Ҷовид Ғуломмуҳиддинов, директори амалиётии ширкати консалтингии “Тоҷгидро”

“Гендернетика”: Чӣ тавр зан-мутахассиси соҳаи энергетика дар бахши хусусӣ кор карда метавонад?

Ҷовид Ғуломмуҳиддинов, директори амалиётии ширкати консалтингии “Тоҷгидро” дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Гендернетика” меҳмон шуд. Ширкати “Тоҷгидро” ба машварат дар соҳаи энергетика машғул аст.

Пеш аз ин меҳмонон мо асосан аз ширкатҳои давлатӣ буданд. Мо дар ин нашри подкаст дар бораи он сӯҳбат кардем, ки чӣ тавр занон дар бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика худро пайдо карда метавонанд.

Ба гуфтаи Ҷовид дар ширкати  “Тоҷгидро” шумораи занон ва мардон қариб ки баробар аст ва онҳо кӯшиш мекунанд баробарии гендериро риоя намоянд. Онҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд, аммо дар байнашон мутахассисони соҳаи энергетика каманд, афзуд ӯ.

“Дар соҳаи энергетика вазифаҳое ба монанди молиячиёни энергетика (сметчик), эгенроаудит ва ғайра ҳастанд, ки қувваи зиёди ҷисмониро талаб намекунанд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ занон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар боло зикр шуда баромада метавонанд.

Ҷовид аз рӯи мушоҳидаи фаъолияти ҳамкоронаш гуфт, ки занон дар кори худ нисбати мардон бомасъулияттаранд. Ҳамчунин дар қабули қароре онҳо метавонанд ягон роҳи ҳалли алтернативиро пешниҳод намоянд.

“Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки риояи баробарии гендерӣ ба саломатии молиявии ширкат низ таъсир мерасонад”,- илова кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, мувофиқи маълумотҳои Маккензи ширкатҳое, ки дар онҳо баробарии гендерӣ риоя мешавад, аз ширкатҳое, ки онро риоя намекунанд, 15 – 25% бартарӣ доранд ва 3,6 маротиба бештар қарорҳои инноватсионӣ пешниҳод мекунанд.

“Мо дар ширкат барои мардону занон шароити баробари корӣ фароҳам овардаем, ҳатто баъзан занҳо нисбат ба мардҳо аз бартариятҳо бештар бархӯрдоранд. Аммо бояд дарк намуд, ки занҳо берун аз фаъолияти корӣ низ маъсъулияти зиёд доранд”,- шарҳ дод Ҷовид Ғуломмуҳиддинов.

Ӯ мегӯяд, имкониятҳо дар илмҳои STEM (дақиқ), махсусан барои занону духтарон зиёданд ва ташкилотҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва квотаҳои давлатӣ ба он таваҷҷуҳ доранд.

“Баробарии гендерӣ натанҳо ҳуқуқи инсонҳо, балки заминаи муҳим барои ноил шудан ба рушди устувор мебошад. Агар мо хоҳем, ки наслҳои ояндаи мо бомаърифат бошанд, бояд занҳои мо дар тамоми соҳаҳо иштирок кунанд”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Мо ин силсилаи подкастҳоро “Гендернетика” – аз ду калима: гендер ва энергетика номидем. Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад.

Ҳар ҳафта меҳмонони мо аз таҷрибаи кор дар соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, духтаронро ҳавасманд мекунанд ва масъалаҳоеро ба миён мегузоранд, ки аз ҳалли онҳо татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат вобастагӣ дорад.

Skip to toolbar