Дар саросари Тоҷикистон намоиши даъвати ҳайати захиравии сафарбарии Қувваҳои мусаллаҳ мегузарад
Фардо, 22 июл дар саросари Тоҷикистон намоиши даъвати ҳайати захиравии эъзомӣ ё сафарбарии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ростои таҳдиди хатарҳо аз Афғонистон, баргузор гардад. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти қудратии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар додааст.
Манбаъи мо дар бораи ҷузъиёти ин маърака шарҳи муфассал надода, танҳо гуфтааст, ки дар ин рӯз чорабинии муҳими низомӣ сурат мегирад.
Хабари ширкат дар як чорабини муҳими низомиро нахустин шуда гурӯҳи ҷавонони “Авангард” як созмони наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ нашр кард. Онҳо аз ҳамсафонашон даъват кардаанд, ки худро дар ин чорабинӣ номнавис кунанд.
Ба ғайр аз ин, роҳбарияти чанде аз муассисаҳои олии кишвар низ ҳайати ситоди мудорфиаи гражданиро барои омодабошӣ даъват карданд.
Аз ҷумла, муовини ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии шаҳри Бӯстон (Чкаловск) ва ҳамчунин, сардори ситоди мудофиаи гражданӣ дар Донишкадаи мазкур Зимониддин Насриддинов бо нашри як эълон аз ҳайати шахсии кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даъват намуд, ки “ба ситоди донишкадавӣ то санаи 21.07.21 ҳозир шаванд!”
Ӯ гуфтааст, чунин ҷамъомад ва сафарбаркунӣ бо супориши Вазорати дифои кишвар гузаронида мешавад.
Ҳамчунин рафти сафарбаркуниро телевизионҳои давлатӣ мустақиман намоиш медиҳанд.
“Дар назар аст, ки дар Гвардияи миллӣ Паради ҳарбӣ гузарад. Ҳамин тариқ, дар минтақаҳо ҳам ҷамъомади муҳим баргузор мегардад, парад мегузарад ва сардорони ситод ба Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузориш медиҳанд”,-гуфтааст як манбаъ аз телевизион.
Бар асари омадани сел дар Панҷакент 12 нафар фавтиданд
Бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, сел дар ҷамоати Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ҷони 10 нафарро гирифта, ба мардуми маҳаллӣ ва киштзору боғоти онҳо хисороти ҳангуфт расонидааст. Ҳамчунин 2 зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозӣ қурбонии ин офати табиӣ шудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла дар деҳаи Киштӯдаки ин ҷамоат, ки дар баландии 30 км аз маркази ҷамоат ҷойгир аст, 10 нафар зери сел монда, ки то имрӯз ҷасади 8 нафари онҳоро аз селобаҳо пайдо кардаанд ва кофтукоби ду ҷасади дигар давом дорад.
Ҳамчунин ин сел, ҳайвоноти хонагии гуногуни сокинон ва чандин мошини сокинони ин ҷамоатро ҳам бурдааст.
Ду зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозии ҷамоати Ёрии Панҷакент қурбонии ин сел шудаанд, ки ҷасади онҳоро сокинони маҳаллӣ аз селобаҳо берун кашидаанд.
То кунун дар бораи хисорот дидани 15 хона, киштзору боғҳо, 3 км роҳҳои маҳаллӣ ва 35 ҳайвоноти хонагӣ гузориш расидааст.
Дар вилояти Суғд бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, ҳамчунин ба ноҳияҳои Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ хисорот расидааст. Ҳоло ба гуфтаи КҲФ дар ҳамаи ин маконҳо комиссияҳо кор бурда истодаанд ва ба бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ машғуланд.
Бозори “Панҷшанбе”-ро бе музояда ба 4 миллион сомонӣ фурӯхтаанд
Намояндагони идораи “Тоҷикматлубот” гуфтаанд, ки бозори “Панҷшанбе”-ро дар Хуҷанд бидуни музояда ё тендер ба 4 миллион сомонӣ, камтар аз 400 ҳазор доллар, фурӯхтаанд.
