fbpx

Дар Тоҷикистон маоши миёна давоми як моҳ зиёда аз 12 фоиз поён рафтааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Даромади аҳолии Тоҷикистон афзудааст

Дар Душанбе садҳо силоҳи сардро нобуд карданд

Дар Душанбе комиссияи махсус бар асоси қарори қабулшуда зиёда аз 1000 адад яроқи сардро, ки давоми соли 2023 асосан аз наврасон ва ҷавонон дар пойтахти ҷумҳурӣ мусодира гардида буд, нобуд кард.

Нобудкунии силоҳи сард дар Душанбе
Акс аз РВКД Душанбе

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, соли гузашта дар доираи амалиёти махсуси “Корд” дар пойтахт аз наврасону ҷавонон дар умум 1120 адад силоҳи сард аз ҷумла: 766 адад корд, 335-адад кастет, 14-адад дастчӯб (бита), 4-адад электрошокер ва 1-адад табар дарёфту мусодира гардидааст.

Нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ дар асоси Қарорҳои дахлдори Суд чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда, дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ карда шудааст.

Заминларза дар Афғонистону Покистон талафоти ҷониву харобиҳо дар пай дошт

Рӯзи 21 март соати 21:47 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои дигар заминларзаи сахт рух дод. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Дар ҳамаи кишварҳое, ки таконҳо эҳсос шуд, мардум шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.

Заминларза дар Покистон
Акс аз Twitter

Таконҳои сахт дар Покистон, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, айни замон теъдоди ҳалокшудагон аз заминларза дар Покистон 9 нафар гуфта мешавад.

Тавре ки Aamaj News хабар медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, дар қисмати шимолу шарқи Афғонистон бар асари заминларза ҳудуди 20 манзил тахриб шуда, аз ҳалокати 2 нафар дар вилояти Лағмон хабар дода мешавад.

Дар Тоҷикистон заминларза дар саросари ҷумҳурӣ эҳсос шуда, дар ин бора сокинони Душанбе, Кӯлоб,Бохтар, Дарвоз, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо дар шабакаҳои иҷимоӣ хабар доданд.

Маоши миёна дар Тоҷикистон зиёда аз 12 фоиз поён рафтааст

Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ ба 1878 сомонӣ (184 доллар)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо моҳи гузашта 12,3% камтар аст. Дар ин бора дар ҳисоботи ахири омори “Вазъи иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта шудааст.

Пули миллии сомонӣ
Акс аз интернет

“Дараҷаи музди воқеӣ (бо назардошти таваррум) дар моҳи январи соли 2023 нисбат ба моҳи декабри соли 2022 12,7% коҳиш ёфт”, қайд шудааст дар ҳисобот.

Ҳадди ақали музди меҳнат дар ҷумҳурӣ 600 сомонӣ ($55) аст.

Дар моҳи аввали соли ҷорӣ маоши нисбатан баландро кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ гирифтаанд, ки маоши миёна дар онҳо 4861 сомонӣ (477 доллар) аст. Пасттарин маоши коргарон дар бахши кишоварзӣ – 838 сомонӣ (82 доллар) боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳисобот гуфта мешавад, ки қарзи умумии музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти солҳои гузашта дар аввали моҳи феврали соли 2023 беш аз 28,6 миллион сомонӣ (ҳудуди 2,8 миллион доллар) будааст.

Қарзи аз ҳама бештар дар бахши истихроҷи маъдан – ҳудуди 15,2 миллион сомонӣ (53,1% аз ҳаҷми умумии қарз) ва дар бахши нақлиёту нигоҳдошти амвол беш аз 6,2 миллион (21,7%) буд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ нерӯи корӣ (бо кор таъмин ва бекорони расман ба қайд гирифташуда) дар кишвар ҳудуди 2,6 миллион нафарро ташкил дод, ки аз ин миён 52 ҳазор нафарашон мақоми бекор доранд.

Қобили зикр аст, ки беш аз 2 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, тибқи манобеъи мухталиф, дар хориҷ аз ҷумҳурӣ ба кор машғуланд. Сабаби асосии аз ҷумҳурӣ рафтани қувваи корӣ дар мавҷуд набудани кори бо маоши муносиб аст.

 “Дар сарҳад оромӣ аст, ба овозаҳо бовар накунед”. Изҳороти Хадамоти сарҳадии КДАМ Қирғизистон

Ба ҳолати 22 марти соли 2023 вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад, менависад  рӯзи 22 март дафтари матбуоти Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд.

“Сохторҳои қудратӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ аз ноором шудани вазъ чораҳо меандешанд”, — омадааст дар хабари АКИпресс.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади беҳбуди сифати ҳифзи марзи муштарак намояндагони марзбонии ҳарду кишвар пайваста дар сатҳҳои мухталиф мулоқотҳо баргузор мекунанд.

“Вақтҳои охир ҳолатҳои паҳн кардани иттилооти тасдиқнашуда ва бардурӯғ дар байни аҳолӣ зиёд шудааст. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба овозаҳо ва воҳимаҳои гуногун дода нашаванд.

Дар сурати пайдо шудани саволҳо аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо наздиктарин зерқисмҳои сарҳадӣ тамос бигиранд”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Ёдовар мешавем, рӯзи 16 март дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва аломатгузории марз ба поён расид. Гурӯҳҳо 10 март ба кор шуруъ карда буданд.

Дар натиҷаи мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид. Дар бораи ҷузъиёти дигари мулоқот иттилоъ дода нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend