Гурезаи афғон дар Тоҷикистон: Лаҳзаҳое мешаванд, ки барои роҳкиро 5 сомонӣ низ намеёбам

Пандемияи коронавирус зиндагии як оилаи гурезаи афғонро, ки солҳост дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад душвортар кардааст. Ӯ ба рӯзноманигор аз душвории рӯзгор ва набуди ҷойи кор дар кишвар гуфт.  

Руҳия Ҳаётхон ҳамроҳи шавҳару чор фарзандаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада соҳиби паноҳандагӣ шудааст. Ӯ дар бозори “Саховат” ба фурӯши либосҳои “дасти дуюм” машғул мебошад.

“Ҳафтае се рӯз ба бозор мебароям. Албатта, ки коронавирус ба иқтисоди оилаи мо таъсир расонид. Дар аҳди короновирус мо қариб се моҳ ба кор набаромадем. Чун аз бемор шудан ва фавтидан дар ғарибӣ метарсидем. Як моҳ дар хона нишастам, вале зиндагӣ мушкилтар шуд, баъдан ба ширфурӯшӣ машғул шудам”, – мегӯяд Руҳия.

Ӯ маблағи аз ҳисоби шир ба даст меомадаро барои иҷора ва маблағи аз бозор дарёфт мекардаашро, барои хариди хӯрока харҷ мекунад.

Руҳия бо шикоят мегӯяд, ки шавҳараш бемор аст ва ҳатто ҳолатҳое мешавад, ки барои роҳкирои писараш, ки дар синфи 7 таҳсил мекунад, 5 сомонӣ намеёбад. Ду духтари дигараш аз сабаби нодорӣ тарки мактаб кардаанд.

Руҳия мехоҳад барои ояндаи беҳтари фарзандонаш ӯро ба кишвари сеюм интиқол диҳанд ва ё дар Тоҷикистон кӯмаке барои пешбурди зиндагиаш расонанд.

Skip to toolbar