Муҷтамаи “Панҷшанбе”, яке аз кӯҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ – нимадавлатӣ будан, 14-уми апрели имсол аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд.
Саидэҳсон Ширинов, ҳуқуқшиноси “Тоҷикматлубот”, рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, бозор ба ширкати “Сохтмони Меҳан” фурӯхта шудааст, аммо номи моликони аслии онро ба забон наовард.
Дар бораи ширкати “Сохтмони Меҳан” маълумоти зиёд дастрас нест, ба ҷуз ин ки 10-уми юни соли 2020 таъсис ёфтааст. Чӣ гуна як ширкати навътаъсиси зоҳиран сохтмонӣ пул ёфтаву як бозори бузурги Тоҷикистонро харидааст, норӯшан мемонад.
Аёдати Расулзода аз хонаводаҳои қурбониёни заминларза дар Тоҷикободу Рашт
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.
Тибқи иттилои ҳукумати Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар аввал ба ноҳияи Тоҷикобод рафта бо ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.
Вай ҳамчунин дар ин митақа ба аёдати сокиноне рафт, ки наздикону пайвандонашон бар асари заминларза ба ҳалокат расиданд.
Сипас Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Рашт низ сафар кард ва минтақаҳои зарардида боздид кард.
Манбаъ таъкид доштааст, ки сарвазири кишвар дар ин минтақа бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ошно гардид.
Даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон аз коронавирус
Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл, дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ чанд рӯзи ахир дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5, мавсум ба “Медгородок” аз бемории коронавирус табобат мешуд.
Хабари даргузашти Қурбонбӣ Раҳмоноваро дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳам нашр карда ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Дар 20 рӯзи ахир ин дувумин шахси наздик ба Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз бемории коронавирус вафот мекунад. 5-уми июл хушдомани президенти Тоҷикистон, Ӯзбекбӣ Асадуллоева низ дар синни 88-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузашта буд.
Ҳамчунин, Абдусалом Қурбониён, вазири пешини молияи Тоҷикистон, дар 62-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон дар саҳифаи расмияш дар “Фейсбук” хабар дод, вале сабаби марги ӯро нагуфт.
Афзоиши шумораи нафақахӯрон дар кишвар
Шумораи шаҳрвандони синну соли нафақа дар ҷумҳурӣ боз ҳам зиёд шуд. Омори шумораи нафақахӯронро дар як нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода эълон кард.
Ба гуфтаи вай, шумораи умумии нафақахӯрон дар аввали моҳи июли соли 2021 беш аз 744 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз шумораи умумии 157 ҳазор нафар маъюбон мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли 2021 Агентии омори ҷумҳурӣ аз теъдоди 734 ҳазор нафар шаҳрвандони синни нафақа дар Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, дар се моҳ шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон 10 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020 шумораи нафақахӯрон 3,1% зиёд шудааст.
Раиси Кумитаи замин: то ҳол бо Қирғизистон мубодилаи замин нашудааст
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, бо Қирғизистон то ҳол ягон мубодилаи замин сурат нагирифтааст
Ориф Хоҷазода тафсилоти созиши нав дар мавриди 32 километр марз миёни Тоҷикистону Қирғизистонро нагуфт ва далел овард, ки чунин маълумотро бояд дар мувофиқа роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ ироа намоянд.
Ӯ афзуд, ки дар асоси протоколи дуҷониба, ки моҳи майи соли равон имзо шуд, гуруҳҳои топографии дуҷониба дар Ош, Душанбе ва Бишкек мулоқот карда, корҳои муайянсозию аломатгузории марз идома доранд. Хоҷазода таъкид намуд, ки маълумоти дақиқро бояд роҳбари Комиссияи байниҳукуматӣ пешниҳод намояд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизистонияш, Содир Ҷабборов изҳор дошт, ки боз 32 километри дигари марз мувофиқа шуд. Аммо мақомдорон тафсилоти онро ироа накарданд.
Дар маҷмуъ Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак дорад, ки танҳо ҳудуди 520 километраш муайян шудааст.