Ду ноболиғ барои муноқиша ва кордкашӣ дастгир шудаанд

Ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда 2-юми июл дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе бо ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро латукӯб кардааст.

“Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”,- хабар медиҳад ВКД.

Инчунин, тибқи иттилои ин ниҳод, ноболиғи дигар, сокини 16-солаи шаҳри Хуҷанд, 7-уми июл тахминан соати 18:30, дар ҳудуди боғи истироҳатии ба номи “Абу Маҳмуди Хуҷандӣ” бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, менависад ВКД.

Skip to toolbar