fbpx

Донишҷӯи тоҷик дар Русия лоиҳаи нерӯгоҳи хурди барқӣ таҳия кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Пешниҳоди гирифтани рухсатии академӣ ба донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Русия

Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъи марбут ба донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил карда, барои таҳсил бо сабабҳои маълум ба Русия рафта натавонистанд, шарҳ дод.

“Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб карданием, ки дар Русия вазъи душвори эпидемиологӣ боқӣ мемонад ва бар асари он, дар аксари мактабҳои олӣ, пеш аз ҳама воқеъ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дарсҳо бевосита дар бинои ин муассисаҳо қатъ шуда, эҳтимол меравад, ки дар дигар минтақаҳо низ чунин тадбирҳо андешида шавад”, – омадааст дар маълумоти сафорат.

Бино ба маълумоти сафорат, Вазорати маорифи Русия оид ба ташкили самараноки таҳсили фосилавӣ тавсияҳо дода, инчунин ваъда дод, ки ҷойҳои буҷетӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки ба Русия рафта наметавонанд ва бо сабаби сифати начандон хуби алоқа душворӣ доранд, нигоҳ дошта мешавад.

Дар чунин шароити ғайримунтазира, ки иҷрои чунин талабот хеле душвор аст, раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҳарчи бештар ба донишҷӯёни хориҷӣ пешниҳод мекунанд, ки рухсатии академӣ гиранд. Гирифтани рухсатии академӣ ихтиёрӣ ва бар асоси аризаи донишҷӯ дода мешавад.

Сафорат ба донишҷӯён, аспирант ва ординаторҳои мактабҳои олии Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, тавсия медиҳад, ки ҷиҳати баррасии вариантҳои ҳалли ин масъалаи душвор ба деканатҳои худ муроҷиат намоянд.

ИМА Тоҷикистонро дар феҳристи 10 кишвари поймолкунандаи ҳуқуқҳои динӣ боқӣ гузошт

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи поймолкунандагони озодии дину эътиқод чораҷӯӣ мекунад, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар торнамои Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст.

Дар рӯйхати 10 кишвари поймолкунандагони озодиҳои динӣ мисли пешина дар қатори Тоҷикистон Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон зикр шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи “поймолкунии ҳуқуқҳои динии доимӣ, идомадошта ва тоқатнопазир” ин кишварҳо боиси нигаронии ҷиддии Департаменти давлатӣ мебошанд.

Ҷазираҳои Комор, Куба, Никарагуа ва Русия, ки мувофиқи арзёбии Вазорати умури хориҷаи ИМА ба “поймолкунии ҷиддии озодиҳои динӣ” роҳ додаанд ё роҳ медиҳанд, дар рӯйхати мазкур зикр шудаанд.

Судон ва Ӯзбекистон “бар асоси пешравии назаррасу мушаххаси ҳукуматҳояшон тайи соли охир” аз рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқҳои динӣ хориҷ шуданд.

Донишҷӯи тоҷик дар Русия лоиҳаи нерӯгоҳи хурди барқӣ таҳия кард

Дилшод Аминов донишҷӯи тоҷик, ки дар яке аз донишгоҳҳои Урал таҳсил мекунад, зимни ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ лоиҳаи ҷадид барои сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ пешниҳод намуд.

Дилшод мегӯяд, мавзӯи истеҳсоли нерӯи барқ ​​ва истифодаи захираҳои обии дарёҳои хурду миёна дар замони ҳозира бениҳоят муҳим аст.

Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

“Тибқи гуфтаи мутахассисон, ин манбаъ аз энергияи дарёҳои калон якчанд маротиба зиёдтар аст, аммо амалан истифода намешавад. Давраи азхудкунии дарёҳои хурд оғоз меёбад”, – изҳор доштааст аспирант.

Ба таъкиди донишҷӯи тоҷик, неругоҳҳои хурди барқӣ барои экология чандон зараровар ҳам нестанд.

Барои лоиҳа қарори ғайристандартӣ қабул намудааст. Аминов аз сохтани як қатор нерӯгоҳҳои хурди гидроэнергетикӣ даст кашида таъкид мекунад, ки иншоот барои ҳар як дарё бояд алоҳида таҳия карда шавад.

“Иҷрои чунин миқдори зиёди корҳо хеле душвор буд, аммо ин хеле ҷолиб аст барои ман. Мо бояд барномаҳои таҳлили электромагнитӣ, таҳлили ҳароратӣ, моделсозии сахти сеандозаро азхуд менамудам. Ман тавонистам генератори гидроэлектрикии худро созам ва ҳамаи ҳалли техникиро аз рӯи модел тафтиш намоям, аммо ин як модели миқёси пластикӣ буд бо истифода аз технологияи 3D принтер “, – гуфт ихтироъкори тоҷик.

Дилшод мегӯяд, пас аз хатми донишгоҳ ба ватан бармегардад ва таҷрибаи худро дар Тоҷикистон васеъ истифода мебарад.

Соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷии кишвар $40 млн медиҳанд

Субъектҳои хоҷагидорӣ имсол барои пардохти қарзи хориҷӣ бояд ба ҳукумати кишвар зиёда аз 442,2 млн сомонӣ (ҳудуди 40 млн доллар) диҳанд. Чунин банд дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дарҷ ёфтааст.

Ин маблағҳо аз уҳдадориҳои молиявии корхонаҳо аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ барои соли 2021 бе назардошти қарзи солҳои пешин иборат аст.

Тариқи имзои созишномаи фаръии қарзӣ ҳукумат барои маблағгузории ин ё он эҳтиёҷоти субъектҳои хоҷагидорӣ қарзи хориҷӣ ҷалб намуда, онро худи субъектҳо пардохт мекунанд. Ҳукумат дар ин маврид ба сифати қарзгир ё кафил иштирок мекунад.

Дар рӯйхат 6 субъектҳои хоҷагидории қарздор зикр шудаанд:

– ШСХК «Барқи тоҷик» – зиёда аз 398,2 млн сомонӣ;

– КВД «Обу корези Душанбе» – ҳудуди 6,2 млн сомонӣ;

–  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 19,6 млн сомонӣ;

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – зиёда аз 3,2 млн сомонӣ;

– ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» – беш аз 9,9 млн сомонӣ;

– ҶСК «Помир Энержи» – зиёда аз 4,9 млн сомонӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои пардохти қарзи асосии беруна (бе назардошти фоизҳо) дар маҷмӯъ наздики 1,5 млрд сомонӣ равона кунад. Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда ин маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ ҷудо карда мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то 1 октябри соли ҷорӣ 3 млрд 163 млн долларро ташкил медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend