fbpx

Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ таҳқири Қуръонро маҳкум карда, аз амнияти минтақа ва тағйирёбии иқлим гуфт

Ӯ аз намояндагони кишварҳо хоҳиш кард, ки номзадии Тоҷикистон ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ намоянд.


0
Президенти Тоҷикистон дар минбари СММ таҳқири Қуръонро маҳкум кард
Акс аз хадамоти матбуоти президент

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр дар иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ оташзании Қуръонро маҳкум карда, оид ба амнияти минтақавӣ, буҳрони ҷаҳонӣ, обшавии пиряхҳо ва мушкилоти Афғонистон суханронӣ намуд

“Мо шоҳиди таҳаввулоти нигаронкунанда дар арсаи байналмилалӣ ҳастем”,- гуфт ӯ ва бо ишора ба шароити ҳассоси имрӯза таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамгироӣ ва эътимод ниёз дорад.

“Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд”,- афзуд президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамбастагии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро муҳим хонда, гуфт, ки ин барои ҳалли “мушкилоти ҷорӣ”-и кишварҳо, пойдории сулҳу субот ва вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат мекунад.

Ӯ таъкид кард, ки амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон пайванд дода, афзуд, ки ёрӣ ба мардуми азиятдидаи Афғонистон муҳим аст. Дар ҳамин ҳол, президент бори дигар мавқеи кишварашро дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумул низ баён дошт.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфт дар ду соли ҳукуматдории “Толибон” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз даҳ тонна маводи мухаддир ошкор мусодира шудааст.

Дар идома президенти Тоҷикистон аз оқибатҳои фалокатбори тағйири иқлиму обшавии бошиддати пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст ва 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

“Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад”,- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома президент таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум намуд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз намояндагони кишварҳо хоҳиш кард, ки номзадии Тоҷикистон ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои 2028-2029 дастгирӣ намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend