fbpx

Даргузашти Сафарбек Солеҳ аз коронавирус – коргардони пуровоза ва мустанадсози маъруфи тоҷик

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points

25 ҳазор маҳбус афв мешавад. Омодагиҳо ба “авфи тиллоӣ” дар Тоҷикистон оғоз шуд

Бо супориши президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи афви” пардохт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд то охири моҳи август лоиҳаи қонунро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд.

“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикитсон сурат мегирад, зиёд аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, – зикр кард манбаъ.

Инчунин таъкид шуд, ки барои қабули лоиҳаи қонун охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони палатаи поёнии парлумон аз таътили тобистона бозхонд карда мешаванд.

Суди олӣ: Дар тафтиши қазияи таҷовузи духтараки 12 сола дар Ҳисор ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки дар парвандаи нафари муттаҳам дар алоқаи ҷинсӣ бо духтараки 12 сола дар Ҳисор мақомоти тафтишотӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ  додаанд.

“Ҳангоми тафтиши ҷиноят мақомоти тафтишоти пешакӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Аз ин хотир парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуд. То ба имрӯз парванда ба суд ворид нашудааст. Лекин ин парванда зери назорати роҳбарияти Суди олӣ қарор дорад”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ гуфт: “Вақте ки парванда ворид мешавад, мо тамоми чораҳоро мебинем, ки дар асоси талаботи қонун парвандаи мазкур одилона мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шавад. Чунки ҷабрдида шахси ноболиғ аст ва атрфои ин парванда сару садоҳо ҳам хеле зиёд аст”.

Ба гуфтаи ӯ, дар бандубасти парванда ё худ квалификатсия камбудӣ ҷой дошта, тафтишот нопурра будааст.

Ҳодисаи алоқаи ҷинсӣ бо духтари 12-сола соли 2019 сурат гирифта, духтар соҳиби кӯдак шудааст. Ба нақли наздикони духтарак Ҳусниддин чандин маротиба духтарашонро бо роҳи зӯрӣ таҷовуз намудааст ва таҳдид кардааст, ки ба касе нагӯяд. Дар натиҷа духтари ноболиғ ҳомиладор мешавад, аз ин ҳодисаҳо наздикони духтарак танҳо дар моҳи ҳафтуми ҳомиладориаш огоҳ мешаванд ва ба суд муроҷиат мекунанд.

То ҳол тафтишоти ин қазия идома дораду гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Даргузашти Сафарбек Солеҳ: Коргардоне, ки нахустин филм дар бораи Наврӯзро сохта буд

Сафарбек Солеҳ, коргардони пуровоза ва мустанадсози маъруфи тоҷик, имрӯз пас аз чанд рӯзи гирифторӣ ба бемории коронавирус, дар синни 62-солагӣ даргузашт.  Дар бораи мубтало шудан ба бемории коронавирус, худи коргардон ду ҳафта пештар бо нашри чанд аксе аз зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ, дар саҳфаи фейсбукияш хабар дода буд. 

Сафарбек Солеҳ охирин филми мустанади худ “Нисор”-ро, ки дар мавриди сарнавишти Нисор Муҳаммад Юсуфзайи Афғон, яке аз бунёдгузорони мактабу маориф дар Тоҷикистон сохта буд, 8-уми майи имсол дар кинотеатри “Зебуниссо” рӯнамоӣ карда буд.

Дар маросими рӯнамоӣ гуфта буд, ки хуруҷи коронавирус ниме аз тарҳи филмро тағйир дод ва онҳо натавонистанд ба зодгоҳи қаҳрамони филм сафар кунанд.

Қазияи сарбози посбони Додситонии кулл махфӣ таҳқиқ мешавад. Ин қазияро худкушӣ медонанд

Сарбози Гвардияи  миллии ҷумҳурӣ, ки дар бинои Додситонии кулли  Тоҷикистонро посбонӣ мекард, шаби 14 июл аз чор тири автомати Калашников ҳалок шуд.

“Чор тир манаҳро сӯрох карда, аз сар гузаштаанд. Ташхиси аввалия онро худкушӣ муқаррар намуд. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ чиз сарбозро ба ин амали фоҷеабор водор кардааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе низ ин ҳодисаро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки “қазия махфӣ таҳқиқ шуда, шарҳу тавзеҳ дода намешавад”.

Додгоҳи олӣ гуфт, 85 пайрави “Ихвон-ул-муслимин” зиндон ва 18 тан ҷарима шуданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, беш аз 80 нафар аз пайравони “Ихвон-ул-муслимин”-ро зиндон ва 18 тани дигар ба пардохти ҷарима аз боздоштгоҳ раҳо шуданд.

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, 18 нафар аз маҳкумшудаҳо дар парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” бо пардохти ҷарима раҳо шудаанд. Ӯ рӯзи 19-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, нисбати ин афрод аз 800 то 900 нишондод барои ҳисобҳо (аз 48 то 54 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин шуд, ки бо пардохти ҷарима озод шудаанд. Дар нишасти Додгоҳи олӣ ҷузъиёти бештар дар бораи ин афродро надоданд.

Шавкат Лутфуллозда гуфт ғайр аз 18 нафар, ки бо ҷарима озод шуданд, 85 тан аз пайравони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” аз 5 то 24 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳукми додгоҳ моҳи апрел содир шудааст. Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олӣ маҳкумшудаҳо бинобар норозӣ будан аз ҳукми зинаи аввал, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикояти кассатсиёнӣ бурдаанд.

Моҳи июн марҳилаи назоратии Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии афроди маҳкумшуда ба пайрави аз созмони “Ихвон-ул- муслимин”-ро рад карда, ҳукми зинаи аввали додгоҳро бетағйир гузоштааст.

Муҳокимаи пайравони “Ихвон-ул-муслимин” моҳи июли соли 2020 паси дарҳои баста оғоз шуда буд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, муҳокима боз аст, вале вакилони мудофеъ ҳамеша аз суҳбат худдорӣ карда, зикр намудаанд, ки парванда зери муҳри “махфӣ” баррасӣ мешавад.

Сафари варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Токио-2020

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 20 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар, барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ субҳи имрӯз, 19-уми июл, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истамбул – Токио ба Ҷопон сафар кард.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ – намояндагӣ мекунанд.

Вале Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио нарафт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend