Прокурори генералӣ ва Абдухалил Холиқзода

Фармони боздошти Абдухалил Холиқзода аз ҷониби прокурори генералӣ содир шудааст

Фармони боздошти Абдухалил Холиқзода, тоҷири шинохта роҳбари Беморхонаи “Ибни Сино” шахсан аз ҷониби Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон ба амал омадааст. Худи ӯ инро зимни нишасти матбуотӣ тасдиқ ва алайҳи ӯ иттиҳом эълон кард.

“Шахсан фармони боздошташро додам”,- таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

Ӯ расман изҳор дошт, ки Абдухалил Холиқзода бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ Холиқзода тибқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст.

“Ӯ ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”,- таъкид кард Юсуф Раҳмон.

Ҳамчунин илова намуд, ки гузашт нахоҳанд кард ва Холиқзода бо тамоми қатъияти қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Моддаи 189-и Кодекси ҷиноятӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 солро пешбинӣ кардааст.

Назари худи Абдухалил Холиқзода ва пайвандони ӯ нисбати ин иттиҳом маълум нест.

Ба навиштаи расонаҳо мақомот хона ва ҷои кори Холиқзода дар Душанберо кофтуков карда, компютер ва чанд китобро бо худ бурдаанд.

Ҳамчунин китоби ӯ – “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки чанде пештар аз чоп баромада, дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро дар робита ба маҳалгароӣ ба миён оварда буд, аз ҷониби шахсони номаълум аз ҳама китобхонаву китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчида шудааст.

Ин китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки 15-уми март дар Душанбе рӯнамоӣ шуд ва дар он муаллиф аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст ва хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ баъди чанд соли кор дар хориҷи кишвар, махсусан Ҳиндустон дар соли 2008, ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ “Бемористони Ибни Сино”-ро таъсис дод.

Skip to toolbar