Коршинос ҷавоб медиҳад. Дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон аз ҳуқуқҳои муаллифии худ дифоъ кард?

Дар Тоҷикистон пас аз пайдо шудани технологияҳои иттиллотӣ ва рақамӣ ҳуқуқи муаллиф ба яке аз проблемаҳои актуалӣ мубаддал гардид. Баъзан видео, акс, шеър, оҳанг ё маводи омодакардаи як шахсро нафари дигар аз номи худ ба аудиторияаш пешниҳод мекунад. Дар натиҷа нафари заҳматкашила пушти парда ва ба аудитория ношинос боқӣ мемонад.

 Аз ин рӯ мо бо Асомиддин Атоев коршиноси масоили ТИК (технологияҳои иттилоотӣ  -коммуникатсионӣ) барои рушд доир ба ҳуқуқи муаллифӣ ва чӣ тавр ҳифз кардани он ҳамсуҳбат шудем.

Дар аввал ба хонандагон мефаҳмонидед, ки “ҳуқуқи муаллифӣ” чист?

– Мафҳуми «Ҳуқуқи муаллиф» аз вожаи англисии «копирайт» («copyright») гирифта шуда, маънои он ҳуқуқ ба нусха бардоштан аст. Аммо инро ҳам бояд зикр кунам, ки ҳуқуқи муаллиф танҳо як паҳлӯе аз ҷамъи 4 ҳуқуқ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошад.

Ҳоло ҳуқуқи муаллиф маъмултарин мафҳум гардидааст, барои ҳамин, вақте ки ҳуқуқи муаллиф мегӯянд, бештар дастрасӣ ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро дар назар мегиранд. Чун ҳам ҳуқуқи патент, ҳам ҳуқуқ ба сирри тиҷоратӣ ва ҳам трейдмарк (TradeMark – ТМ, нишонаи тиҷорат) ба он дохил мешаванд.

Бадбахтӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ё илми компютерӣ дар он аст, ки барномаи компютерӣ бо 2 –тои ҳамин ҳуқуқҳо танзим мешаванд – ҳам ҳуқуқи муаллиф ва ҳам ҳуқуқи патентӣ.

Яъне, 1 матлаб бо 2 ҳуқуқ танзим мешавад. Масалан, ҳангоми истифода бурдани ягон нармафзор, новобаста аз барномаи компютерӣ. Аз ҳама маъмулаш система ё низоми оператсионии Microsoft Windows аст, ки ба гурӯҳи нармафзорҳои хусусӣ дохил мешавад. Ҳамзамон, гурӯҳи нармафзорҳои озод ва кушодаасос низ вуҷуд дорад, ки маъмултарин намунаи он низоми оператсионии GNU/Linux ба шумор меравад. Ин ҳар ду моликияти зеҳниянд ва ҳарду ҳам аз нигоҳи ҳуқуқи муаллиф ва ҳам аз лиҳози ҳуқуқи патентӣ ҳифз мешаванд. Лекин ба фарқ аз барномаи Windows, ки ҳуқуқи моликияти хусусӣ ба ҳисоб меравад, моликияти озоду кушодаасос ҳар як корбарро ҳамчун муаллифи имконпазир истиқбол мегирад.

Яъне, ҳуқуқеро, ки он ба корбар медиҳад, гуфтан мумкин, ки баробар ба ҳуқуқи муаллифи ҳамон барнома аст. Дар нармафзорҳои хусусӣ бошад ба корбари оддӣ пас аз пардохтани маблағи муайян, ки нархи литсензионӣ номида мешавад, ҳуқуқи истифода бурдани ҳамон нусхаи муайян дода мешавад.

– Шумо зери мафҳуми «нармафзорҳои озоду кушодаасос» чиро дар назар доред ва он чӣ истилоҳест?

– Дар мавриди нармафзорҳои озоду кушодаасос ҳаминро бояд гуфт, ки чӣ ҳангоми пардохтани маблағи муайян ройгон 4 ҳуқуқ дода мешавад: ҳуқуқи истифода, ҳуқуқи таҳрир кардани барнома (чунки асосаш низ дастрас аст), ҳуқуқи тақсим кардани барнома ба дигарон ва ҳуқуқи тақсим кардани барномае, ки такмил дода шудааст.

