Ганҷҳои нуҳуфтаи Тоҷикистон. Геологҳои тоҷик чи гуна фаъолият мебаранд?

Дар замони шуравӣ геолог яке аз тахассусҳои романтикӣ ҳисобида мешуд ва аксари ҷавонон ин пешаро барои худ интихоб мекарданд. Қаҳрамони Your.tj Иззатулло Хоҷаев, саргеологи корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи ҷустуҷуию аксбардории геологӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд он давраро паси сар накарда,  фарзанди даврони Истиқлол аст, интихоби худро дуруст мешуморад. Тасмим гирифтем дар бораи ин шахси наҷиб ва фаъолияти ӯ ба шумо қисса кунем.  

Дар баландии 4100 метр аз сатҳи баҳр

“Боре дар моҳи август барф борид. Хунукии сахт шуд, мо дар болои кон дар баландии 4 100 метр аз сатҳи баҳр будем. Яку якбора ҳаво абрнок шуд ва барф зад. Ҷои хобамон 48 километр поёнтар буд. Албатта кори мо мушкил аст. Баъзан аз барфи бисёр техника аз кор мемонад. Оҳан бо ҳам часпида мешиканад. Вале геологҳо корро идома медиҳанд. Ҳаёт дар чунин баландӣ хело хатарнок аст”, – нақл мекунад Иззатулло ва айёмеро ба хотир меорад, ки ҳануз хеле ҷавон буд.

Аз давраи донишҷӯияш боз у дар экспедитсияи ҷустуҷуию аксбардорӣ кор мекунад.

Иззатулло мактаби миёнаро дар ноҳияи Ваҳдат хатм кардааст. Айеми мактабхонӣ ба фанҳои табиӣ меҳр дошт. Падару модараш дар мактаб аз фанни алгебра ва геометрия дарс мегуфтанд. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, вақте ки мактабхон буд, ба маънои аслии геология сарфаҳм намерафт.

“Дар умум медонистам, ки илму касби геология ҳаст. Чи будани конҳо, ҷустуҷуҳои геологиро ҳам медонистам, аммо пурра ба маънои касби интихобкардаи хеш сарфаҳм намерафтам”, – идома медиҳад Изатулло.

Соли 1999 баъди хатми мактаб ба факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳануз аз соли чаҳоруми донишҷӯӣ корро дар Экспедитсияи ҷустуҷуию аксбардории геологӣ оғоз кардааст.

“Имтиҳони фанни геохимияро бо баҳои аъло супоридам, устод Муҳаббатшо Маҳмадатоев маро ба кор даъват намуд. Ҳамин тариқ ман дар гуруҳи тиллоҷӯён ба ҳайси техник-геолог ба кор пардохтам”, – нақл мекунад Хоҷаев.

Дар ҷустуҷуи тилло

Бино бар гуфтаи ӯ, кор аз таҳсил фарқи калон дошт. Назария дигар буду амалия – дигар. Вақте бори аввал ба кори саҳро бипайваст ва минералҳоро аз наздик дид, тасаввуроташ дигар шуд.

Вазнинии кор дар он буд, ки дар оғози солҳои 2000 ҳануз техникаву технологияи ҳозиразамон набуд. Ҳама кор дастӣ анҷом дода мешуд. Ҳам сохтани харита ва дигар корҳо, ҳатто навиштани ҳисоботҳоро геологҳои тоҷик дастӣ анҷом дода, баъд дар мошинка чоп мекарданд.

Корҳои саҳроиро Иззатулло аз мавзеи Қаратоғ аз ҷустуҷуи тилло оғоз намуд, ки дар таркиби ҷисмҳои куҳӣ нуҳуфтаанд…

“Бори аввал вақте ки саҳро баромадем, маро як ҳиссиёте фаро гирифта буд, ки тасвир карда наметавонам. Барои як донишҷуе, ки то ин вақт ба корҳои саҳроӣ боре ҳам ҷалб нашудааст, ҳама чиз аҷиб метофт. Мо корҳои геологиро аз аксбардорӣ оғоз кардем. Дар баландии кӯҳ, ки аз 1800 то 2500 метр аз сатҳи баҳр боло буд, се моҳ кор кардем. Тобистон он ҷо ҳаво муътадил аст, охирҳои сентябр хунукӣ сар шуд. Он ҷо 10 нафар будем. Мақсади гурӯҳи мо муайян кардани он буд, ки оё дар ин макон тилло ҳаст ё не. Гуфтанд, ки ҷисмҳои куҳии он ҷо (конгломерат мегуянд) ба давраи юравӣ дохил мешаванд.

Мо тиллоро ёфтем, вале на ба миқдори зиёд. Ба болои ин, онро ҳамчун тиллои саноатӣ қабул накарданд. Барои ин намуди тилло, ки дар ҷумҳурии мо бори аввал ҷустуҷу шуда буд, корҳои илмӣ гузаронидан лозим, то дар оянда усулҳои нави коркарди онро таҳия кунанд. Ин тиллои қадимаи аз заррачаҳо иборат мебошад, ки 150- 160 миллион сол пеш дар ҷисмҳои куҳӣ пайдо шудааст.

Мушкилоти дуввум дар он буд, ки мо усули муайяни кор надоштем ва аз ин сабаб онро хуб ба роҳ монда натавонистем. Дар ин миён устодам Абдуваддуд Акрамов, ки гуруҳро роҳбарӣ мекард, вафот карданд. Мутахассисони зиёд аз кор рафтанд. То соли 2013 кор кардем ва он маводҳоеро, ки руи даст доштем, ба фонд супорида корро ҷамъбаст намудем”, – иброз дошт Изатулло.

