“Хандед, хандед, боз хандед”. Каримҷон Ғафуров чи тавр Чарли Чаплини тоҷик унвон гирифт

Каримҷон Ғафуров – яке аз чеҳраҳои собиқи гурӯҳи ҳаҷвии овозадори “Хандинкамон” аст. Ӯ 65 сол дорад ва зиёда аз 30 соли ҳаёташро фидои саҳнаи ҳаҷв намудааст. Қаҳрамони моро ҳамагон ҳамчун Чарли Чаплини тоҷик мешиносанд. Зеро дар чанд озмуну фестивалҳо бо офаридани нақши Чаплин дар дили мухлисон ҷой гирифтааст.

Муаллифи Your.tj бо ҳунарманд ҳамсӯҳбат шуд, то атрофи фаъолияти ӯ қисса намояд.

Чарли Чаплини тоҷик

Каримҷон Ғафуров бо офаридани образи ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Чарли Чаплин маҳбуби ҳамагон гардидааст. Ин образ барои қаҳрамони мо роҳҳои дигари муваффақиятро боз намуд.

“Ба зиндагии минбаъдаи инсон давраи навраси нақши муассир дорад. Дар ҳамин марҳила пайроҳаҳои зиёде ба кас боз мешаванд. Ман ҳам аз хурдсоли ҳунарманд шуданро орзу мекардам. Мехостам мисли Чарли Чаплин ё Раҷ Капур бошам. Чандин маротиба дар озмунҳои муассиса низ ин нақшҳоро офаридам. Пасон вақте, ки ҳамчун ҳунарманд рӯйи саҳна омадам,  бо пешниҳоди Фатҳулло Абдуллоев образи Чарли Чаплинро дар саҳнаи театр офаридам.  Дар ҳамон озмуне, ки банда нақши Чаплинро бозидам гурӯҳи мо сазовори ҷойи аввал гардид.” – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қаҳрамони моро аксарият ҳамчун Чарли Чаплини тоҷик мешиносанд, зеро симои зоҳирияш низ  куллан ба Чаплин монандӣ дорад. Ин номро аввалин маротиба Ҷӯрабек Муродов ба қаҳрамони мо додааст. Сарояндаи номии кишвар ҳар боре, ки дар ягон намоиш ё консертҳо Каримҷонро вохӯрад бо номи Чарли Чаплини тоҷик истиқбол мекардааст.

Пайроҳаи ҳунар

Каримҷон Ғафуров бо иштирок дар намоишҳои хурду шогирдона ҳамроҳи рафиқонаш ҳанӯз замони кӯдакӣ дар зодгоҳаш ном бароварда буд. Ӯ дар тамошогоҳи деҳа саҳнаҳои ҷолиби ҳаҷвиро пешкаши тамошобин мекард.

“Замоне ки мо хурд будем телевизор дар ҳар хона дида намешуд. Дар як деҳаи калон як ё ду оинаи нилгун буду халос. Аз ин рӯ, ҳар филми наве, ки рӯйи саҳна меомад, дар кӯчаҳо ба намоиш мегузоштанд. Сокинон бошанд барои тамошои он бо курсичаву кӯрпачаҳои худ меомаданд.  Ман ҳам бо рафиқонам филмро бо муҳаббат тамошо мекардам. Аз ҳамон лаҳза меҳри ҳунар дар дилам маъво гирифт,” – ба хотир меорад қаҳрамони мо.

Сабаби дигари ба ҳаҷв рӯй оварданашро ӯ дар шӯхтабиативу ҳазлгӯй будани падараш медонад. Ҳарчанд Каримҷон дар синни 4 – солагӣ аз падар ятим мондааст, аммо ҳазлгӯйии падар чун мерос ба ӯ боқӣ мондааст.

“Ба гуфти мӯйсафедони деҳа падарам бениҳоят инсони шӯхтабиату ҳазлгӯй будаанд. Эшон ҳамеша бо латифаҳои намакини хеш дили ҳамагонро шод мекардаанд. Баъзе рафиқонашон мегӯянд: “ту ҳоло ба он дараҷае, ки падарат мардумро шод мекард, нарасидаӣ!”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

 

“Коно ва Доно”

Театрстудияи “Коно ва Доно” яке аз беҳтарин гузорандагони саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба ҳисоб меравад. Ин театрстудия пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Он замон якчанд театрҳо фаъолияти худро қатъ намуданд. Театрстудияи “Коно ва Доно” низ ҳамон солҳо аз фаъолият боз монд. Тавре қаҳрамони мо мегӯяд:

“Вақте дар пойтахт нооромиҳо сар зад, фаъолияти якчанд театрҳо қатъ гардид, аз ҷумла, “Коно ва Доно” низ. Баъдан соли 1998 бо пешниҳоди Фатҳулло Абдуллоев дар шаҳри Истаравшан театрстудияи мазкур аз нав барқарор шуду то соли 2003 барномаҳои ҳаҷвии худро рӯйи саҳна мегузошт. Баъди ташкил шудани театрстудияи “Хандинкамон” ман ба он пайвастам ва то соли 2010 ҳамкорӣ кардам. Баъди чанд соли фаъолияти якҷоя бо “Хандинкамон” ба қароре омадем, ки боз театрстудияи “Коно ва Доно” – ро аз нав эҳё намоем ва чунин ҳам шуд,” – ба ёд меорад қаҳрамони мо.