Ин (ҳуқуқи чорум) ҳамзамон кафили ҳифзи ҳуқуқи ҳамон муаллиф аст. Дар ин ҳолат ҳам масъулият аст, ҳам ҳуқуқ. Бино бар ин, вақте ба фазои онлайнӣ медароем, ҷамъи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба ҳам муросо мекунанд ва ба ҳар як корбар имкони истифода бурданро медиҳанд. Дар ин ҳолат дигар ҳуқуқҳо фарогир мешаванд. Масалан, ҳангоми истифода бурдан аз сайтҳо ва сарчашмаҳои гуногуни чандрасонаӣ (ЮТЮБ, расона ё шабакаҳои иҷтимоӣ).

Асомиддин Атоев, акс аз махзани шахсӣ

Яъне, маълум, ки мо дар онҳо ҳам ҳуқуқи корбарӣ дорем ва ҳам масъулияти корбарӣ. Масалан, дар ЮТЮБ мо на танҳо аз махзанҳои мавҷуда истифода бурда метавонем, балки ройгон аз видеоҳои эҷодкардаи худ низ дар ЮТЮБ -канал гузошта метавонем. Ҳамзамон агар хоҳем, ки матлаби мо бозоргир барояд, дар доираи риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ амал намудан лозим аст.

Фарз кардем, агар видеои муайянро шумо гузоштед, ЮТЮБ пешниҳод мекунад, ки бо истифода аз афзори ЮТЮБ онро санҷида ё аудит карда бинед, ки то чӣ андоза дар ҳудуди меъёрҳои байналмилалӣ ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ риоят шудааст. Пас аз санҷиш агар ҳуқуқ риоят нашуда бошад ё муаллиф дигар бошад, ЮТЮБ ҳамон қисмати матлабатонро хомӯш мекунад.

– Дар дунёи имрӯз талошҳо барои пешгирӣ аз поймолсозии ҳуқуқи муаллифӣ дар чӣ сатҳ аст?

– Дар сатҳи ҳуқуқи байналмиллалӣ раванди дигаре мавҷуд аст, ки «копилефт» («copyleft ») ном дорад. Формати бисёр маъмуле, ки ба копилефт монанд аст, ин «креатив коммонс» («Creative Commons») аст. «Креатив коммонс» ё эҷодкории дастраси умум, 6 намуд литсензия дорад. Дар асоси инҳо вақте шумо матлаби худро месозед, бояд ҳамон ҳуқуқҳоеро, ки аз муаллиф гирифтед, ба дигарон низ тақсим кунед. Он ҳар як корбари оддиро эҷодкори имконпазир мешиносад ва қабул дорад.

Дар мавриди «копирайт» фарзияе ҳаст: ҳар як корбари оддӣ қонуншикани имконпазир буда метавонад. Яъне, аввал ин ки ман ҳуқуқ надоштам, ки ҳамон нусхаро ба шумо диҳам, фурӯшам ва ё туҳфа кунам. Ё ки шумо маҷбурӣ аз ман гирифтед дар компютер насб кардед. Яъне, ҳардуи мо ҳам ҳуқуқи литсензиониро вайрон ва ё поймол намудем. Барои ҳамин мегӯянд, ки дар ҳудуди копирайт ҳар корбари оддӣ метавонад, шиканандаи қоида ва вайронкори шартҳои литсензионии имконпазир ва ё ба истилоҳ потенсиалӣ бошад.

– Ҳамин дард ё доғ, яъне, поймолсозии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар майдони эҷодкории Тоҷикистон кам аст ё зиёд?

– Вобаста ба Тоҷикистон ҳаминро бояд гӯям, ки дар мо бештар меъёрҳои ҷамъиятӣ дар истифодаи моликияти зеҳнӣ таъсиргузор мебошанд. Яке аз масалҳои сӯзандаи тоҷикии мо, ки «китобдуздӣ ҳалол аст», ба он оварда расонида аст, ки моликияти зеҳнӣ дар ҷомеаи имрӯза камтарин қадр дорад. Меъёри ҷамъиятӣ, ки чандон қадри моликияти зеҳниро намедонад, кунун дар фазои онлайнӣ татбиқ шудан дорад. Аз ин рӯ, дар макотиби олии кишвар ҳангоми навиштани кори курсӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои таҳсилотӣ ба осонӣ метавонанд аз махзанҳои гуногуни интернетӣ нусха бардошта, ҳамчун моли худ супоранд.

