Наҷоти духтаре, ки мехост худро аз ошёнаи 16 – ум партояд
Зани ҷавоне нимаи шаби гузашта дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе аз бинои бисёрошёнае хостааст, худро ба замин андозад. Амалиёти шабонаи наҷоти ин ҷавондухтар аз ҷониби масъулини КҲФ Тоҷикистон бо муваффақият анҷомид.
Ба иттилои КҲФ, тақрибан соати 02:39 дақиқа ба қисми навбатдории ин ниҳод маълумот ворид гардид, ки зане дар кӯчаи Сино, бинои рақами 56 таҳдид дорад, ки худро мекушад.
Таъкид шудааст, ҷавонзан дар боми бинои 16-ошиёна қарор дораду кӯмаки наҷотдиҳандагони КҲФ дархост карда шудааст.
“Баъди ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ҷавонзан, сокини 25-солаи шаҳри Бохтар мебошад, ки дар лаби боми бино истода касеро наздик омадан намемонаду таҳдиди худкушӣ дорад”, – омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, ки равошиноси гурӯҳи наҷотдиҳӣ бо духтар суҳбат ороста таваҷҷуҳашро тарафи худ кашид ва гурӯҳи дигар тавонистаанд ӯро аз лаби бом канор баранд.
Бар асоси иттилои аввалия, сабаби ин кор нофаҳмиҳои оилавӣ будаанд, аммо дақиқан ин ҳолатро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян хоҳад кард.
Фарзандони мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ бештар ҷалб мешаванд
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар як ҷаласаи омодагӣ ба маъракаи даъват ба артиш супориши қатъӣ додааст, ки бештар фарзандони мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазир ҳамчунин, ба мақомоти марбута дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш низ дастур додааст.
“Вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоед”, – гуфтааст Шералӣ Мирзо.
Ӯ ба масъулин таъкид доштааст, ки ба пӯшидани сару либоси низомӣ ва муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.
Вазири дифоъ ҳамзамон, аз омода кардани мутахассисон барои артиш дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва ташкилу роҳандозии дарсу машғулиятҳои соҳавӣ гуфтааст.
Дастури вазири дифои кишвар дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта ду моҳро идома мекунад.
Ҳамин тариқ, дар гузашта хабарҳо дар бораи ба сафи артиш пайвастани фарзандони чанд мансабдори сатҳи поинӣ расонаӣ мешуд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд.
Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Дар Тоҷикистон “лимит” сар шуд?
Сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон ба шикоят кардаанд, ки ду рӯз боз интиқоли барқ ба хонаҳояшон “чанд соатӣ” қатъ мешавад.
Аз ҷумла, чанд нафар рӯзи 28-уми сентябр аз минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Турсунзода навиштаанд, ки “аз соати 10-и шаб то 4-и субҳ ва аз соати 8-и субҳ то 11-и рӯз” барқ надоранд.
Мардум аз он нигаронанд, ки ба монанди солҳои гузашта бидуни огаҳӣ “лимит” ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани маҳдудиятро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, агар дар ҷое барои чанд соат барқ қатъ шудааст, “бо сабаби таъмири зеристгоҳҳо аст”.
Ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи март ё апрел дар Тоҷикистон интиқоли барқ ба хонаи сокинон маҳдуд мешавад.
Мақомот расман маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро эълон намекунанд ва набудани барқро ба таъмири зеристгоҳҳо ва симчӯбҳо пайванд медиҳанд.
Душанбе ва Вашингтон вазъияти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд
Дирӯз, 27 сентябр, дар Вашингтон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ хабар медиҳад.
“Ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.” – зикр мешавад дар хабарнома.
Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд ва доир ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша сурат гирифт.
Гуфта мешавад инчнунин, ҷонибҳо аҳаммияти платформаи “С5+1” барои минтақа ва ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.