем. Кормандони фурудгоҳ гуфтанд, шояд ин хатсайр ба рӯзи дигар монда шудааст.  

Вақте ба намояндагони “Сомон-Эйр”, ки масъули парвоз буданд, муроҷиат кардем, гуфтанд, ҳавопаймоҳои ин ширкат қаблан дар як ҳафта ду маротиба ба Мюнхени Олмон парвоз мекард, вале чанде пеш шумораи парвозҳоро кам карданд ва ҳоло дар як ҳафта танҳо як хатсайр мондааст. Эҳтимол ин аз сабаби кам будани мусофирон бошад. 

Онҳо ба мо пешниҳод карданд, ки ду рӯз пас метавонем, тавассути ҳамон як хатсайр павроз кунем. Вале барои мо ва дигар ҳамсафаронамон нигаронкунанда буд, ки чаро онҳо мусофиронро пеш аз сафар огоҳ накарданд. Бар замми ин он қадар бепарво буданд, ки гӯё мизоҷон аз ширкат қарздор бошанд.

Тасмими сафар ба Тошкент ва моҷарои кирокашҳои узбекистонӣ

Намояндаи ширкат исрор дошт, ки ҳама муштариёнро огоҳ кардаанд, вале пушти дари онҳо мусофирони парвози мазкур ҷамъ омада буданд ва аз сатҳи хизматрасонии “Сомон-Эйр” норозигӣ мекарданд. Воқеан, ин ягона мушкили ин ширкат нест. Вақте дафъаи гузашта бо ҳавопаймои ин ширкат ба Алматои Қазоқистон парвоз карда будам, шоҳиди муносибати сард ва хизматрасонии бесифати кормандони он шудам.

Ҳамин тавр, он шаб сафари деринтизор боз ба рӯзи дигар монд. Маълум нест ба кай. Дастандаркорони сафар ваъда доданд, ки пагоҳ ин масъаларо ҳал мекунанд. Бегоҳи рӯзи 17-уми апрел онҳо хабар доданд, ки чиптаи ҳавопаймои моро ба Тошкент-Истамбул-Париж иваз карданд, вале аз Душанбе ба Тошкент чипта ёфта натавонистанд. Бояд бо кадом роҳе набошад худро ба фурудгоҳи Тошкент мерасонидем.

Дар роҳ, яке аз кӯчаҳои Душанбе

Дарҳол чизу чораамонро гирифта, бо такси ба сарҳади Узбекистон ба шаҳри Турсунзода рафтем. Аллакай торик шуда буд. Шумораи на он қадар зиёди одамон бо риояи навбат ва тартибот аз ҳарду тараф мегузаштанд. Муносибати кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб бисёр хуб буд ва сарҳадро хеле зуд ва ба осонӣ гузаштем.

Баробари гузаштан, кирокашҳои узбекистонӣ гирдамон ҷамъ омаданд. Мисли кирокашҳои Тоҷикистон ҳар яке моро тарафи худ мекашид. Вале чизи нав дар онҳо ин буд, ки ҳамдигарро бад нишон медоданд. Бо яке аз онҳо қариб муомила карда будем, ки дигаре гуфт “бародар, ин шуморо то Тошкент намебарад, пулатонро гирифта, дар ними роҳ мепартояд”.

Ростӣ, каме дудилаву ҳайрон мондем. Азбаски забони узбекиро медонам, шартҳои худро гузошта бо он кирокаш маслиҳат кардам, ки пулро танҳо замони расидан ба фурудгоҳ пардохт мекунем ва он ҳам тариқи корти бонкӣ. Бар замми ин барои мабодо, шиносномаву мошиниашро сурат гирифтем.

То расидан ба манзил беш аз 10 соат роҳ буд. Ронанда аз Сурхондарё, падараш тоҷику модараш ӯзбек будааст ва ба тоҷикӣ канда-канда суҳбат мекард. Ҳамин тавр, гоҳ хобу гоҳ бедор ва гоҳе суҳбаткунон роҳро тай кардем.

Сайри шабонаи Узбекистон ва таассурот аз роҳ

Ронанда аз ҳар мавзуъ суҳбат мекард, аз харобии роҳҳо мегуфт, Тоҷикистонро таъриф мекард, ки роҳҳои мошингардаш таъмири нав шудаанду сифаташ беҳтар аст. Воқеан, роҳ аз вилояти Сурхондарё то Самарқанд ҳолати бад дошт.

Вақте ба Самарқанд расидем, ронанда сахт хаста шуд ва гуфт, “хоб наравам, намешавад”. Вале мо бояд то соати 8-и субҳ дар фурудгоҳ мешудем. Ронанда пешниҳод кард, ки як шиносаш моро аз Самарқанд ба давоми роҳ мебарад. Ноилоҷ розӣ шудем, чун соат аллакай аз 3 гузашта буд ва оҳиста-оҳиста берун равшан мешуд.

Хулоса, ронанда моро ба кирокаши дигар супориду мувофиқи ваъда таъкид кард, ки танҳо баъди расидан ба фурудгоҳ бо ӯ ҳисобӣ кунем. Ронандаи дуюм аз Ҷиззах буд ва тоҷикиро намедонист, вале сурудҳои тоҷикиву эронӣ гӯш мекард. Акнун дар мошин танҳо мусиқӣ садо медод ва мо пушти тиреза шаҳри зебои Самарқандро тамошо мекардем. Сифати роҳ ҳам хуб буд ва мошини мо босуръат пеш мерафт.

Як чизе, ки тӯли ин роҳи дароз мушоҳида кардем, ин буд, ки дар роҳҳои Ӯзбекистон сари ҳар чанд километр радарҳои худкор насб шуда буданд ва дар ҳеҷ ҷое бо нозирони роҳ дучор нашудем. Чизи дигар ин ки ронанда ҳар бор пеш аз ворид шудан ба нуқтаҳои сӯзишворӣ моро аз мошин пиёда мекард. Нархи қариб ҳама намуди сӯзишворӣ дар он ҷо нисбат ба Тоҷикистон ба маротиб арзонтар буд.

Мо ба Тошкент расидем

Субҳ, соати 7 мо ба вилояти Тошкент ворид шудем. Ронанда гуфт, ки то фурудгоҳ боз қариб як соат роҳ аст. Вақте ба шаҳр даромадем, ба тамбашавиии тӯлонии мошинҳо дучор шудем, вале ҳама бо сабру таҳаммул, бе вайрон кардани навбат пеш мерафтанд. Ҳамин тавр, бо яке аз кӯчаҳои Тошкент, ки ман онро ба кӯчаҳои ҳудуди “Сирк”-и Душанбе монанд кардам, гузашта, ба фурудгоҳ расидем.

Дар атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Тошкент корҳои таъмир ҷараён дошт. Чун соат ба 8 наздик шуда буд, дукаса саросемавор “багаж”-амонро гирифта, дохили фурудгоҳ шудем. Он ҷо бо ронанда ҳисобӣ карда, ба қайдгузарӣ шитофтем. Аз тафтишу санҷиш ба осонӣ гузашта, нафаси сабук кашидем. Фаҳмидем, ки парвози мо, ки бояд 09:20 оғоз мешуд, боз 20 дақиқаи дигар дер мекунад. Аз фурсат истифода бурда фурудгоҳро тамошо кардем…

Фурудгоҳи байналмиллалии Тошкент. Акс аз nova24.uz

Давом дорад

Шодмон Кенҷаев, Your.tj

Skip to toolbar