Додгоҳи Кӯлоб раиси пешини ин шаҳр Баҳром Иноятзодаро ба 12 соли зиндон маҳкум кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ҳукумат

Президент имрӯз, 20-уми ноября бо фармонҳои худ дар баъзе сохторҳои кишвар таъғироти кадрӣ ба амал овард. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо як фармони Президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки то ин вақт муовини раиси Бонки миллӣ буд таъин шудааст. Ҳамчунин Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ озод шудаааст.

Қудратзода Давлат низ аз вазифаи раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин шудааст.

Ба вазифаи раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ин ниҳод буд.

Ҳайдар Одиназода аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба далели расидан ба синни бознишастагӣ озод шудааст.

Қурбонзода Маҳмадалӣ ба ҷойи Ҳамидуллохон Фақеров ректори Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон шудааст. Қурбонзода то ин вақт директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе буд. Далели барканории Ҳамидуллохон Фақеров ҳам гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якум ва Муҳиддинзода Шуҳрат Фаридун муовини раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин гардиданд.

Нусратулло Мусозода муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Раиси пешини Кӯлоб 12 сол зиндон шуд

Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ имрӯз содир шуд. Сафар Холмадзода, судяи додгоҳи вилоятии Хатлон додраси ин парванда буд.

Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ мешуд.

Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: суистифода аз ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора дар ҳаҷми бузург; аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда; қаллобӣ; ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.

Ба ҷуз Баҳром Иноятзода чор нафари дигар низ дар ин парванда шомил буданд. Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ дар нисбати онҳо чи ҳукме содир кардааст. Гумонбарони дигар дар ин парванда Хурсандалӣ Хурамов  ронандаи Иноятзода бо ду модда: 247 қисми 2, (қаллобӣ), 36 (шарикӣ), 319 қисми 4; Фирӯз Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукуматаи шаҳри Кӯлоб бо моддаҳои 36 қисми 2, 319 қисми 4; Ашӯрмадов Хуршед Ҳасанович, мудири қисми хоҷагии ҳукумати ин шаҳр бо моддаҳои 245 қисми 3, банди «а», 245 қисми 3, 323, Муҳаммадӣ Шамсиддинов,масъули ҳамлу нақли сангҳои ороишӣ барои таъмири бинои Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 259 қисми 2 буданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода: мо ҳамаи чораҳоро дидаем то “Тоҷикон”-ро нафурӯшанд

Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, мегӯяд, ки пас аз барфҳо, рӯзҳои наздик  тавзеъи китобро оғоз мекунанд. Ба гуфти ин ёвари раисҷумҳур китоб марҳила ба марҳила нашр гардида, нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан ба ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон пурра нашр ва ба ҳар як хонводаи тоҷик туҳфа карда мешавад.

“Мо ба ҳар як нусха китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро, ки махсусан ба мардум туҳфа карда мешавад, муҳр монда ва варақаи махсусе барои имзо  аст, ки ҳадягирифта дар он имзо мегузорад. Ин ҷилвагирӣ барои ба фуруш набаровардани ин китобҳо мебошад. Китобе, ки муҳр надорад аз тарафи мо чоп карда нашудааст”.

Моҳи декабри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба порлумон дастур дода буд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул ҳадя карда шавад.

Қарор аст ин китоб бо теъдоди 1,6 миллион нусха нашр ва дар сар то сари кишвар тавзеъ карда шавад. Ҳоло 15 ҳазор  нусхаи ин китоб нашр шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик корвони ин китобҳо ба ноҳияҳои Мурғобу Шуғнон  расонида шавад.

Биноҳои баландошёна дар кишвар барои сарфаи замин сохта мешаванд

Зимни як конфронси байнулмилалӣ тариқи онлайн муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода изҳор дошт, ки тайи солҳо охир нақшаҳои генералии беш аз 90% шаҳру маркази ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ шудаанд.

“Дар ҳамин ҳол, дар робита ба 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, бо мақсади сарфаи замин тасмим гирифта шуд, ки зимни сохтмон ба биноҳои баландошёна афзалият дода шавад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахти ҷумҳурӣ хонаҳои 2-4-ошёна тахриб шуда, ба ҷойи онҳо биноҳои муосири аз 9 то 18-ошёна, инчунин биноҳои 25-30-ошёнаи таъиноти маъмурӣ-ҷамъиятӣ сохта мешаванд.

Раҳматуллозода ҳамчунин хабар дод, ки аксарияти маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар дар қитъаҳои аз лиҳози рух додани офатҳои табиӣ хавфнок ҷойгиранд.

Дар доираи кори конфронс дар бораи дастовардҳои беҳтарину ҷолиби кишварҳои узви конфронс дар соҳаи сохтмону меъморӣ маълумот дода шуд.

Ба сафи чунин лоиҳаҳои меъмории минтақаи Осиёи Марказӣ иншооти зерин номбар шуданд: Маҷмааи савдо ва фароғати Хон Шатир (Нур-Султон, Қазоқистон); Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ (Тошканд, Ӯзбекистон); Кохи “Рӯҳиёт” (Ашқобод, Туркманистон); Мақбараи Қумбези Манас (Талас, Қирғизистон) ва  Маҷмааи боғи мавриди бунёёд қарордоштаи “Истиқлол” (Душанбе, Тоҷикистон).

43 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 20-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11815 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 86 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11118 нафар баробар шуд.