Марги 5 узви як оила дар пайи садамаи нақлиётӣ, 200 муҳоҷири тоҷик аз фурудгоҳи Шереметево ба ватан баргардонида шуданд, 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Екатеринбург аз 16 то 25 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
Ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.
Марги 5 хешованд: садамаи маргбор дар Шаҳристон
Дар як садамаи маргбор дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон 5 нафар, аз ҷумла як ноболиғи 10-сола ба ҳалокат расид.
Ҳодиса 7-уми июл, тахминан соати 15:51 рух дод, иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Манбаъ менависад, ронандаи “Опел-Зафира”, Ҷамшид Худоёрови 20-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, ба дохили сойи деҳаи Фирдавсии ин ноҳия меафтад.
Дар натиҷа, 4 мусофири автомашинаи мазкур сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ронанда ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки 6 нафари онҳо ноболиғанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гариданд.
“Дар беморхона ноболиғи 10-сола, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст”,- меафзояд Вазорати корҳои дохилӣ.
Аз насаби фавтидагон маълум мешавад, ки онҳо аъзои як хонавода ҳастанд.
Таҳқиқот ҳодисаи мазкур идома дорад.
200 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи “Шереметево” ба ватан баргардониданд
Як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон бо вуҷуди панҷ рӯзи нигоҳдорӣ дар фурудгоҳи “Шереметево”-и Москва натавонистанд ба Русия ворид шаванд.
Муҳоҷирон, ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки онҳо 3-юми июл аз фурудгоҳи Бохтар ба Москва парвоз карда буданд ва онҳоро пас аз панҷ рӯз – 8-уми июл ба Тоҷикистон фиристоданд.
Муҳоҷирон гуфтанд, “ҳатто сумкаҳои худамонро надоданд, ки аз дохилаш нон гирифта хӯрем. Маҷбур карданд, аз дастгоҳе, ки обу шоколад дорад, харида хӯред, нархи он хеле қимат аст. Мо 200 нафар ҳастем, фақат шаҳрвандони Тоҷикистонро гузаштан намемонанд”.
Сабаби панҷ шабонарӯз нигоҳдорӣ ва ихроҷи ин муҳоҷирон маълум нест.
Вақтҳои охир муҳоҷирони тоҷик аз тафтиши дурудароз дар фурудгоҳҳои Русия ва гузаргоҳҳои марзӣ шикоят мекунанд.
18 миллион рубл пули муҳоҷирон баргардонида шуд
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Русия беш аз 18 миллион рубл музди кории пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик аз дасти корфармоён баргардонида шуд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сабабҳои напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон “набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва сифати пасти иҷрои корҳо” мебошад, ки “ин сабаб метавонад дар пардохт нагардидани маблағ аз тарафи фармоишгар ба пудратчӣ бошад”.
“Номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо аст, ки дар охир ҳисоби корҳои анҷомдодашуда байни тарафҳо мувофиқат намекунад ва мушкилии исботи иҷрои корро ба бор меоварад”, – хабар медиҳад Намояндагӣ.
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия қарор доранд, метавонанд ба рақамҳои дар экрани шумо намоён аст, занг зананд:
5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми “ташкили гурӯҳи террористӣ ва иштирок дар он” дар Русия зиндон шуданд
Суди Екатеринбург панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми “ташкили гурӯҳи террористӣ ва иштирок дар он” маҳкум кард, хабар медиҳад “Настоящее время”
Сангинмурод Мусофиров ва Абубакр Сангчаров дар ташкили гурӯҳи террористӣ ва ҷалби одамон ба ин гурӯҳ гунаҳкор дониста шуданд. Мусофиров – 24 сол, Сангчаров – 25 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳо панҷ соли аввалро дар зиндон, боқимондаро дар колонияи низомаш шадид сипарӣ мекунанд.
