“Диссернет” ин дафъа ректори Донишгоҳи ҳуқуқ ва бизнеси Хуҷандро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Азия плюс

Ӯзбекистон ба Укроин ёриҳои башардӯстона фиристодааст

Мақомоти Узбекистон ба Укроин беш аз 34 тонна ёрии  башардӯстона фиристодаанд. Маъмурияти вилояти Закарпатеи Укроин хабар додааст, ки кумаки ҷониби Узбекистонро 8 апрел дастрас карданд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи раиси вилоят Виктор Никита, кумак иборат аз доруворӣ ва маводи ғизоӣ аст.

“Ёрии башардӯстонаро фавран ба минтақаҳои доғ мефиристем”, – афзудааст маъмурияти вилояти мазкур.

Як моҳ қабл сафири Укроин дар Тошканд Микола Дорошенко хабар дода буд, ки Ӯзбекистон  ба Укроин 28 тона ёриҳои башарӣ фиристодааст, ки иборат доруворӣ, маводи ниёзи аввал ва ғайра буданд. Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор карда буд, ки кишвараш фиристодани ёриҳоро ба Ғзбекистон идома медиҳад.

“Диссернет” ин дафъа ректори Донишгоҳи ҳуқуқ ва бизнеси Хуҷандро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Пойгоҳи “Диссернет” боз як олим ва мансабдори тоҷикро ба он муттаҳам кард, ки дар навиштани рисоли докторӣ ба асардуздӣ ё плагиат даст задааст. Пойгоҳ ин бор Мумин Шарипов (Муъмин Шарифзода), ректори феълии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба асардӯздӣ мутаҳҳам кард. Худи Шарифзода мегӯяд, ин иттиҳом асос надорад ва нодуруст аст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат Шарифзода рисолаи докториашро дар Шӯрои Донишгоҳи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск ҳимоя намуда, дар асоси қарори Комисияи олии аттестатсионӣ (ВАК)- и Русия ва фармони Вазорати маориф ва илми Русия соли 2012 доктори илмҳои иқтисодӣ шудааст.

Пойгоҳи “Диссернет” гуфтааст, ки Муъмин Шарифзода ҳангоми навиштани рисолаи докториаш дар мавзӯи “Таъмини иқтисодии рақобатпазирии кооператсияи истеъмолӣ дар бозори озуқа: назария, методология, амалия” (Экономическое обеспечение конкурентоспособности потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров: теория, методология, практика) бахше аз кори худро аз рисолаи илмии чанде аз олимони рус, ба мисли Игор Мисук (Формирование системы интегральных оценок и приоритетов в управлении конкурентоспособностью предприятия: на примере железнодорожного машиностроения (Диссертация 2006), Олга Власенко (Интегральная оценка динамики экономического потенциала коммерческо-предпринимательской структуры и его использования Диссертация 2006), Надежда Неустроева (Повышение конкурентоспособности торгового предприятия Диссертация 2010), Олег Исенков (Стратегическое управление ресурсным потенциалом потребительской кооперации Диссертация 2006), Елизавета Тарасова (Управление коммерческой деятельностью потребительской кооперации: теория, методология, оценка. Диссертация 2004) ва Олга Зайцева (Экономические аспекты антикризисного управления в потребительской кооперации. Диссертация 2001) рӯйбардор кардааст.

“Диссернет” навиштааст, ки Шарифзода аз 336 саҳифаи кори докториаш 95 саҳифаашро аз рисолаи илмии ин олимон саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Шарифзода Муъмин дар суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия – Плюс” аз иттиҳоми “Диссернет” изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст ин иттиҳом куллан нодуруст аст.

– Ман то ҳол иттиҳоми онҳо нахондам, вале агар чунин гуфта бошанд, нодуруст аст. Аз ҳимояи ман чанд сол гузашт. Ин як сафсата аст, -гуфт Шарифзода.

