Дунёи кӯдакони аутизм. Чаро таваҷҷуҳ ба онҳо муҳим аст

Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки шахси гирифтори аутизм ба дигарон чандон аҳамият намедиҳад, ба таваҷҷуҳ низ ниёз надорад, аммо дар асл ин тавр нест.


Нафарони гирифтори аутизм, нисбат ба дигарон, дунёро ба таври дигар мебинанд. Онҳо садоҳо, рангҳо, бӯйҳо ё ламсҳоро ба худ дигар хел қабул мекунад. Чизҳое, ки барои мо комилан муқаррарӣ ҳастанд – масалан, садо аз кӯча барои шахси гирифтори аутизм хеле нороҳаткунанда мебошад, ба монанди садои гӯшхароши сирена.

Дар баъзе мавридҳо, чунин ба назар мерасад, ки шахси гирифтори аутизм ба дигарон чандон аҳамият намедиҳад, ба таваҷҷуҳ ва меҳрубонӣ низ ниёз надорад, аммо дар асл ин тавр нест.

Ин филми тасвирӣ нишон медиҳад, ки то чӣ дараҷа барои ашхоси гирифтори аутизм муошират ва дӯстӣ кардан аҳамияти зиёд дорад, айнан ҳамон тавре ки барои мо муҳим аст!