Ҳамин камбудӣ ё доғ боиси он гардидааст, ки мо мавқеъ ё имконияти миллии худро дар фазои онлайнӣ маҳдуд мекунем, чунки одат кардаем. Ин одатро дар матлабҳои рӯзноманигорон ва олимон низ мебинем, ки дидаву дониста ва бидуни истинод ба муаллиф, навиштаҳои якдигарро дар матолиби худ истифода мебаранд. Яъне, диду андешаи шахси дигарро ҳамчун моли худ муаррифӣ мекунанд. Ифшогариҳои ДИССЕРНЕТ далел аст, ки бо дуздидани моликияти зеҳнӣ метавонанд соҳибунвон шаванд ва ба мартабаҳои илмӣ бирасанд.

– Дар мавриди тарҷума ё дубляжҳо дар шабакаҳои телевизионии кишвар чӣ назар доред? Оё эҳтиром ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мушоҳида мешавад?

– Бештари вақт телевизионҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷа эфирро бо тарҷумаи кинофилмҳо пур мекунанд, чандон ба моликияти зеҳнӣ арҷ намегузоранд. Роҳҳои пешгирӣ ин паймонҳои байналмилалиест, ки Тоҷикистон узви онҳост. Хусусан, баъди ворид шудан ё узвият ба Созмони Ҷаҳонии Савдо. Ҳастанд шартҳое, ки Тоҷикистон бояд қонунгузорияшро ба он мутобиқ гардонад, минҷумла қадр намудан ё арҷ гузоштани моликияти зеҳнӣ. Вақте моликияти зеҳнии касеро поймол мекунем, ин танҳо поймол кардани ҳуқуқи ӯ нест, балки ҳуқуқи ояндаи худро ҳамчун эҷодгар маҳдуд ва поймол мекунем. Ва дар ояндаи он намеандешем, ки ин аъмоли мо барои фарзандон ва шогирдон чӣ асар мегузорад?…

– Муаллиф маҳсули меҳнаташро дар куҷо ва чӣ сон аз санҷиш ё қайд мегузаронад?

– Яке аз роҳҳои дар ҳаёт ва дар амал татбиқ кардани меъёрҳои қонунгузории милливу байналмилалӣ ин аз худи муаллифон бармеояд. Ҳар муаллифе, ки мехоҳад матлабаш қадр шавад, бояд аз дафтари Бюрои патентии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо патент бигирад, яъне, аз қайд гузаронад. Дар ин сурат матлаби муаллиф аз санҷиш мегузарад, ки то кадом андоза худи ӯ ҳуқуқи моликияти зеҳниро риоят кардаву арҷ гузоштааст. Аз як ҷониб санҷиш ё аудит шавад, аз сӯйи дигар бо гирифтани патент муаллиф даъво пеш меорад, ки матлаб аз ӯст ва мабодо андешаҳояшро касе бидуздад, ба осонӣ исбот карда метавонад. Агар шумораи чунин муаллифони воқеӣ зиёд шавад, қадри моликияти зеҳнӣ низ меафзояд. Ҳамзамон ин ягона роҳ барои ҳифзи моликияти зеҳнии худ нест ва муаллифон метавонанд аз дигар роҳу воситаҳо низ истифода бубарад.

Акси мавзӯӣ аз сомонаи chinalawtranslate.com

Агар ҳар як кори курсӣ ё дипломии донишҷӯ ва ё рисолаи илмии устодон аз барномаи махсуси антиплагиат гузаранд, дар он сурат шаффофият пайдо мегардад ва ҳам муаллифон ҳавасманди он мешаванд, ки барои поймол намудани ҳуқуқи дигарон роҳ надиҳанд ва ҳам эҳтиром ба моликияти зеҳниро аз ёд набаранд.

