Боздошти марде, ки худро “дӯсти Худо” эълон кард
Дар Тоҷикистон табиберо, ки қаблан иддао карда буд, “дӯсти Худо асту ӯро дидааст”, дастгир карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар наворе рӯзи 11-уми январ Бахтиёр Шоҳев, мудири Маркази тибии “Шоҳёр”-ро ба “барангехтани кинаву адовати миллӣ” муттаҳам кард.
Шахсе, ки дар он худро Бахтиёр Шоҳев муаррифӣ кард, мегӯяд, бо “андешаҳои хурофотӣ муштарӣ ҷалб мекард.”
Ҳафтаи гузашта нашри як навори Бахтиёр Шоҳев дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мегуфт, “ба назди Худо рафта бо ӯ суҳбат кардааст”, сару садо барангехт.
Ӯ дар он навор иддао кард, ки “дар аввал хабарҳоро аз ҳазарти Хизр мегирифт, вале ҳоло мустақим бо Худо тамос дорад ва Худо ӯро дӯсти худаш медонад.”
Бахтиёр Шоҳев солҳо боз ҳамчун маҳсгари сутунмуҳра дар кишвар кор мекард ва, бино ба наворҳояш дар Ютуб, муштариёни зиёде дорад.
Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон гуфтааст, ӯ бо баёни ин суханҳо мехост, муштарӣ ҷалб кунад ва маблағи бештаре ба даст биорад.
Назари пайвандон ва вакили мудофеаш ба қазия феълан маълум нест.
Дастури президент дар бораи аз байн бардоштани маҳдудият “лимит”-и барқ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати “Барқи тоҷик” вобаста ба аз байн бардоштани маҳдудият ё “лимит”-и барқ ва таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо нерӯи барқ супориш додааст. Ин дастури президент дар пайи бориши барф ва сардиҳои охир ба амал омад.
Телевизиони “Тоҷикистон” дар ин бора, дирӯз, 11-уми январ бо такя ба ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод.
Дар гузориши ин расона таъкид мешавад, ки аз 11-уми январ маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шуда, аҳолӣ шабонарӯзӣ бо барқ таъминанд.
“То ин вақт бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон, дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд”, – зикр гардид дар гузориш.
Ишора шуд, ки интиқоли бемаҳдудияти нерӯи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як тараф боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО “Норак” гашта, аз тарафи дигар дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сарбории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, “Барқи тоҷик” аз муштариён хоҳиш кард, ки нерӯи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд.
“Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад”, – таъкид гардид дар гузориш.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шурӯъ аз моҳи октябр аксар сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ ё “лимит” рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 06:00 шикоят мекунанд.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, вуҷуди “лимит”-и барқро дар кишвар рад мекарданд ва мегуфтанд, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.
Хатнаи ройгони зиёда аз 100 ҳазор кӯдак давоми соли 2022 дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон давоми соли 2022 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, бо мақсади гузаронидани маросими хатнаи кӯдакон дар муассисаҳои тиббии кишвар 584 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
Баъди тағйиру иловаҳои охир ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз моҳи августи соли 2018 маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20 рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.
Ҳамчунин маросими мазкур танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзонтар шуд
Ҳафтаи охир нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври чашмрас поин омадааст. Дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар арзиши он нисбат ба ҳафтаи гузашта 1 сомонӣ арзон шудааст.
Имрӯз, 12-уми январ, дар пойтахти кишвар нархи гази моеъ 3 сомониву 90 дирам арзиш дорад. Ҳафтаи гузашта он 4 сомониву 90 дирам нарх дошт.
Дар шимоли Тоҷикистон ҳоло нарх мутаносиби пойтахти кишвар аст. Дар шаҳри Хуҷанд гази моеъ 4 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҷануби кишвар, дар шаҳри Бохтар ин навъи сӯзишворӣ 4 сомониву 10 дирам нарх дорад.
Нархи гази моеъ дар ВМКБ гаронтар аз дигар манотиқ аст. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ гази моеъ 7 сомонӣ арзиш дорад.
Нархи гази моеъ дар моҳи январи соли 2021 аз 4 сомонӣ то 4 сомониву 20 дирам буд, ки баъд аз он боло рафтан гирифт ва ба рекорди худ – то 9 сомонӣ барои 1 литр расид.
Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ бетағйир боқӣ мондааст: бензини АИ-92 -7сомниву 80 дирам, АИ-95 8 сомониву 20 дирам, сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар ин баробар, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт ва шимоли кишвар бензини навъи АИ-92 кам пайдо мешавад.
Ёдовар мешавем, ки воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон – 505, Русия – 514 ва Туркманистон – 804 долларро ташкил медиҳад.