Киностудияи “Суғдсинамо” филми тозаеро ба навор гирифтааст, ки он аз замони пошхӯрии СССР ва мушкилтарин солҳо барои мардуми тоҷик, яъне солҳои 90- уми асри гузашта нақл мекунад.
Коргардони филм Муҳиддини Музаффар дар суҳбати кутоҳ бо Your.tj оиди банаворгирӣ ва паёми он ба мардум гуфт гуфт.
Филми мазкур “Дов” ном дошта бо ҳамкории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва маркази продюсерии “Футура магнум” ба навор гирифта шудааст. Ҳоло наворбардории филм бо мувафақият анҷом ёфтааст.
“Ин бор бахшида ба 30- юмин солгарди Истиқлолияти кишвари азизамон тими мо замони пошхӯрии давлати абарқудрати СССР ва солҳои навадуми вазнинтарини Тоҷикистонро ба навор гирифт.
Бо камоли майл ва эҳсоси шукргузорӣ мегӯям, ки филми ҳунарии “Дов” бо муваффақият сабт гардид. Филме ки солҳои тӯлонӣ ҷуръат намекардам, ки сабташ намоям. Аввалан бо кӯмаки Парвардигори бузург, баъдан бо кӯмаки устодону роҳбарони бомасъулият ва дӯстони фидоии мо давраи сабти филм бо муваффақият ба анҷом расид”, – мегӯяд, коргардони филм Муҳиддини Музаффар.
Ҳамчунин коргардон қайд мекунад, ки банаворгирии ин филм яке аз нияту орзуҳои деринааш буд, ки ҷомаи амал пӯшид. Муаллифи сенария низ худи коргардон аст.
“Шумори иштирокчиён дар ин филм зиёда аз 5000 нафар буданд, ки ба ҳар нафарашон изҳори сипос мегӯям. Бидуни Шумо азизон як кадр ҳам ба навор гирифта наметавонистем. Филм кори дастҷамъона аст”, – шарҳ медиҳад ӯ.
Маънои калимаи дов дар фарҳанги забони тоҷикӣ ҳамчун навбати гашт дар бозии шоҳмот ва навбати бозӣ дар қимор омадааст. Дар аввал номи филм “Лоторея”, сипас “Суруди носуруда” ва ниҳоят “Дов” гузошта шудааст.
Филм дар жанри драма таҳия шуда аз зиндагии ду мусиқинавози замони шӯравӣ, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд, қисса мекунад. Ҳодисаҳо соли 1993 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара сурат гирифтаанд. Қаҳрамонҳои асосии филм Қаҳҳор ва Маннон мебошанд. Нақши Қаҳҳорро ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Абдулмӯъмин Шарифӣ, нақши Маннонро бошад Салоҳиддин Шукуров иҷро намудаанд. Дар пасманзари зиндагии ин ду қаҳрамон, муаллиф аз мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлоли қисса мекунад.
Ба наворгирии филм аввалҳои моҳи май оғоз гардида, 48 рӯз идома ёфт. Филм дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба навор гирифта шудааст.
Чӣ тавре котиби матбуотии “Суғдсинамо” Зайнуддин Орифӣ ба Your.tj гуфт, барои ба навор гирифтани якчанд саҳнаи филм, тӯли 5 шабонарӯз дар роҳи оҳани Конибодом қатораи иборат аз шаш вагони боркаш равуо намудааст.
“Тӯли даҳсолаҳо дар роҳи оҳани Конибодом ягон қатора ҳаракат накарда буд. Вале мо хоҳиш кардем ва қатораи боркашро ба мудати 5 шабонарӯз дар ихтиёрамон гузоштанд. Мо барои ба навор гирифтани як саҳнаи филм 1 шабонарӯз бе танаффус дар роҳи оҳан кор кардем. Ҳоло танзими филм оғоз ёфтааст. Фикр мекунам, филм беҳтарин ҳадя дар ҷашни 30 солагии Истиқлолият хоҳад буд”, – мегӯяд, Зайнуддин Орифӣ.
Истеҳсолкунандагон ният доранд, нахустнамоиши филмро моҳҳои сентябр баргузор кунанд. Ҳамчунин филмро на танҳо дар Тоҷикистон балки хориҷ аз он низ намоиш медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки Суғдсинамо яке аз киностудияҳои фаъолӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Қариб ҳама филмҳои таҳия шудаи ин киностудия аз тарафи тамошобин баҳои баландро соҳиб шудаанд.
Сафарзода Малика