Театрстудияи мазкур намоишҳои ҳаҷвии худро сараввал дар сатҳи шаҳри, баъдан вилоятӣ ва пасон ҷумҳуриявӣ ба саҳна гузоштааст.  Дар ин  театрстудия Фатҳулло Абдуллоев, Каримҷон Ғафуров, Гулбаҳор Ғаффорова ва Сулаймон Саидғозиев чанд вақт фаъолият намуданд. Намоишҳои ҳаҷвии театрстудия мақбули  тамошобин буд.

 Эҳсоси пушаймонӣ

Қаҳрамони мо ҳамеша дар роҳи интихоб намудааш устувор мондааст. Ӯ умри хешро барои хурсандӣ бахшидан ба дили мардум фидо намудааст. Аммо, дар зиндагӣ ҳолатҳое мешаванд, ки касро ҳатто аз касби дӯстдоштаи худ пушаймон мекунанд. Тӯли фаъолияти ҳунарӣ Каримҷон Ғафуров як маротиба аз касби интихонамудаи худ эҳсоси пушаймонӣ намудааст. Ӯ аз он рӯз бо таассуф чунин  ёдоварӣ намуд.

“Соли 2010 мо бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Маскав рафтем. Дар намоиш саҳнае доштем, ки номаш “Арӯсбоз” буд. Дар ин саҳна бояд ду мард ва ду зан нақш меофариданд. Ҳангоми иҷрои нақш аз толори тамошобин ду ҷавоне рӯйи саҳна баромаданд.  Ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштанд. Онҳо дағалона талаб мекарданд, ки як арӯсро ба мо диҳед. Ин даъвои ноҷои онҳо рафти намоишро вайрон кард.

Дар натиҷа пардаи саҳнаро пӯшидем.  Толор ҳам бе тамошобин монда буд. Дар ҳамин лаҳза аз касбам дар дил эҳсоси пушаймонӣ ба вуҷуд омад. Афсӯс мехӯрдам, ки наход аз ҳамин қадар роҳи дур барои шод кардани мардум биёиву онҳо ҳамин гуна муомилаи бадро раво бинанд,” – иброз дошт ҳунарманд.

Балансировка” – и умр”

Ҳунари ҳаҷвнигорӣ дар баробари офаридани образ, маҳорати эҷодкориву ҳозирҷавобиро низ  талаб мекунад. Каримҷон Ғафуров баробари гузоштани саҳнаҳои ҳаҷвӣ, ҳамзамон, ба навиштани саҳнаҳои тарбиявӣ низ   машғул аст.  Яке аз чунин саҳнаҳо “Қаллоб” ном дошта, мардумро аз мардумфиребии як гурӯҳ огоҳӣ медиҳад. Қаҳрамони мо дар аксари намоишҳои ҳаҷвӣ,  тарбиявӣ бо гуфтани латифаҳои намакин табъи ҳамагонро болида месозад. Ба қавли ӯ  “суханвари хуб будан муваффақияти ҳаҷвнигор аст.”

Ҳаҷвнигор ҳар боре, ки ба саҳна мебарояд ба мухотабонаш мегӯяд:

“Кашидани як дона сигор панҷ дақиқа умри инсонро кӯтоҳ мекардааст. Як хандаи аз таҳти дил панҷ дақиқа умри инсонро дароз мекардааст. Пас, аз таҳти дил бихандед, то “балансировка” – и умратон ҷо ба ҷо шавад… Мо ҳаҷвнигорон як шиор дорем ва доим ба мардум мегӯем “хандед, хандед ва боз хандед”. – бо муҳаббат иброз намуд ҳунарманд.

Каримҷон Ғафуров то имрӯз дар филму намоишҳои зиёд нақш офаридааст. Барҷастатарини онҳо дар филмҳои “Парӣ аз паси кӯҳи Қоф”, “Соҳили мурод”, “Саргузашти наврӯзӣ” “Орзуҳои наврӯзӣ”, “Келинпошшо” мебошанд. Ӯ имрӯзҳо дар театри халқии шаҳри Истаравшан фаъолият менамояд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Skip to toolbar