Дар мактабҳои миёнаи умумӣ меъёреро ба вуҷуд овардаанд, ки масалан, ҳар як устод агар мехоҳад категория (дараҷа) бигирад, бояд ҳатман дар матбуоти даврӣ мақола чоп кунад. Намедонам, ки то чӣ ҳадд ин дуруст аст, лек хуб мешуд, ки ҳангоми чопи он мақолаҳо ҳифзи моликияти зеҳнии муаллифони аслӣ яке аз авлавиятҳо мебуд. Зеро бештари ин мақолаҳо ё бе ягон далел навишта мешаванд, ё таҳлили дурусту арзиши илмиву оммавӣ низ надоранд. Дар ин сурат низоми маориф, ки худ сарчашмаи асосии эҷоди моликияти зеҳнист, метавонад таъмини ҳифзи моликияти зеҳниро ба роҳ монад. Механизмаш аллакай вуҷуд дорад ва мушкиле нест.

– Перомуни аноним ё имзоҳои гумном дар интернет диди шумо чист?

– Воқеан, яке аз мушкилоти дигар дар муносибатҳои интернетӣ, ин аноним ё тахаллусҳои мустаор аст. Ҳангоми дар интернет фаъолият кардан бештари корбарон метавонанд гумном ё аноним бошанд. Гумномӣ чунин эҳсосотеро фароҳам меорад, ки гӯё ҳар коре мекунанд, касе аз он огаҳ намешавад, аммо як чиро фаромӯш накунед. Ҳар касе вориди сайт ва ё сомонаҳои интернетӣ мегардад (ба воситаи VPN ҳам бошад!!!), изи рақамияш гузошта ва ё сабт мешавад. Ин дар ҳолест, ки муайян ё дақиқ намудани шахси воқеӣ сад дарсад имконпазир аст, гарчанде мушкил ҳам бошад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодабарӣ аз реҷаи гумном, хуб мешавад, боз ҳам ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ ҳамчун эҷодгари моликияти зеҳнӣ ба ин меъёр арҷ ё эҳтиром гузошта шавад. Қадр намудани моликияти зеҳнӣ осон аст, агар тафаккури мардум тағйир дода шавад. Яъне, азиз ва пос доштани ҳуқуқи худи инсон ин масъулият низ ҳаст. Ҳатман ҳар чизе менависед, бояд истинод биёваред ва ба манобеъ такя занед.

Бо ин масъулият ба дигарон низ ишора менамоям, ки ҳуқуқи маро низ ҳамчун муаллиф қадр кунед. Яъне, ҳуқуқи ман низ ҳамчун муаллиф бояд поймол нагардад. Агар ҳамин формулаи одӣ ба тафаккури ҷамъиятӣ (аз ҷомеаи эҷодкорон оғоз карда) ҷо бигирад, ба осонӣ метавонем меъёрҳои моликияти зеҳниро дар ҷамъият ҷорӣ кунем ва дар ҷаҳони онлайнӣ низ риоят намоем ва аз онҳо бештар баҳра бубарем.

Мусоҳиб Нуралӣ Давлат

Асомиддин Атоев коршиноси масоили ТИК (технологияҳои иттилоотӣ  -коммуникатсионӣ) барои рушд, ба шумули таҳкими фарҳанги ҳифзи рақамӣ ва пешгирии экстремизми хушунатомез дар онлайн буда, ҳамчунин, ҳоло ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи КиберСАР дар минтақаи АвруОсиё фаъолият мекунад.

Номбурда ҳаммуаллифи як қатор тадқиқотҳо доир ба омодагии электронӣ, амнияти сайберӣ, ТИК барои рушд, пахши рақамӣ ва танзими соҳаи телекоммуникатсия, телевизион ва радиошунавонӣ, танзим ва худтанзимкунии муҳтавои онлайнӣ мебошад.

А. Атоев магистри илмҳои компютерӣ (соли 2000, Донишгоҳи Салфорд, Британияи Кабир), магистри илмҳои дақиқ (соли 2010 год, Донишгоҳи Манчестер, Британияи бузург) доир ба ТИК барои рушд, стипендиати Барномаи байналмилалии International Policy Fellowships 2004/2005 Маркази омӯзиши Сиёсат (Донишгоҳи Аврупои Марказӣ) аст.

Дар татбиқи масоили ТИК дар амал ва дар сатҳи сиёсӣ дар Тоҷикистону минтақа фаъолона ширкат мекунад.

А. Атоев муаллифи як қатор мақолаҳо доир ба ТИК барои рушд ҳамчун афзалият дар таъмини амнияти барномаҳои озоду боз барои истиқлоли технологӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, ҳукумати электронӣ ва иштироки электронӣ мебошад.

Skip to toolbar