Се нафари дигар дар ин парванда ба иштирок дар гурӯҳи террористӣ муттаҳам шуданд. Суд Анваршо Авезовро ба муҳлати 18, Нуралӣ Дӯстовро 17 ва Шаҳриҷон Мусофировро 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин, ҳар кадоми онҳо бояд 350 ҳазор рублӣ ҷарима супоранд.
Ба иттилои Baza, Сангчаров шаҳрванди Русия буда, боқимонда муттаҳамони парванда шаҳрвандони Тоҷикистонанд. URA.RU менависад, ки ҳамаи панҷ маҳкумшуда шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.
Соли 2021 расонаҳо аз боздошти 15 муҳоҷир аз Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти хадамоти вижаи Русия хабар дода буданд. Пас аз се моҳ 10 боздоштшуда ихроҷ ва 5 нафар боздошт шуданд.
Хадамоти федеролии бехатарии Русия иддао кард, ки онҳо қасд доштанд дар Екатеринбург як шохаи Толибон* (гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъро)-ро таъсис диҳанд. Ба иттилои ин Хадамот ҳадафи аслии ин гурӯҳ анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ “бар зидди пайравони дини дигар” буд. Як манбаи расонаи “It’s My City” дар нерӯҳои амниятӣ гуфтааст, ки онҳо ба “Толибон” иртибот надоранд.
Хешовандони боздоштшудаҳо иттиҳомотро сохта ва беасос номиданд. Онҳо изҳор доштанд, ки муттаҳамони парванда террорист набуда, барои кор ба Русия омадаанд.
Ба гуфтаи наздикон, боздоштшудаҳоро шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки ба ташкили гурӯҳи террористӣ иқрор шаванд.
БОР: Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2023 рекордӣ шуд
Тибқи гузориши охири Бонки Осиёии Рушд маблағи фиристодаи муҳоҷирон 48,2% Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Мувофиқи ин омор Тоҷикистон дар садри кишварҳои қарор дорад, ки ҳиссаи маблағи фиристодаи муҳоҷирон нисбат ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баланд аст.
Дар гузориш омадааст, ки “имконоти маҳдуд дар кишвар шаҳрвандони кишварро водор месозад, ки дар хориҷа, пеш аз ҳама дар Русия дар соҳаи сохтмону хидматрасонӣ кор ҷӯянд”.
Дар гузориш аз ҷумла гуфта мешавад, ки саҳми маблағи интиқолшуда барои хароҷоти хонаводаҳо назаррас мебошад. Аксари муҳоҷирони тоҷик мардон буда, синни онҳо аз 15 то 44- сола аст.
Муаллифони гузориш дар такя ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик соли 2023 5,7 миллиард доллар ба Тоҷикистон маблағ фиристодаанд, ки нисбат ба соли 2022 (5,3 млрд доллар) 6,6% зиёд аст.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро эълон намекунанд.
Тибқи оморҳои расмӣ дар соли 2023 дар Русия беш аз 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷир ба қайд гирифта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар соил 2023 беш аз 600 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират, аз ҷумла ба Русия рафтаанд.
14 миллион сомонӣ! Зарар аз сӯхтор дар бозори Ҷайҳун
Мақомоти вилояти Хатлон зарари пешакии сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҷайхунро беш аз 14 миллион сомонӣ (1,3 миллион доллар) арзёбӣ карданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Сардори идораи оташнишонии ноҳияи Ҷайҳун Қуваталӣ Қурбонализода гуфт, соҳибкороне, ки аз сӯхтор дар бозор зарар диданд, имтиёз доранд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарздор ҳастанд, пардохти қарзи бонкӣ то аз нав сар кардан ба фаъолият боздошта шудааст.
Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун шаби 1 ба 2 июл рух дод, ки дар натиҷа 401 нуқтаи савдо комилан сӯхта шуд.
Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон қаблан гуфта буд, ки дар натиҷаи сӯхтор 95% бозор ба коми оташ рафт.