Вохурӣ бо хирс

Ҳамзамон Изатулло аз соли 2009 дар конҳои тиллои Мастчоҳи куҳӣ бо мутахасиссони британиягӣ ҳамкорӣ мекард. Инчунин дар конҳои ангишти куҳии Зиддӣ, Назар-Айлоқ (қитъаи Кафтархона), кони ангишти Тавилдара (Санглох) кор кард.

“Дар қисмати ғарбии кони ангишти Назар-Айлоқ, ки дар дунё беҳамто ҳисобида мешавад, кор мекардем. Чунин намуди ангишт танҳо дар Ветнам аст, ки захираҳояш дар ҳолати тамомшавист. Ин намуди ангиштро дар соҳаи металлургия истифода мебаранд. 5 сол он ҷо кор кардем.

Ҳолатҳое буд, ки моҳҳо он ҷо, дар баландии беш аз 4100 метр аз сатҳи баҳр мемондем. Ҳаёт дар чунин баландӣ хело хатарнок аст. Ҳангоми ба бошишгоҳ фаромадан, ки 48 километр поёнтар аз кон ҷойгир аст, метавонед ногаҳон бо ҳайвонҳои ваҳшӣ низ ру ба ру гардед”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.

Ҳамзамон, ӯ қиссаеро нақл кард. Боре дар Рашт хирсе ба минтақаи кории онҳо омад. Вай худро соҳиби мутлақи ин ҷойҳо медонист. Хурок мекофт, ба таҷҳизот даст расондан гирифт. Ҳама пинҳон шуданду рафтанашро интизор буданд.

Вале хирс дар фикри рафтан ҳам набуд. Дар охир ронандаи экспедитсия аз рафтори ҳайвони ваҳшӣ дилгир шуда, зери чанбараки мошини боркаш нишасту онро рост суи хирс ронд. Дар аввал хирс бо панҷаҳояш мубориза бурд, аммо баъди чанде истодагарӣ карда натавониста рафт. Чунин ҳодисаҳо тули фаъолияти чандинсолаи Иззатулло Хоҷаев зиёд рух додаанд.

Ганҷҳои нуҳуфта зиёданд

Соли 2014 дар Тавилдара гуруҳи онҳо бо ҷустуҷуи кони тилло машғул буд. Як ҷавони аксбардор бори аввал ба экспедитсия шомил шуда буд ва ҳамроҳи геологҳо ба баландӣ баромад. Ҳарчанд ба ӯ ҳушдор доданд, ки бояд тули як-ду руз ба ҷои нав мутобиқ шавад, то ба куҳ баромада нафасгир нагардад, гуш накард.

Ба баландии 4000 метр аз сатҳи баҳр баромада, аҳволаш бад шуд. Геологҳои кордон бо хеле азобҳо он ҷавони аксбардорро наҷот дода ба поён фароварданд.

Иззатулло мегуяд, ки ганҷҳову конҳои нокушода дар кишвари мо хело зиёд ҳаст. Дар ҷаҳон аз ҷиҳати доштани захираҳои сурма ҷои намоёнро ишғол мекунем. Сурма дар водии Зарафшон зиёд аст. Конҳои калонтарини нуқраро низ соҳиб ҳастем. Дар Помири Шарқӣ даҳҳо конҳои дигар дорем, ки ҳоло ҳам дар ҳолати ҷустуҷуву омӯзиш қарор доранд.

Вале аз ҳама мушкилоти асосӣ – набудани мутахассисони баландихтисос аст, чунки барои омода кардани онҳо маблағ кофӣ нест.

Бинобар кам маблағгузорӣ шудани соҳа маоши геологҳо паст аст. “Кормандони корхонаҳои давлатӣ аз 1700-1800 сомонӣ беш маош намегиранд. Дар экспедитсияҳо, яъне корҳои саҳроӣ, ки хеле хатарнок аст, маош аз 3000 то 4000 ҳазор сомониро ташкил мекунаду халос. Кор дар саҳро хеле душвор аст, барф меборад, борон меборад, ҷои гурехтан нест.

Ҳолате мешавад, ки дар пеш роҳ нест, худамон чанд маротиба барои гузаштан пул сохтем”, – нақл мекунад Изатулло ва бо таассуф мегуяд, ки шояд дар экспедитсияи Помир маош зиёдтар бошад.

Бино бар гуфтаи у, агар кор чунин ранг гирад, дар оянда барои наёфтани мутахассис идораи онҳо танқисӣ хоҳад кашид. Дар давраи шуравӣ соҳаи геологияро ғолибан мутахассисони рус пеш мебурданд. Тоҷикон миёни онҳо камшумор буданд. Ҳоло бошад, ҳамасола мутахассисони ҷавон донишгоҳро хатм мекунанду чун ба коргоҳ меоянд, маош кам гуфта, баъди чанде тарки соҳа мекунанд.

Имруз аз 80 корманди КВД «Экспедитсияи ҷустуҷуию аксбардории геологӣ» ҳамагӣ 25-тоаш аз руи ихтисос геолог аст. Пештар экспедитсияҳо то 3 ҳазор корманд доштанд, гуруҳҳое буданд, ки дар онҳо то 100-150 кас кор мекарданд.

Ҳоло Барномаи рушди соҳаи геологияи тоҷик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки он барои солҳои 2021-2030 пешбинӣ шудааст. Кош барнома зудтар қабул мегардиду самтҳои афзалиятноки соҳа ру ба беҳбудӣ меоварданд.

Замоне ки Иззатулло Хоҷаев барин мутахассисон дар геологияи тоҷик кору фаъолият доранд, умед аст, ки ин соҳаи муҳими афзалиятноки иқтисодиёти кишвар аз байн нахоҳад рафт.

Skip to toolbar