Ду нафар дар як канали шаҳри Душанбе ғарқ шудаанд

Ду марди яке 50 ва дуюми 53-сола дар як канали шаҳри Душанбе ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳодиса 3-уми июн, соати 01:44 рух дода, ду нафар ҳангоми нӯшидани об аз беэҳтиётӣ дар канали “Дереватсионии ноҳияи Варзоб”, воқеъ дар паҳлуи “Кӯли Душанбе” ғарқ шудаанд.

Ҷасади яке аз онҳо соати 02:50 , ва ҷасади ғарқшудаи дуюм соати 06:05 пайдо ва аз канал берун оварда шуда, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Тибқи иттилои КҲФ ғарқшудагон яке сокини кӯчаи Навоӣ ва дуюмӣ сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буданд.

Skip to toolbar