Пойгоҳ менависад, ки Муъмин Шарифзода 27 декабри соли 2011 рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи савдои кооперативии Сибир таҳқиқ ва дар назди шӯрои дифоъи рисолаҳои ҳамин донишгоҳ зери роҳбарии Лидия Наговисина дифоъ кардааст.

Ин пойгоҳ дар шарҳи асардуздии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон навиштааст, ки дар асоси рисолаи докторӣ, довталаб бо муаллифони асарҳо- сарчашмаҳо мақолаи илмии муштарак надоштааст.

– Рӯйхати библиографии рисолаи баррасишаванда сабтҳо дар бораи се асари Тарасова Е.Е. (№ 226, 230—231 дар саҳ. 321) ва дар бораи як асари Зайсева О.П. (№ 89 дар саҳифаи 312). Истинод ба ин манбаъро дар саҳифаҳои 48, 75, 77, 78, 180 (асарҳои Тарасова Е.Е.) ва саҳ. 207‒208, 216‒220 (асари О.П.Зайсева) дидан мумкин аст, ки нисбат ба ҳаҷми мавод хеле камтар аст. Илова бар ин, номҳои Зайсева О.П. ва Тарасова Е.Е. аз тарафи довталаб дар саҳифаи 6 (муқаддима) дар байни олимоне, ки ба омузиши тиҷорат ва кооперасияи савдо машғуланд, зикр карда шудаанд. Дар феҳристи библиографии рисолаи довталаб асарҳои дигар муаллифони асарҳои сарчашмавӣ, инчунин истинод ба онҳо дар матни тадқиқот нишон дода нашудаанд, – навиштааст “Диссернет” дар шарҳи таҳқиқоти рисоли доктории Шарифзода.

Барои ғолибони ниммарафони байналмиллалӣ оид ба давидан беш аз 446 ҳазор сомонӣҷудо шудааст

16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Барои ин ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611 530 сомонӣ ҷудо гардид.

Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе 16 апрел, соати 09:00 оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат мекунанд.

Ниммарафони Душанбе шурӯъ аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва он соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон гузаронида шуд.

Имсол низ барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.

Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад. Шашгонаи аввал ҳам миёни мардҳо ва ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегардад: ҷои 1: 54 600 сомонӣ, ҷои 2: 46 800 сомонӣ, ҷои 3: 39 000 сомонӣ,ҷои 4: 31 200 сомонӣ, ҷои 5: 28 080 сомонӣ, ҷои 6: 23 400 сомонӣ.

Рӯзи пойтахт шанбеи ҳамин ҳафта ҷашн гирифта мешавад

Ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 16 апрел рост меояд.

Консерти асосии устодони санъати Тоҷикистон таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистон, Душанбе” рӯзи 16 апрел дар толори консертии “Кохи Сурӯш” доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Раёсати фарҳанги шаҳр Нуралӣ Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҷо то оғози консерт маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мешавад.

Дар консерт дастаҳои маъруфи мусиқи ва рақсӣ, инчунин сарояндагони писандидаи эстрада ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар консерт ба ҷуз бархе касони даъватшуда, ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

“Толори консертии “Кохи Сурӯш” ҳудуди 700 ҷойи нишаст дошта, даромадан ба консерт озодона аст”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Мувофиқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, дар ҷашни Рӯзи пойтахт дар ҳамаи боғҳои шаҳр консерт ва сайругаштҳои оммавӣ доир мегарданд.

Рӯзи ҷумъа, 15 апрел ба муносибати Рӯзи пойтахт дар боғи ба номи Фирдавсӣ аз соати 9-и субҳ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ барои сокинони шаҳр ба кор оғоз мекунад.

Дар ҳамин ҷо намоиши дастовардҳои ҷавонони пойтахт ва баргузории шоу-барнома ба нақша гирифта шудааст.

Соати 16-и ҳамин рӯз дар боғи ба номи Айнӣ ба ҳамин монанд чорабинӣ ва соати 15 дар дар боғи “Куруши Кабир” дар ноҳияи Шоҳмансур чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.